Бахшҳо
01 июл 2011 08:40Сиёсат

«Агар президент Раҳмон инро дарк карда бошад…»

Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори "Озодагон" бо журналисти маъруф, устоди донишгоҳи Гурҷистон Олег Панфилов. -   Олег Валентинович, дар бораи Тоҷикистон матбуоти Русия ба сифати як кишвари рӯ ба Ғарб сӯҳбат мекунад. Шумо, ки ба ахбор ва ҳаводиси мо таваҷҷӯҳи бештар доред, ба ин гуна  иддао розӣ ҳастед?


- Гуфтан мумкин аст, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳар гуна робита бо кишварҳои ғарбӣ ба як навъ рашк муносибат мекунанд. Ё аз рӯи принсипи "танҳо бо мо". Ҳарчанд, то ҷое, ки ман медонам, ҳамаи лоиҳаҳои иқтисодии Русия дар Тоҷикистон ё бебарор буданд, ё аз ҳаракат бозмондаанд. Дар ин сурат, Тоҷикистон мисли ҳар мамлакати дигари мустақил ҳақ дорад бо ҳар кишваре ҳамкорӣ намояд, ки ба ӯ лоиҳаҳои воқеӣ пешниҳод мекунад ва иҷрои муваффақи онҳоро ваъда медиҳад.  Фаъолият доштан аз рӯи принсипи русии "биёед ором, вале бепул дӯстӣ кунем" барои Тоҷикистон манфиате надорад. Инро фаҳмидан мумкин. Зеро кишвар дар бунбасти геополитикиву иқтисодӣ қарор гирифтааст. Ин ҳолат дар натиҷаи амбитсияҳои Кремлу Тошканд, вазъи Афғонистон ба миён омадааст. Биноан, Тоҷикистон маҷбур аст, ки шарикони воқеиро ҷустуҷӯ ва пайдо намояд. Муҳим нест, ки онҳо дар куҷоанд - дар Ғарб, ё Шарқ.
Албатта дар Душанбе дарк мекунанд, ки сиёсати бузургманишинонаи русӣ бисёр рашкин аст, вале ҳолати вуҷуддошта ин кишварро водор менамояд, ки дӯстони боэътимоди худро пайдо кунад.

- Дуруст аст, аммо хабарҳо низ ҳокӣ аз онанд, ки дар ин авохир омаду рафти намояндагони Ғарб ба Душанбе хеле зиёд асту раҳбарияти Тоҷикистон низ зуд - зуд меҳмони онҳо мегарданд.  Дар мо гуфтани ин мафҳумро, ки сиёсати хориҷии мо дар асоси дарҳои кушод бунёд шудааст, хеле дӯст доранд. Бовуҷуд, ҳатто дар зинаҳои раҳбарӣ низ иқроранд: мо "ҷанги иттилоотӣ" - ро бохтаем! Бархе аз коршиносон гуфтаанд, ки чунин сурат гирифтани кор, амри табиист, чун раҳбарияти феълӣ "насли пахта" -анд, на насли "hi-tech". Бар иловаи ин дар ин ҷабҳа Шумо боз кадом мушкилотро мебинед?


- Дар ин гуна ҳолатҳо ман андешаи радикалӣ дорам. Яъне бояд мисли Гурҷистон ба иқдомҳои маҳдудкунанда даст зад - ҳам дар соҳаи иқтисод, ҳам сиёсат ва ҳам иттилоотӣ. Дар ин кишвар ягон шабакаи хабарии телевизионии Русия фаъол нест. Аммо истифода аз шабакаҳои фароғативу маърифатӣ озоданд. Тифлис аз рӯзҳои аввали ҷанг бо Русия дар моҳи августи соли 2008 тасмим гирифт, ки аз таъсири хабарии русӣ озод шавад. Ин мавқеи дуруст аст. Аввалан, барои он ки таблиғи телевизионии Русия ягон пайванде бо озодии сухан надорад. Он тарғибу ташвиқ асту бас. Дуюм, шабакаҳои телевизионии русӣ бисёр талош доштанд, ки  мафкураи мардуми Гурҷистонро зери таъсири худ бигиранд. Ва ахиран, сиёсати иттилоотии шабакаҳои телевизионии Русия бисёр маҳдуд, яъне нимаҳақ аст.
Чунин мавқеъгириҳои ҳукумати Гурҷистон аллакай натиҷаҳои мусбати худро ба бор овард. Ин ҳам дар ҳоле, ки сиёсатмадорони русгаро дар ин кишвар нуфузу эътибор надоранд. Ҳатто  ба гирдиҳамоиву иқдомҳои мухолифини русгарои ҳукумати Саакашвили теъдоди бисёр хурди мардум ҳозир мешаванд.
Табиист, ки тағйири фазои хабарӣ насли ҷавонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ водор менамояд ва ҳоло дар Гурҷистон ҳамаи толибилмону донишҷӯён то андозае бо англисӣ ҳарф мезананд. Дар донишгоҳҳо, аз ҷумла донишгоҳе, ки ман дарс медиҳам, қисмати бештари дарсҳо бо англисӣ сурат мегиранд. Марказҳои омӯзиши забонҳои олмонӣ, итолиёвӣ, фаронсавӣ, арабӣ, форсӣ, туркӣ хеле зиёд шудаанд.  Албатта аз фазои русӣ комилан берун шудан душвор аст, аммо бояд донист, ки  ин шарт аст. Зеро, ба андешаи ман, забони муосири русӣ ба рушди ҷомеа мусоидат намекунад. Дуруст аст, ки русзабонҳо дар Гурҷистон ҳастанд, вале дар ин кишвар мактаб ва гуфтугӯ бо ҷаҳони берун тариқи забони англисӣ ва дигар забонҳои аврупоӣ сурат мегирад. Ҳоло мехоҳанд таҳқиқоте анҷом додаву забони муосири гурҷиро аз мафҳумҳое чун "пора", "садақа", "ба кор қабул кардан" ва дигарон, ки дар замони шӯравӣ аз забони русӣ ба гурҷӣ ворид шудаанд, тоза кунанд.  Фазои забонӣ тағйир меёбад, ки дар натиҷа менталитети мардум низ дигар мешавад. Ин фазо забони тозаи гурҷӣ ва байналхалқии англисиро ба вуҷуд меорад. Барои ин маҳдудсозии фазои забони русӣ нақши асосӣ бозид. Дурусттараш, маҳдудсозии фазои ахбории русӣ, ки дар заминаи сиёсати таҷовузкоронаи хабарӣ ба вуҷуд омада буд.

- Соли 2008, вақте "ҷанги панҷрӯза бо Русия" оғоз шуд, ба Шумо пешниҳод намуданд, ки дар Гурҷистон ба сифати "ҳимоятгари иттилоотӣ" ба кор биёед. Тоҷикистон барои Шумо кишвари бегона нест. Агар чунин пешниҳод аз сӯи раҳбарияти тоҷик гирифта мешуд, онро мепазируфтед? Ё шояд ягон шарту шароите доред, ки он дар Гурҷистон ҳасту дар Тоҷикистон не?


- Саволи аҷиб. Аҷобат дар он аст, ки ба ман касе иҷборан ин масъулиятро пешниҳод накардааст. Худам чунин тасмим гирифтам. Зеро беш аз 15 сол аст, ки ба омӯзиши тарғиботи русӣ ва ҷангҳои хабарӣ машғулам. Гурҷистон ҳини ҷанг ба ин саводи ман ниёз пайдо кард ва ман онро барои барҳам зада натавонистани ягона кишвари пасошӯравӣ аз ҷониби Русия  (Гурҷистон мехост аз империяи ғуломии Русия озод шавад) масраф кардам. Барои ин, "баҳри хидматҳои хос дар назди Ватан" ба ман шаҳрвандии Гурҷистонро доданд. Бовуҷуд, ман шаҳрвандии Тоҷикистонро то ҳанӯз ҳифз кардаам. Дар ҳоле, ки банда ҳич гоҳ шиносномаи русӣ надоштам. Яъне ба сифати шаҳрванди Тоҷикистон ман омодаам, ки ба ватани худ хизмат кунам. Албатта, агар чунин эҳтиёҷро эҳсос кунанд.

- Аммо маълум аст, ки барои ҳимояи дилхоҳ мамлакат дар фазои беруна омилҳои ватанӣ заруранд. Масалан, Саакашвили, ҳанӯз вақте дар аҳди Шеварднадзе  вазири адлия буд, ягона нафаре буд, ки ба нишони эътироз бар зидди ришвахорӣ истеъфо дод. Пас аз соли 2004, чун худаш ба қудрат расид, ин муборизаро авҷ дод. Барои Тоҷикистон кадом омилҳо муҳимтаранд, ки дар хориҷи кишвар ба ҳарфи мо бовар кунанд?


- Дар шароити феълӣ танҳо як омил барои бунёди давлати муосир муҳим аст - ирода ва хоҳиши элитаи сиёсӣ. Ба Гурҷистон аз кишварҳои пасошӯравӣ меҳмонони зиёде меоянд ва аз натиҷаҳои ислоҳот, хоса ислоҳот дар пулис, набудани ришвахорӣ ва азнавсозии идораи давлатӣ ба ҳайрат меоянд. Бисёриашон фаҳмида наметавонанд, ки ба чунин натиҷаҳо - барҳам задани БДА (ГАИ), дар чанд дақиқа  ба қайд гирифта тавонистани созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ, (рӯзномаҳоро бошад бидуни сабт фаъол кардан мумкин аст!) чӣ гуна даст ёфтан мумкин? Тибқи талаботи Қонуни асосӣ дар Гурҷистон ҳукумат наметавонад рӯзнома дошта бошад. Дар Кодекси ҷиноӣ ягон банде вуҷуд надорад, ки журналистонро мавриди пайгирӣ қарор бидиҳад. Ин иродаи сиёсии онҳоест, ки шаш сол пеш ислоҳотро оғоз намуданд. Натиҷаҳои ин ислоҳот ҳайратбарангезанд. Ҳамин рӯзи  шанбеи гузашта ман дар яке аз тарабхонаҳои Батуми шиноси худ - вазири ҳифзи муҳити зист Гогу Хачидзеро дидам, ки нақора  менавохт. Ҳамаи онҳое, ки дар тарабхона нишаста буданд, медонистанд, ки ӯ вазир асту 32 сол дорад. Аммо касе тааҷҷуб намекунад. Зеро дар Гурҷистон ҳукумат шаффоф аст. Вазирҳо бидуни муҳофиз, аксари вақт худашон дар сари чанбараки мошин мешинанд. ? барои худ ва дӯстонаш нақора менавохт. Чун нақоранавози хубест. Яъне, иродаи сиёсӣ вақте ҳосил мешавад, ки қонун барои ҳама якнавохт аст. Новобаста аз он ки ӯ вазир аст, ё коргари одӣ. Ана барои чӣ ҳайатҳои аз мамолики пасошӯравӣ ба Тифлис омада ин ҳамаро мебинанду ҳайратзада онро тарк мекунанд, аммо дар ватани худ роҳандозӣ намекунанд.

- Дар Тоҷикистон солҳо боз дар бораи ҳайати "ҳукумати нафақахӯрон" сӯҳбат мекунанд, аммо тағйироте намебинем. Мақомот мегӯянд, ки ҷавонон таҷрибаи раҳбариро надоранд. Дар Гурҷистон бошад аслан раҳбарии кишварро ҷавонон ба ӯҳда доранд. Ин омил ба фаъолияти ҳукумат чӣ таъсир мерасонад ва ба фикри Шумо "гвардияи кӯҳна" барои чӣ аз раҳкушоӣ ба насли ҷавон тарс дорад?


- Воқеан ҳам, дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ Гурҷистон ҷавонтарин ҳукумат дониста мешавад. Синни миёна - 30 -32, ҷавонтарин вазир - вазири кишоварзӣ Бакур Квезерели, 29 - сола аст. Онҳо ҷавононеанд, ки таҳсилоти худро дар Ғарб гирифтаанду менеҷерҳои сатҳи олианд. Принсипи асосии интихоб ба узвияти ҳукумат дар Гурҷистон ҳамин аст - менеҷер ва мутахассиси олӣ будан. Ягон омили дигар - хешутаборбозӣ, ҳамшаҳрчигӣ ва дигару дигарон нест. Бар иловаи ин Гурҷистон бисёр кишвари таҳаммулпазир аст. Ҳатто вазирони рустаборро  низ дар ҳукумати Саакашвили пайдо мекунед. Вазири маориф ва илм  Дмитрий Шашкин рус аст. Осетинтабор Александр Хетагури - вазири энергетика. Сафири ин кишвар дар Словакия - намояндаи арманиҳо Александр Налбандов, сафир дар Олмон - Габриела фон Габсбург - аз авлоди императории  Австрияву Венгрия аст.  Барои интихоби чунин одамон ду принсип ба назар гирифта мешавад- мутахассиси хуб будан ва донистани забони гурҷиву англисӣ. Тамом. Дарвоқеъ, ислоҳоти идораи давлатӣ дар заминаи ин сохта шуд, ки ҳамаи мансабдорони замони шӯравӣ аз курсии мансаб  дур карда шаванд. Зеро дар симои аксари онҳо ришвахориву бюрократияро мебинанд.

