9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии исломии Эрон аз қатори давлатҳои ҷаҳонӣ яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф кард ва дар муддати кӯтоҳтарин намояндагии худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ кишвари Эрон бо вуҷуди пурра шинос набудан ба вазъи дохилии кишвар барои мусоидат кардан ба муътадил шудани вазъияти сиёсии Тоҷикистон ором-ором кӯшишҳо ба харҷ дод ва баъдан барои мулоқоти босамари ҷонибҳои даргир дар хориҷа ва имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар Маскав саҳми беандозаи худро гузошт. Агар нахустин сафари расмии президент Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Эрон моҳи июли соли 1995 "пардаи" нобоварии ҷонибҳоро аз байн бардошта бошад, пас мулоқот ва дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Алиакбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ дар баҳори соли 1997 (қабл аз имзои Созишномаи сулҳ) ба муносибатҳои самимӣ миёни ду давлати соҳибистиқлол такони ҷиддӣ бахшид.
Аз нигоҳи мутахассисон ҳукумати Эрон барои нигоҳ доштани сулҳи тоҷикон бо ҳар ду ҷониб муносибати мувофиқро ба роҳ монда барои фишор наовардани эҳтимолии ҳукумат ба фаъолияти озоди ҲНИТ аз як тараф ва робита барқарор накардани намояндагони ҲНИТ бо гурӯҳҳои минтақавии ифротгаро ва терроризми байналмилал аз тарафи дигар мусоидат кардааст.
Баъди дар ҷомеаи Тоҷикистон мавқеъ пайдо кардани ҲНИТ ҷониби Эрон бо шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамкории бештарро бахусус дар соҳаи иқтисодиёт ҷорӣ намуд. Дар ҷараёни сохтмони роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб ширкатҳои эронӣ фаъолона иштирок карда бунёди вокзали замонавии "Кӯлоб" ва дигар иншоотҳои ин роҳро анҷом доданд.
Моҳи сентябри соли 2004 президенти Эрон Саид Муҳаммад Хотамӣ дар шаҳри Душанбе изҳор кард, ки ҷониби Эрон бо пардохти 250 миллион доллари ИМА сохтмони НБО Сангтӯдаро ба анҷом мерасонад. Ин изҳорот ба он мусоидат кард, ки моҳи октябри ҳамон сол президенти Русия В.Путин ба Душанбе бо Созишномаи ғайричашмдошт оид ба анҷом расонидани сохтмони НБО Сангтӯда-1 биёяд.
Ибтидои соли 2003 роҳбарони се кишвари форсигӯ Эмомалӣ Раҳмон, Саид Муҳаммад Хотамӣ ва Ҳомиди Карзай созишномаи сеҷонибаро ба имзо расониданд, ки тибқи он сохтмони шоҳроҳи байналмилалии автомобилӣ бо хатсайри Панҷи поён-Шерхон-Қундуз-Мазори Шариф-Ҳирот бо баромадан ба сарҳади Эрон (бидуни убури ҳудудҳои ?збакистон ва Туркманистон) ба нақша гирифта шуда буд. Ҳамчунин ҷониби Эрон барои иштирок дар коркард ва истихроҷи кони урани Тоҷикистон, тариқи роҳи оҳани Эрон интиқол додани хокаи глинозем барои эҳтиёҷоти корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ва масолеҳи тайёри корхонаи мазкур ба Теҳрон, инчунин ширкат дар бозсозии фурудгоҳи маъруфи "Айнӣ" таваҷҷуҳ зоҳир карда буд. Умуман то соли 2004 миёни Тоҷикистон ва Эрон зиёда аз 50 созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар риштаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо баста шуд. Соли 2002 миёни вазорати маорифи Тоҷикистон ва вазоратхонаи Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тибқи он мубодилаи ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯён, таъмини ёрона ба донишҷӯёне, ки таҳсилро дар магистратура ва ё аспиратура идома медиҳанд, омода намудани мутахассисон ва гузаронидани семинару конфронсҳо дар назар дошта шуда буд. Теҳрон метавонист дар ҳамкорӣ бо Русия нақшаҳои иқтисодии худро бо истифода аз технологияи русӣ ва маблағгузории эронӣ дар Тоҷикистон амалӣ мекард, вале ин нақшаҳо бо сабабҳои гуногуни объективӣ ва субъективӣ амалӣ нашуданд, гузашта аз ин муносибати Тоҷикистон бо Русия сард гашт.
Бо вуҷуди ҳамин ҷониби Эрон соли 2010 65,5 млн. доллар ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 97, 4 миллион доллар ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, айни ҳол дар мамлакат 150 корхона бо маблағҳои кишвари Эрон фаъолият мекунанд. Сохтмони нақби Анзоб бо ҷалби зиёда аз 41 миллион доллари ИМА, (аз ин маблағ 10 милл. доллар ҳамчун кӯмаки бебозгашти Эрон мебошад) ва сохтмони НБО Сангтӯда-2 бо ҷалби 340 миллион доллари ИМА аз бузургтарин лоиҳаҳои инвестсионии Эрон дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ояндаи наздик филиали яке аз донишкадаҳои олии технологии Эрон дар Душанбе ифтитоҳ хохад ёфт. Ширкати эронии "Сангоб" пас аз анҷоми сохтмони НБО Сангтӯда-2 (бо ҷалби 320 миллион доллари ИМА, 180 миллион доллар ҳисаи Эрон) ба сохтмони НБО дар рудхонаи Зарафшон бо иқтидори 170 мегаватт нерӯи барқ ва бунёди НБО Нуробод-1 ва Нуробод-2 дар дарёи Сурхоб азм дорад.
Агарчи Эрон ҳамчун абарқудрати минтақавӣ эътироф шудааст ва барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамсуд, ҳамзабон, ҳамдин ва дорои тамаддун ва фарҳанги муштарак боқӣ мемонад, Душанбе то ба ҳоло боэҳтиёт ба ин кишвар муносибат мекард, зеро Душанбе намехост муносибатҳои бо Эрон доштааш барои гуфтугӯ ва ҳамкорӣ бо дигар абарқудратони ҷаҳонӣ халал ворид кунад. Ҳузури ИМА дар минтақа ва таҳдидҳои пинҳонии дигар давлатҳои манфиатдор фаъолияти сиёсии Эронро мудом дар Душанбе суст мекарданд ва ҳамеша барои анҷом додани нақшаҳои азими иқтисодӣ садд мегузоштанд, гузашта аз ин аз чунин эҳтиёткорӣ ба Тоҷикистон ғайр аз ваъдаҳои хушку холӣ дигар манфиате намерасад. Ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон хатари терроризм ва паҳншавии маводи мухаддирро аз мушкилоти умумӣ унвон мекунанд. Ҷонибҳо мунтазам оид ба вазъи минтақа мубодилаи афкор карда барои таъмини амну осоиштагӣ дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон ба ҳамкориҳои судманди якҷоя даъват мекунанд. Тоҷикистон ва Эрон барои пешгирии хатари терроризми байналмилал аз ҷумла пешгирӣ аз хатари ҳаракати толибон кӯмаки бевоситаи худро расонида бо ин мақсад бо кишварҳои Русия ва Ҳиндустон ҳамкориҳоро ба роҳ монда буданд. Теҳрон ҳамон солҳо изҳор карда буд, ки агар толибон ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шаванд Эрон ҳатман ба Душанбе кӯмаки ҳарбӣ хоҳад расонд. Соли 1998 миёни Тоҷикистон ва Эрон ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки дар он махсусан қайд шудааст, ки ҳамкории ҳарбии Эрон ва Тоҷикистон ба ягон кишвари дигар хатар нахоҳад дошт. Дар паёми имсола президент Эмомалӣ Раҳмон Эронро шарики боэътимоди Тоҷикистон муаррифӣ карда буд. Ҳангоми ба истифода додани чархаи якуми НБО Сангтӯда-2 президенти Эрон доктор Маҳмуди Аҳмадинажод ба пуштибонии Эрон аз истиқлолияти Тоҷикистон таъкид кард, ҳамчунин дар бораи бо сӯзишвории нафтӣ таъмин кардани Тоҷикистон изҳори назар карда шуд. Дар баробари хушбинӣ аз ин изҳорот бояд эътироф кард, ки муносибатҳои Тоҷикистону Эронро имтиҳони сангин дар пеш аст. ИМА ва шарикони аврупоии он ба дӯстии Тоҷикистон бо Эрон назари нек нахоҳанд кард, дар ин миён муносибатҳои тезу тунд ва нохушоянди Русия ва кишвари ӯзбакистонро низ набояд сарфи назар намуд. Фишорҳои рӯирост ва ниҳонии ин кишварҳо метавонанд боиси амалӣ нагаштани нақшаҳои иқтисодӣ гарданд. Бинобар ҳамин набояд дар партави изҳороти доктор Маҳмуди Аҳмадинажод дар симои кишварҳои зикршуда душмани умумӣ сохт, барки бо амалӣ кардани дипломатияи воқеӣ ва дурбинона, амиқ дарк кардани ҳасосияти мавқеъ ва вақт аз имкониятҳои васеи кишвари Эрон ба манфиати Тоҷикистони азиз истифода бурд. Маҳз ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва муносибатҳои бештари бародарона, рафтуои бевиза ба кишварҳои ҳамдигар метавонад қартаи дар дасти дигарон бударо бо номи шиамазҳаб ва суннимазҳаб бекор кунад. Агар пайваст будан ба як риштаи илоҳӣ - дини Ислом наҷотбахши муносибатҳои ду кишвари ҳамзабон гардад он гоҳ ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад.
Акрами САНГ
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |