Бахшҳо
23 сен 2011 05:42Сиёсат

Кӣ дар Тоҷикистон сиёсатро тиҷорат мекунад?

Дар Тоҷикистон чун давлати демократӣ расман 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолият доранд. Фаъолияти муассири аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон ба манфиати давлату ҷомеа буда, барои рушди давлат метавонанд ёрӣ расонанд.


Дар ин бора Сӯҳроб Шарипов, раҳбари маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон (МТС) зимни баргузории мизи мудаввар оид ба мавзӯи "Танзими ҳуқуқии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иштирок занон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон" зикр намуд. Ба бовари номбурда ошкор намудани мушкилот ва пешниҳоди роҳи ҳал барои бартараф намудани норасоиҳои ҳукумат яке аз хусусиятҳои аслии фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Вале мутаасифона, дар ин авохир аҳзоби мухолифи Тоҷикистон ба гурӯҳи интиқодгаро мубаддал гардида, пешниҳоди хубе надоранд. Дуруст аст, ки имрӯз ришвагирӣ ва маҳалгароӣ дар сатҳи сиёсии Тоҷикистон авҷ гирифтааст ва аз ин мухолифон низ зиёд мегӯянд. Аҳзоби мухолифи Тоҷикистон дар ни бобат бештар ба интиқод машғуланд. Барои бартараф намудани ин мушкилот ҳукумат чораҳои фаврӣ андешида, ҳамасола маблағҳои зиёдеро харҷ мекунад.

"Шахсан ман аз ин раванд дар ташвишам. Дар сурати идомаи ин вазъият дур нест замоне, ки дар ҷомеаи мо сиёсат ба як хоҳиши гаронарзиш табдил ёбад. Мо ҷонибдори ин гуна рушди сиёсат нестем. Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо аҳзоби сиёсии кишвар бояд талош варзад то ин равандро аз байн бубарад. Беҳтар мебуд агар Тоҷикистон дар ин маврид аз таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода бубарад. Бигузор ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти дигар аҳзоби сиёсиро низ дастгирӣ намояд"- мегӯяд Сӯҳроб Шарипов. Раҳбари МТС бар ин назар аст, ки дар сурати тағйир надодани вазъият метавон гуфт, ки аҳзоби мухолифи Тоҷикистон ба як низоми худкома табдил меёбанд.

Зимнан Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии "Диалог" ва иштирокдори дигари мизи мудаввар аз ошкорбаёнии Сӯҳроб Шарипов истиқбол намуда, мегӯяд, вақте як таҳлилгари аслии дастгоҳи ҳукумат аз минбаре мавҷудияти фасоду маҳалгароиро эътироф кард, ин падидаи мусбат аст. Зеро ин маънои онро дорад, ки аъзои ҳукумати Тоҷикистон дарки хатари маҳалгароиву фасодзадагиро дар сатҳи болоӣ эҳсос кардаанд. "Сухан намудани Сӯҳроб Шарипов аз мавҷудияти фасодзадагиву маҳалгароӣ дар Тоҷикистон, маънои онро дорад, ки ҳукумати кишвар ба воқеият иқрор шудааст. Сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон ҳам атрофи маҳалгароиву фасодзадагӣ чарх мезанад. Ҳукумат имрӯз барои аз байн бурдани ин мушкилот талош наварзад, пас воқеан машғул шудан ба сиёсат барои ҷомеаи кишвар ба як хоҳиши гаронарзиш табдил ёбад, агар то ба ҳол мубаддал нагардида бошад. Зеро алакай ба сиёсат афроде ворид мешаванд, ки ба арзишҳои ғайр арҷ мегузоранд"- илова намуд раҳбари маркази таҳлилии "Диалог".


Тиҷорати сиёсат ба амнияти давлат хатар дорад


Дигар барои ҳукумати Тоҷикистон афроди дорои моликияти зеҳнӣ ва дониши сиёсӣ қариб, ки қадр надорад. Имрӯз хоҳишмандони тасодуфӣ бо маблағи муаяйне вориди сиёсат мешаванд, ки монеаи вориди шаҳрвандони оддӣ ба сиёсат мешаванд. Машғулияти "тоҷирон" ба сиёсат ба амнияти ҷомеа ва давлат хатари бузург дорад. Зеро "тасодуфиҳо" дар ҳар лаҳза метавонанд андешаву мавқеъи худро дигар намоянд. Бо ин роҳ ҷомеаи Тоҷикистон рушд намеёбад. Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, то низоми наверо ба вуҷуд орад, зикр намуд Ҳикматулло Сайфуллозода. Дар ҳамин маврид коршинос Файзиниссо Воҳидова бартараф намудани мушкилоти фасодзадагиву маҳалгароиро дар Тоҷикистон бо ҳузури аъзои ҳукумати имрӯза баъид медонад. Ба бовари вай феълан дари сиёсат дар Тоҷикистон пӯшида буда, калиди он ҳам дар дасти як нафар аст. Пеш аз ҳама бояд ба инобат гирифт, ки то чӣ андоза дар Тоҷикистон фазои озоди сиёсӣ вуҷуд дорад, ки ҳар як нафари дорои молиякияти зеҳнӣ ва иродаи сиёсӣ тавонад вориди сиёсат шавад. Ин тавр нест. Дар ҷомеаи мо сиёсат бо ишораи як нафар сурат мегирад. Вақте раисҷумҳур ишора ба чизе мекунад, сиёсати мо як каме ба ҷунбиш меояд.

Эътирозу ошкорбаёнии Сӯҳроб Шарипов худнамоии ҳукумат аст?


Файзиниссо Воҳидова дар робита ба ошкорбаёнии Сӯҳроб Шарипов роҷеъ ба норасоии ҳукумат мегӯяд, ки ин танҳо хок пошидан ба чашми мардум аст. "Воқеан имрӯзҳо Сӯҳроб Шарипов ба яке аз мунтақидони давлат табдил ёфтааст. Аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон ягона нафаре аст, ки кушоду возеҳ аз ноӯҳдабароиҳо ва сиёсати пешгирифтаашон ҳарф мезанад. Аммо тамоми сару садо бенатиҷа буда, тағйироте низ ба вуҷуд намеояд. Пас, метавон хулосабарорӣ намуд, ки ошкорбаёнии Сӯҳроб Шарипов як амали тарҳрезишудаи ҳукумат аст ва бо ин роҳ ҳукумати Тоҷикистон ба худнамоӣ машғул аст" илова намуд ҳуқуқдони тоҷик. Ҳамсӯҳбатам мутақоид аст, ки суханҳои Сӯҳроб Шарипов барои ҳукумат қадре надорад. Дар сурати ғайр ҳукумат дар робита ба нигарониҳои раҳбари МТС ҳатман мавқеъгирӣ мекард. Аммо ин мушкилот танҳо хоси Тоҷикистон нест. Бояд зикр намуд, ки ба тиҷорат табдил ёфтани сиёсат дар тамоми кишварҳои дунё ба мушоҳида мерасад. Имрӯз дар давлатҳои абарқудрат низ паси андешагарон ва лоббиҳо маблағи ҳангуфт меистад. Машғулият ба сиёсат ба як бозори сиёҳ табдил ёфтааст. Дар ин маврид Тоҷикистон истисно нест ва шояд сиёсати ҳукумати мо низ дар асоси тасмимгириҳои як гурӯҳи хурд бошад. Аз ин хотир на ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд вориди сиёсат шаванд, мегӯяд Файзиниссо Воҳидова.

Дар ҳамин ҳол Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани мили сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, то ҳарчи зудтар дурнамои сиёсии хешро иваз намояд. Зеро дурнамои ҷо ба ҷо намудани кадрҳо исбот намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бунбаст қарор дорад.

"Тибқи мушоҳидаву воқеиятҳо дар ҷомеаи мо давоми 1 соли охир вазифаҳои калидӣ, ки бояд 1 рӯз бидуни ҷойгузин набошад, бе роҳбар қарор доранд. Ин маънои онро дорад, ки дурнамои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди таъин намудани мансабдорон бояд иваз шавад. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъин намудани раҳбар ё муовине ба мақомоти кишвар бояд фаротар аз маҳалу сатҳи молӣ назар бикунад", зикр намуд Абдуғанӣ Маҳмадазимов. Ба бовари номбурда ҳукумати Тоҷикистон имрӯз дарк кардааст, ки бо авлавият додан ба маҳалу маблағ давлатдорӣ устувор буда наметавонад. Албатта ҳоло мо наметавонем бигӯем, ки дар оянда ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи кадом дурнамо ба ҷо ба ҷокунии мутахасисон машғул мешавад. Беҳтар мебуд агар ҳукумати кишвар тариқи озмуни шаффоф тими худро интихоб намояд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки фасодзадагӣ ва маҳалгароӣ танҳо хоси ҳукумати Тоҷикистон аст. Аҳзоби сиёсии кишвар, мардуми Тоҷикистон ба бемории маҳалгароӣ мубтало гардидаанд, мегӯяд Абдуғанӣ Маҳмадазимов.

Бо ин ҳама коршиносон бар ин назаранд, ки аз байн бурдани фасодзадагиву маҳалгароӣ дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон, ғайри имкон аст. Зеро ба бовари таҳлилгарон низоми давлатдории Тоҷикистон маҳз бо "арзишҳои" мазкур бунёд ёфтааст. Дар сурати аз байн бурдани фасод ва маҳалгароӣ дар сатҳи ҳукуматӣ метавон гуфт, ки низоми давлатдории феълӣ аз байн меравад. Аз ин хотир тамоми талоши ҷомеа ва ба хусус ҳукумати Тоҷикистон барои аз байн бурдани ду мушкилот бе натиҷа хоҳад буд. Чунки ҳукумати имрӯза наметавонад арзишҳои қаблии худро аз байн бубарад. Ба сифати далел коршиносон аз машғулияти афроди ба мансабдорон наздик дар мақоми дигари калидӣ мисол меоранд. Ба бовари онҳо бо ин далел имрӯз дар сиёсати Тоҷикистон афроди тасодуфӣ аз қабили фарзанд, хешу пайвандон ва ҳаммаҳалҳои раҳбарон фаъолият доранд, ки ин барои устувор намудани низоми давлатдорӣ хатар дорад.

Дар ин маврид коршиносон аз тақдири сиёсати хешутабории Қурмонбек Боқиев мисол оварда, фаъолият доштани аъзои як хонаводаро сари мансабҳои баланд коршиносон амали нодуруст мешуморанд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд талош варзад то барои мардум ва ё гурӯҳҳои дигар намуна бошад. Бояд гуфт, дар замони шӯравӣ кам андар кам ду аъзои як хонавода мансаби баландпояро соҳиб мешуданд.

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)