-  Саакашвили ба сифати вазири давлатии худ тоҷири рус Каху Бендукидзеро ба ҳукумати худ даъват намуд, ки маҳз ӯ барномаи хусусигардонӣ, либераликунонии иқтисод ва қонунгузориро таҳия намуд. Ба ин восита ба кишвар сармояи фаровон сарозер шуд. Дар Тоҷикистон низ як замон чунин кӯшишҳо анҷом гирифтанд. Аз ҷумла, агар дар хотир доред, соли 2004 президент Раҳмон як мушвоири иқтисодиро, агар иштибоҳ накунам, аз Хазинаи байналхалқии асъор (МВФ) даъват намуд.
Тибқи хабарҳо барои ӯ маоши баланде низ эълон шуда буд. Баъдан дигар ӯ омад, кор кард, ё не, ҳич кас намедонад. Ба ҳар сурат дар ин бора хабаре нест.  Ба фикри Шумо ҷалби хориҷиҳо ба ҳукумат то куҷо мушкилоти Тоҷикистонро коҳиш медиҳад? Чун гуфта мешавад, ба ин васила маҳалгароиву садоқатмандиро барҳам задан мумкин аст…


- Як чиз маълум аст: бо системаи кӯҳна ислоҳот анҷом додан ғайримумкин мебошад! Оё бо ранг кардани бино ҳолати он иваз мешавад? Каха Бендукидзее, ки Шумо мисол овардед, як кори асосӣ кард: шеваи иқтисодии шӯравиро тахриб намуд, моликияти шахсиро эҳё ва барои пайдоиши синфи миёна асос гузошт. Бидуни ин омилҳо  рушди иқтисодиёти мусоир номумкин мебошад. Ҳич як мушовир наметавонад вазъро дигар кунад, агар система кӯҳна аст. Системаи кӯҳна бошад аломатҳои хоси худро дорад. Масалан дар Гурҷистон Шумо наметавонед портретҳои президентро дар кӯчаҳо вохӯред. Худи Саакашвилиро бошад дар тарабхона ё қаҳвахона зимни мулоқот бо дӯстонаш вохӯрдан имкон дорад. Вазирон аз ҷумлаи насли ҷавон ва бидуни муҳофиз, мамлакат хурд ва ҳама якдигарро мешиносанд. Ягон кори бад кардан акнун шармандагист. Шармандагӣ барои тамоми Гурҷистон!

- Ба ғайр аз он чи ки гуфтед, аз "ретсепти гурҷӣ" Тоҷикистон боз чӣ барои худ гирифта метавонад?


-  Он чи ки ҳукумати Гурҷистон ва Каха Бендукидзе мекунад ин қисми таркибии рушди маърифати муосир аст. Аз рӯи барномаи махсус Гурҷистон маблағи омӯзиши 200 ҷавонро дар донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон пардохт мекунад ва ба ин васила рушди маорифи худро таъмин мекунад. Донишгоҳҳои мо аз рӯи меъёрҳои ғарбӣ фаъолият мекунанд. Яъне меъёр дигар ришваву фасод несту аз ин рӯ беҳтаринҳо ба донишгоҳ ворид мегарданд. Дар айни замон маориф комилан пулакист ва ин барои сифати беҳтари соҳа ва роҳати устодон мусоидат мекунад.
Бешак эҳёи давлатдорӣ бисёр муҳим аст. Новобаста аз он ки Гурҷистон кишвари халқу халқияти зиёд аст, ҳама - арманиҳо (5% аҳолӣ) озариҳо (6,5%), русҳо (1,5%), ва украинҳову литвониҳову полякҳову олмониҳо ба Гурҷистон чун ватани худ муносибат мекунанд. Давлат низ ба онҳо чунин муносибатро раво мебинад. Пас аз он ки аввалин натиҷаҳои ислоҳот маълум шуданд, ҳама бо ифтихор мегуфтанд: Мо тавонистем беҳтар аз ҳама ватани худро созем!
Ин маънои онро надорад, ки Гурҷистон мушкилот надорад. Дар 15 сол кишвар 4 ҷангро пушти сар кард, ки дар онҳо Русия даст дошт. Ин ҳолат боиси муҳоҷирати зиёди мардум, иқтисоди заъиф гардид. Аммо ҳангоме, ки мо нигоҳи тааҷҷуббарангези меҳмононро ба ислоҳоти анҷомдодаи худ мебинем, мояи ифтихори мост. Аз ҳама муҳимаш пуштгардонӣ аз системаи шӯравист. Менталитети мардумро танҳо дар ҳоле иваз кардан мумкин аст, ки боқимондаи идеологияи шӯравӣ ва менталитети онро барҳам диҳем. Роҳи дигар вуҷуд надорад.

- Зимни суханронии худ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Остона президент Раҳмон таъкид намуд, ки солҳои охир дар баробари мушкилоти эҷоднамудаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, болоравии нархи  озуқаворию сӯзишворӣ ва офатҳои шадиди табиию техногенӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари нав - хатари иттилоотӣ - идеологӣ рӯ ба рӯ омадааст, ки ин хатар аз  терроризму ифротгароӣ  ва дигар таҳдидҳои байналмилалӣ ҷиддитар аст. Ин гапи наве нест. Ба ҳар сурат дар доираҳои коршиносии тоҷик ва ҷаҳон дар ин бора барвақттар мегуфтанд. Чаро ба фикри Шумо ҷаноби Раҳмон ин нуктаро маҳз имрӯз муҳим арзёбӣ мекунад?


- Ба назари ман раҳбарияти кишварҳои пасошӯравӣ ҳар иқдоме, ки мекунанд, ба он хотир аст, ки худро сафед кунанд.  Гурҷистон низ бӯҳрони иқтисодиро эҳсос намуд, аммо он ҳади ақалл аст, чун дар ин кишвар сиёсати дурусти иқтисодӣ роҳандозӣ шуда, менеҷерҳои хуб сари коранд. Он чи ки ба таҳоҷуми хабарӣ иртибот дорад, ман аллакай фикрамро гуфтам. Бовуҷуд, ман бисёр хурсандам, ки президент Раҳмон низ инро дарк кардааст. Фикр мекунам, барои Тоҷикистон "идеологияи экстремизм" на он қадар хатарнок аст, ки шабакаҳои телевизионии Русия хатар доранд. Ин ифротитар аз ҳар хатари дигар аст.
Ба андешаи инҷониб, бо таъқиб ва ҷустуҷӯи ифротиҳои афсонавӣ, ки бисёрии онҳо "эҷоди" КГБ -и шӯравист, вазъ беҳтар намегардад. Мубориза бо афсона доим ба хотири дур  кардани мардум аз масоили муҳимтар бофта мешаванд. Агар давлат сиёсати дурусти кор бо мардум ва  ҷомеаи шаҳрвандиро таҳия карда бошад, танҳо ба ӯҳдаи ҳукумат ҳалли мушкилоти иқтисодӣ боқӣ мемонад. Дар Гурҷистон низ эҳтимол ва тарси бурузи нифоқи байниқавмӣ пас аз ҷанги соли 2008 вуҷуд дошт. Вале, азбаски ҷомеа  байни Русияи кремлӣ ва русҳои одӣ фарқ мегузорад, ин хатар аз байн рафт. Яъне бояд Консепсияи ризоияти миллиро бо пешвоҳои воқеии дохилӣ таҳия намуд, на бо таъиноти мансабдорон. Бидуни ризоият дар ҷомеа, бе кӯмак, бидуни муколама ва баҳс чизеро тағйир додан мумкин нест. Агар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол набошанд, дар бораи пешрафту оромӣ ҳарф задан имкон надорад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)