КАСАЛШАВИИ якбораи президенти қазоқ ва интиқоли ӯ ба Олмон якбора чанд мавзӯъро дар сиёсати кишварҳои Осиёи Миёна ба вуҷуд овард. Аслан ин мавзӯъҳоро дар минтақаи мо нав гуфтан ҳам имкон надорад. Жарфои масъала ба як чиз равона шудааст: дар сари қудрат то дер боқӣ мондани онҳо. Аз сӯи дигар масъала аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки ин падидаи сироятшаванда буда, аз яке ба дигаре мегузарад.
Анъанаи аҷиби дигаре низ ба назар мерасад. Аксари сарварони кишварҳои Осиёи Миёна маҳз дар Олмон мехоҳанд табобат гиранд. Тақрибан сарваре дар минтақа набуду нест, ки Берлин бо нияти табобат нарафта бошад. Ҳатто чанд сиёсатмадори мухолифи Тоҷикистон низ. Ёдатон бошад, ки ҳам Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳам Муҳаммадшарифи Ҳимматзода барои табобат Олмонро интихоб карда буданд. Вале аҷобати дигари масъала он аст, ки бар хилофи раҳбарони давлатҳо сиёсатмадорони дигар табобат намеёбанд. Суоле пайдо мешавад, ки чаро мухолифин тақрибан ба бемории табобатнашаванда гирифтор мешаванд?
Ҳоло аз баҳри ин мавзӯъ мегузарем, ҳарчанд он ба мавзӯи мавриди баррасии мо иртиботи бевосита дорад…
Президенти 71 -солаи қазоқро, ки беш аз 20 соли умрашро ба сифати сарвари ин кишвар сарф кардааст, ҳамин чанд рӯз пеш дар Гамбурги Олмон ҷарроҳӣ намуданд. Пас аз эълони хабари бемории ӯ мушовори сиёсиаш Ёрмуҳаммад Ертисбоев, ки ҳамеша бо андешаҳои зиду нақизаш маъруф аст, мавзӯи ворисият дар сиёсати Қазоқистонро матраҳ кард. ӯ гуфт, "дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда дар робита бо аз қудрат рафтани президент, маҳз Темур Қулибоев (домоди Назарбоев, ки раиси Бонки "Самрук-Казын" аст) метавонад сиёсати хусурашро идома бидиҳад. Зеро ӯ таҷрибаи олии раҳбарӣ дорад". Ин гуна иддаои мушовир амалан ба Қонуни асосии кишвар муғойир аст. Зеро тибқи талаботи Қонуни асосӣ дар ҳолати бо сабаби корношоямӣ аз мақом рафтани президент бояд раиси Сенат, спикери қабати болои парлумон раҳбарии мамлакатро ба ӯҳда гирад.
Ертисбоев ҳамчунин гуфтааст, ки ӯ барои пароканда намудани парлумони амалкунанда талош хоҳад кард ва бояд интихоботи нави парлумонӣ сурат бигирад. Ҳамчунин барои пайдо шудани бисёрҳизбӣ дар парлумон бояд раҳ кушод, гуфтааст мушовири сиёсӣ. Ва таъриф кардааст, ки идеяи ӯ дар Русия дастгирӣ ёфтаву ҳизби нави тоҷирон "Правое дело" -ро таъсис доданд. Чун иддаоҳои гуногуни сиёсии Ертисбоев доимо мавриди баҳсҳои гарм буд ва бенатиҷа намонд, интизор меравад ин андешааш низ "ҳамту" пайдо нашудаву дар зери худ ҳатман "ислоҳоти дигареро" дар пай доранд. Яъне интизор меравад, ки ба наздикӣ дар Қазоқистон мавзӯи ба қудрат интиқол додани домоди дуввуми президент ба масъалаи калидӣ табдил ёбад. Ҳарчанд, ҳамин чанде пеш буд, ки ин кишвар ба ном ислоҳоти сиёсиро баргузор карду боз ҳам Назарбоевро хилофи Қонуни асосӣ бори чандум дар қудрат монданд. Масъала вақте ҷиддитар гардид, ки ин иқдомро мехостанд на аз тариқи интихобот, балки ба воситаи раъйпурсии умумихалқӣ анҷом диҳанд. Дар натиҷа кишварҳои ғарбӣ ба ин амал вокуниши сахте нишон доданду ахиран Назарбоев маҷбур шуд аз тариқи интихоботи қабл аз мӯҳлат ба мавзӯъ "роҳи ҳал" ёбад. Ҳарчанд мегуфт ду соли раҳбарии худро бохтааст. Ҳоло бемориаш нишон медиҳад, ки дар ин маврид сухан на аз бохт бояд кушод.
Вале акнун мушовири президенти қазоқ мавзӯи хавфнокеро барои ин кишвар ба баррасӣ гузоштааст. Зеро дар соли 2006 домоди калонии ӯ Роҳат Алиев мавзӯи ба давлатдории монархӣ гузаштани Қазоқистонро пеш гузошт. Он замон гуфтанд, ки Роҳат бо ҳамин восита мехоҳад курсии хусури худро соҳиб шавад. Аввал ҳукумат ва худи домод ҳам инро инкор намуданд, аммо як сол ҳам нагузашту "проблемаҳои" Алиев оғоз шуданд. ӯро бо чандин ҷиноёти сангин, аз ҷумла куштор ва қасди тасарруфи ҳукумат дар ғайбаш маҳкум ба 40 соли зиндон карданд. Аммо собиқ домод, ки на танҳо аз мамлакат фирор кард, ҳоло аз оилаи худ низ маҳрум шудааст. Зеро Дариға Назарбоева аз тариқи як мактуб никоҳи бо ӯ доштаи худро бекор намуд. Алиев мегӯяд ин ҳама ба мавқеъгириҳои сиёсии ӯ марбутанду аз ӯ қасос мегиранд. Ҳадафаш низ аз эълони давлати шоҳигарӣ танҳо ба масхара табдил додану нишон додани воқеиятҳоест, ки дар Қазоқистон ҷо доранд.
Аз ин нуқтаи назар, тавре гуфтем, даъвои нав дар бораи президенти ояндаи бебаҳси кишвар эълон шудани домоди дуввуми президент метавонад хавфу хатареро ба вуҷуд биёрад. Ҳам ба ӯ, ҳам ба низоми давлатдорӣ, ҳам ба сиёсати минтақа.
Ба кишварҳои минтақа аз он ҷиҳат асаргузор шуданаш эҳтимол дорад, ки Тоҷикистон дар "ислоҳоти сиёсӣ" ҳамеша аз ӯзбакистону Қазоқистону Қирғизистони замони Акаев "илҳом" мегирифту мегирад. Масалан, аз тариқи раъйпурсиҳо тамдид кардани замони раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон маҳз пас аз иқдомҳои ҳамчунини ҳамтоёни осиёи миёнагиаш сурат гирифта. Пас, агар ин бор низ Қазоқистон институти ворисиятро роҳандозӣ кунаду домоди президентро ба ҷои ӯ таъин намоянд, Тоҷикистон низ чунин тасмим хоҳад гирифт?
Гӯё ки дар Осиёи Миёна Худованд ҳам намехост, ки президентҳо ба ҷои худ мисли марҳум Ҳайдар Алиеви озар писари худро ба қудрат биёранд. Зеро сарварони кишварҳо ё фарзанди писар надоранд, ё фарзанди калонашон писар нест. Каримову Назарбоев фақат духтар доранд. Фарзандони калонии Раҳмон низ духтаранд. Рустами Эмомалӣ ҳанӯз ба синну соли президентӣ мувофиқ нест ва дар соли 2020 низ ба ин меъёри қонун "дуруст" намешавад. Дар замина, кӯшиши президенти собиқи қирғиз барои ворис кардани писараш Максим ӯро на танҳо шарманда, ки аз курсии президентӣ маҳрум ва аз кишвар берун намуд. Яъне гӯё писарворисӣ хоси Осиёи Миёна нест. Пас интизор мешавем, ки Қазоқистон дар ин замина чӣ "ислоҳоте" роҳандозӣ мекунад?
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |