Аммо бо вуҷуди ин ҳама мавзӯъи матлаби мо на аниқ кардани кушта шудан ё нашудани Усома ибни Лодан аст, балки дар ин мавод «муносибот»-и Ислом бо терроризмро, ки ба иддаои баъзе таҳлигарон, Амрико тавонист, ин амали сиёсиро ба Ислом бипайвандад, то ҳадде ки дар кишварҳои мусалмоннишини назири Тоҷикистон ин ғоя матраҳ шудааст, ба баҳс кашем. Дар ҳоле матлаб таҳия мешавад, ки баъзе таҳлилгарон ҳадс мезананд, бо кушта шудани Усома ибни Лодан Амрико тағйири масир дар тактикаи бархӯрдаш бо Ислом менамояд. Гарчанде ҳодисаи ахирӣ, албатта, аҳдоферо дар пай дораду бидуни «ҳикмат»-е нест, аммо суоли матраҳ ин аст, ки шоеъабофии Амрико нисбат ба рабт доштани Ислом ба терроризм то куҷо ҳақиқат дорад?
Ислом терроризм нест
Дар зимн Сайидаҳмади Қаландар, коршиноси умури динии кишвар мегӯяд, ислом бо террозим рабте надорад. Ӯ меафзояд: «Маънии форсии терроризм, ваҳмангезӣ, даҳшатафканӣ аст, бинобар ин зуҳуроти мазкур ҳеҷ гоҳ ба дине итлоқ намешавад. Террроризм амали гурӯ ҳие ҳаст, ҷиҳати пиёда кардани ғаразҳои доираи муайян.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки ағлаби сиёсатшиносон терроризмро яке аз ашколи эътирозоти ғайриқонунӣ ҷиҳати расидан ба аҳдоф медонанд. Ҳамчунин, ба қавли ин идда сиёсатшиносон, дар терроризм аз амалҳое кор гирифта мешавад, ки гуфтаи Макиавилли «сиёсат воситаро ҳақ мебарорад»-ро ба ёд меорад. Яъне дар ин раванд аз ҳама васоит истифода мешавад, то ҳадаф пиёда гардад.
Таърифҳои мазкур дар иртибот ба терроризм дар ҳолеанд, ки Сайидаҳмади Қаландар дар ташреҳи масъалаи дин мегӯяд: «Аслан маънии дин ба зимма гирифтани масъулият аст. Ин масъулият ҳамон масъулияти рисолати инсонӣ дар дунё аст, ки шоҳи тамоми махлуқоти дигар аст, то ҳадде ки ҳатто Инсонро Худованд дар «Қуръон» болотар аз малоик донистааст. Ҳаққи якдигарро ба ҷо овардан, амри илоҳиро риоя кардан, ба касе зарар нарасонидан, муҳитро обод кардан аз зумраи масъулиятҳоеанд, ки аз нигоҳи динӣ, инсон онҳоро ба дӯш мегирад. Ба назари таҳлигари фавқуззикр, Ислом низ чанд маънӣ дорад, ки якеаш осоиш ва оромиш аст ва дигаре таслим шудану сар фаровардан дар назди масъулият, ки соҳиби ин масъулият – дин Худост. «Вақте мо дини Ислом ме ӯем, ба ин маъност, ки як рисолати инсониро ба симмати шоҳи махлуқоти олам аз оғ оз то анҷом ба дӯш гирифтаем ва ин масъулият танҳо дар назди Худо аст», мегӯ- яд Сайидаҳмади Қаландар.
Бояд гуфт, тибқи таърифоти боло, ки чи гунагии Ислом, дин ва терроризмро мунъакис карданд, Ислому терроризм дар муқобили ҳамдигар қарор мегиранд, на он ки бо ҳам алоқанманд мебошанд. Дар ҳоле ки терроризм як амали хашин унвон мешавад ва ҷиҳати расидан ба ҳадаф аз чизе рӯ наметобад.
Сайидиброҳими Назар, як тан аз масъулини ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, «ба Ислом муртабит донистани терроризм аз ҷониби Амрико ва мамолики ғарбӣ ҳадафмандона сурат мегирад, дар ҳоле ки Ислом барои куштани як касс ҳазорҳо шарт мегузорад, то ин ки шахс бегуноҳ кушта нашавад. Илова бар ин дар тамоми ҷазоҳои исломӣ, асл ба ҷазо дода намешавад, балки бегуноҳӣ ҳамчун асл қарор мегирад. Масалан, барои қатли як инсон тамоми далоил ҷамъоварӣ мешаванд ва ҳамчунин кӯшиш карда мешавад, ки он инсон қатл карда нашавад. Ҳатто як инсоне, ки инсони дигарро қатл кардааст, тибқи муқаррароти Ислом, бояд қатл карда шавад, аммо агар инсон қатли саҳвӣ карда бошад, ӯ кушта намешавад, вале агар қатли ӯ амдӣ бошад, дигар ҳолат ва сабабҳоро низ ҳатман ба назар мегиранд, то ҳадде ки соҳибони мақтул пурсида мешаванд, ба ин хотир ки шояд қотил мавриди афви эшон қарор гирад ва кор ба қатли қотил анҷом наёбад. Яъне дар аввал тамоми роҳҳо барои наҷоти ҷони инсон ҷуста мешаванд, баъдан, агар ки масъала ҳал нашуд, гунаҳкор кушта мешавад».
Дар ҳоле Ислом баръакси терроризм ҷиҳати ҳифзи ҳаёти як инсон, ки ӯ ҳам ҷиноят кардааст ва назди Худо гуноҳ, талош меварзад, чаро имрӯз пайваст ба терроризме дониста мешавад, ки ҳатто аз қатли ом рӯ наметобад?
Сиёсати абарқудрат
Дар ҷавоб ба суоли боло Сайидаҳмади Қаландар мегӯяд, имрӯз истилоҳҳое чун «исломи террористӣ» ва «террористҳои исломӣ» ба миён омадаанд, ки бешак, аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бофта шудаанд. Ба назари С. Қаландар, ин ақида бар пояи тавтеъаангезиҳои Амрико барои эҷоди неокланизм, ки имрӯ з ҳама нишонаҳояш дар Шарқи исломӣ буруз карданд, бофта шудааст. Ин истилоҳҳо дар миёнаҳо солҳои 40 – уми асри сипаригашта, яъне баъди хотимаи Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон ва ибтидои ҷанги сарду дуқутбӣ шудани дунё барои пеши роҳи ҳамин рӯзро гирифтан пиёда шудаанд. Онҳо ҳадафи стротежие доштанд, яъне ҳадаф доштанд, ки ё бар пояи силоҳ ё бо истифода аз нармише, ки Иттиҳоди Шӯравиро шикастанд, бояд ҳадафашонро амалӣ намоянд. Баъдан, онҳо медонистанд, ки якқутбӣ шикаст мехӯрад ва дар чунин ҳол, рақобати онҳо низ аз байн меравад, бинобар ин стратежии рақобати минбаъдаашонро ба пояи Ислом тарҳрезӣ намуданд. Ҳол он ки терроризми ашаддеро, ки ба Ислом нисбат медиҳанд, дар маҳди Амрико, дар симмати Усома ибни Лодан тарбият ёфт. Амрико ин шахсиятро дар «гаҳвора» ҷунбонда, аз ғизои тавтеъаталбиаш чашонд ва онро дар муқобили як давлати абарқудрате гузошт.
Дар ҳаминҳол, таҳлилгари дигар Акоша Кабирӣ мегӯяд, ки Усома ибни Лодан дастпарвари Хадамоти махсуси ҷосусии Амрико буд. Ва Амрико дар симои Усома тамоми давлатҳои исломиро истифода кард, то дар ҷанг бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғ онистон пирӯзӣ ба даст биёрад. Чун Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бар пояи идеологияи коммунистӣ бунёд ёфта буду зидди дин мубориза мебурд, Амрико дар қиболи ин бо истифода аз ангезаи динии мусалмонон поя бар чунин як терроризм гузошту воқеан ҳам, Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистиро ба шикаст мувоҷеҳ кард. «Ба ибораи дигар Амрико бо истифода аз ин усул ба Иттиҳоди Ш ӯравӣ пирӯз шуд ва имрӯз ҳамин усулро мехоҳад, зидди худи Ислом истифода кунад. Бо вуҷуди ин ҳама ман бовар дорам, мерасад рӯзе, ки абарқудратҳои дунё ба Ислом қоил мешаванд ва ҳама роҳбарии эшон тибқи муқаррароти Ислом сурат мегирад», мегӯяд Акоша Кабирӣ. Дар тақвияти гуфтаҳои Акоша Кабирӣ, Сайидаҳмади Қаландар мегӯяд «албатта, амали Иттиҳоди Шӯравӣ бад буд, аммо муҳим он буд, ки чеҳраи Амрико баъди берун шудани Иттиҳоди Шӯравӣ аз Аф ғ онистон ҳувайдо гашт».
Афғонистон- «лонаи терроризм»?
Чун сухан дар бораи Афғонистон рафт, бешубҳа, метавон гуфт, имрӯз Амрико тавонистааст терроризми байналмилалиро дар ин кишвар «кашф» намояд ва дигар давлатҳои ғарбиро дар ин масъала субъекти сиёсии ҳамсафари худ гардонад. Ва бештар «лонаи терроризм» ном гирифтани Афғонистон ва он ҳам бошад, «терроризми исломӣ»-сту рабт мегирад ба ҳаракати Толибон. Дар чунин ҳол, суоле сар мезанад, ки пайдоиши Толибон аз кадом мабдаъ сарчашма гирифт ва чӣ гуна сари кор омад?
Дар посух ба ин суол Мазҳариддини Гадо, яке аз донишмандони тоҷик мегӯяд, ки «баъди аз даст рафтани салтанати Муҳаммад Наҷибуллоҳ байни гурӯҳҳои ҷиҳодии Афғонистон даргириҳо сурат мегирифтанд. Дар ин миён дар Покистон гурӯҳи дигаре бо номи Толибон созмон ёфт, ба мақсади аз байн бурдани гурӯҳҳои мазкур. Сардамдорони ин ҳаракат мехостанд, шомили гур ӯ ҳи онҳо муҳассилин ва касоне шаванд, ки дар ҷангҳои қаблии Афғонистон ширкат надоштанд ва ба ҳамин восита сари қудрат биёянд. Албатта, оғози кори ин гурӯҳ ҳам бо ҷанг сар шуд, зеро гурӯҳҳои ҷиҳодиро бидуни ҷанг аз байн бурдан мушкил буд... Аз он хотир, ки мафкураи эътоқодии Толибон бо равияи ваҳҳобия қаробат дошт, Толибонро Арабистони Саъудӣ то ҳадде кӯмак мекард, то эшон дар Афғонистон сари қудрат биёянд. Яъне иртиботи Толибон бо Арабистони Саъудӣ бар пояи қаробати ақидатӣ - ваҳҳобия рабт мегирад ва ин равия равияи расмии ҳукумати Арабистони Саъудӣ аст».
Вобаста ба иртибототи Амрико бо Толибон мавсуф мегӯяд, Амрико, ки яке аз шарикони Арабистони Саъудӣ дар сиёсати ҷаҳонист, яке аз аввалин кишварҳо шуда, ба василаи Арабистони Саъудӣ Толибонро ба расмият шинохт ва ҳар кассе ҳадс мезанад, ки Толибон сохтаи Амрикост,ҳамон ҳамшарикии Амрико дар ин самт бо Арабистони Саъудӣ дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, Акоша Кабирӣ мегӯяд, амалҳои ҳар як гурӯҳеро, ки барои бароварда сохтани мақосиди худ ба Ислом рабташон медиҳад, аъмоли исломӣ шумурдан нодуруст аст. Зеро бисёр шудаанд ҳолатҳое, ки амали гур ӯ ҳҳо аз номи Ислом бароварда шаванд, вале онҳо дар доираи муқаррароти Ислом нестанду Ислом бадном мешавад...
Дар интиҳо метавон чунин хулоса кард, ки таҳлигарону коршиносони тоҷик на танҳо Исломро ба терроризм рабт намедиҳанд, балки ин ҳар дуро фарсахҳо азҳам дур медонанд. Дар чунинҳол, фикр мекунам, бояд фарҳанги сиёсиву диннии ҳар як фард боло бурда шаванд, то ҳама миёни Исломи ноб ва терроризму экстримизм фарқ гузошта тавонем.
Талабшоҳи Салом
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |