Иқтидори иқтисодиёти Ҷопон баъди иқтисодиёти ИМА ва Чин дар ҷаҳон дар ҷои сеюм аст. Дороии Ҷопон на натиҷаи фурӯши нафту газ, чуноне, ки дар давлатҳои арабӣ, Русия ва амсоли онҳо аст, на фурӯши яроқу аслиҳа ва на захираҳои табииву зеризаминӣ буда, балки дороии асосии Ҷопон нирӯи ақлонии аҳолиаш мебошад. Масоҳати Ҷопон аз масоҳати Тоҷикистон каме аз 3 маротиба калон ва аҳолиаш қариб 130 миллион, яъне то 18 маротиба зиёд, сарвати захиравии табииаш ҳамагӣ баробари 0.02...0.03% дороии захиравии рӯи Замин аст. Зиччии аҳолӣ дар 1 км2 ба ҳисоби миёна то 340 кас, аммо дар шаҳрҳо то 5000 кас мебошад. Барои таъмини аҳолӣ бо хӯрокворӣ замини корам намерасад. Сарфи назар ба ҳамаи ин ноқисиҳо иқтисодиёти Ҷопон ҳозир зиёда аз 16% маҳсулоти ҷаҳониро истеҳсол мекунад. Сифати молҳои ҷопонӣ беҳтарин дар ҷаҳон мебошад. Инро мо дар мисоли мошинҳои сабукрав, телефони мобиливу маҳсулоти компютерӣ ва ғайраву ва ҳоказо, ки имрӯзҳо худ истифода мебарем, дарк мекунем.
Пас саволе ба вуҷуд меояд, ки сабаби сарватманд гардидани мамлакати аз ҷихати захираҳои табиӣ хароб дар чист? Ва ҷавоби ин савол якто аст: сабаби сарватманд гардидани Ҷопон ин пеш аз ҳама равнақи маорифу илм ва саросар донишманд намудани мардуми ҷопонӣ тавассути омӯзиши силсиланок аз солҳои гаҳвораӣ то охири умр, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию давлатдорӣ такя намудан ба донишмандии мутахассисон, истифодаи васеъи навовариҳои илмӣ-техникӣ барои равнақи истеҳсолот, маънавияти баланди мардум баҳри иҷрои меҳнати ҳалолу самаранок ва сарфа кардани маҳсули меҳнат, мебошад. Дар таърихи худ барои тараққии мамлакат Ҷопон таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни тараққикардаи вақтро васеъ истифода бурдааст. Ба таври умумӣ гӯем, ҳанӯз дар асрҳои 6-8 аз таҷрибаи Чин, дар асри 15 аз таҷрибаи Португалияю Испания, дар асри 19 аз таҷрибаи мамлакатҳои Аврупо ва баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар он Ҷопон мағлуб шуду иқтисодиёташ ба куллӣ хароб гардид, таҷрибаи ИМА-ро истифода бурдааст. Ва тамоми ин ҳазорсолаҳо "истифодаи таҷрибаи пешқадами аҷнабиён барои равнақи зиндагонии мардум бо нигоҳ доштани симою урфу одатҳои миллии худ" шиори асосии давлатдории Ҷопон боқӣ мондааст.
Ҳодисаи мудҳиши 11 марти соли равон ба сари мардуми ҷопонӣ омада, заминҷунбии шадид бо якҷоягии тайфуни даҳшатноки харобиовар, донишмандӣ, матонат, ягонагӣ ва покизагии мардуми ҷопонро боз як бори дигар ба аҳли ҷаҳон нишон дод. Аз наворҳои телевизионӣ медидем, ки дар вақти ба вуҷуд омадани заминларза одамон ба ҳарос наафтида дар ҷойҳои нисбатан бехавфи биноҳо, масалан таги мизҳо, паноҳ меҷустанд, биноҳо аз заминларза вайрон нашуда дар зери селаи тайфун мекӯчиданд, кӯчонидани одамон ба ҷойҳои бехавф ботартиб иҷро мешуд, дар тақсими хӯрокворӣ одамони гуруснаву бехонаю ҷоймонда талотуб накарда дар навбат меистоданд ва ҳиссаи худро оромона гирифта ба дигарон халале намерасониданд. Дар вохӯрии сарвазиру вазирон ва ҳатто императори Ҷопон бо мардуми ҷабрдида самимият ва ҳамдардии онҳо бе ягон расмиятчигии давлатдорӣ мушоҳида карда мешуд. Ҳазорон одамонро ба ҷойҳои дуртар аз макони заминларза кӯчониданд, вале ҳодисаҳои дуздӣ ва қоҷоқи молӣ дар хонаҳои бесоҳибмондаи онҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар Ҷопон илм бевосита бо истеҳсолот пайваст аст. Тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ шӯъбаҳои илмӣ доранд, ки дар ин шӯъбаҳо олимону мутахассисони баландмаълумот тадқиқотҳои илмӣ-амалӣ гузаронида ҷорӣ намудани натиҷаҳои онҳоро дар истеҳсолот таъмин мекунанд. Инчунин, корхонаҳои истеҳсолӣ бо донишгоҳҳо ва пашӯҳишгоҳҳои илмӣ алоқаи зич дошта фаъолияти амалии онхоро маблағгузорӣ менамоянд ва натиҷаҳои дастовардҳои илмиашонро дар истеҳсолоти худ истифода мебаранд. Корхонаҳои истеҳсолӣ барои таъмини худ дар оянда бо мутахассисони варзида сарпарастии бисёр донишомӯзони ҷавонро новобаста аз шароити иҷтимоии онҳо ба ӯҳдаи худ мегиранд, пули таҳсилашонро дар донишгоҳҳо пардохт мекунанд, барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии зиндагиашон ёрӣ мерасонанд. Ин гуфторҳои ман натиҷаҳои мушоҳидаи шахсии худ низ мебошанд. Бо гурӯҳи мутахассисони ватанӣ бо таклифи ташкилоти ҷопонии JICA дар Ҷопон будам, моро ба бисёр корхонаҳои истеҳсолӣ ва донишгоҳҳо бурда ба фаъолияти онҳо шинос намуданд, аз он ҷумла бо ширкати машҳури мошинбарории "Тоёта". Дар ин ширкат аз 120 ҳазор корманд зиёда аз 12 ҳазорашон кормандони илмӣ ҳастанд, ки дар озмоишгоҳхо ба тадқиқотҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарин дар истеҳсолот машғуланд. Озмоишгоҳҳои на танҳо чунин ширкатҳои машҳур, балки донишгоҳу донишкадаҳо, ва ҳатто омӯзишгоҳхои касбӣ-техникӣ бо лавозимоти озмоишии ҳозиразамон таҳҷизонида шудаанд. Дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ин ширкат дидам, ки ҷавонони 16-19 сола модели охирини мошини "Тойёта"- ро ба қисмҳо ҷудо карда омӯзиши онҳоро доранд, дар он вақт ба ёдам ҳолати озмоишгоҳҳои донишгоҳи худ зоҳир шуд, ки ускунатҳои вайрону кӯҳнасохти 50-60 соларо мо ба донишҷӯён чун асбоби айёнӣ нишон дода дар асоси онҳо мехоҳем мутахассисони ояндаро донишманд созем.
Вақте дар Ҷопон будам баъзе мушоҳидаҳои худро аз ҳаёти мардуми ҷопонӣ бо ҳаёти мардуми тоҷик муқоиса намудам. Ҷопониҳо нисбати илму маориф, муаллиму устод, бачагону пирон, падару модар эҳтироми калонро доро мебошанд, меҳмондӯст ҳастанд, зиндагонии оилавиро муқаддас мешуморанд. Ин хислатҳо аз хислатҳои аслии авлодони мо мебошанд. Дар тарзи либоспӯшиву зиндагонии мо ва ҷопониҳо баъзе умумиятҳоро низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ҷопониҳо мисли мардуми мо аксаран дар рӯи фарш гилему кӯрпа партофта дар болояшон мешинанд ва рахти хоб меандозанд, ошхонаҳое мисли чойхонаҳои мо доранд, хӯроке чун ордбирёни тоҷикӣ дар ошхонаи ҷопониҳо низ пухта мешавад, киманои машҳури ҷопонӣ монанди ҷелаки авлодии тоҷикӣ аст. Ин мулоҳизаҳо умумияти мардуми тоҷику ҷопониро ифода мекунанд, вале хислатҳои ба ҳам муқобили мардуми мо бо ҷопониҳо низ мушоҳида мешаванд, ки онҳоро низ баён мекунем, то ки моро ба фикрронӣ баҳри баҳодиҳии тарзи зиндагии худ водор карда тавонанд.
-Пайғомбари ислом Ҳазрати Муҳаммад(С) фармудааст: "аз гаҳвора то ба қабр илм омӯз". Ҷопониҳо, ки аксарият пайрави Буддо ҳастанд, ин ҳадиси пайғомбари мусулмононро иҷро мекунанд ва аз хурдсолӣ то пирии худ дониш меомӯзанд ва самараи ин донишро барои равнақи зиндагонии худ истифода мебаранд. Тоҷикон на танҳо фармудаи пайғомбари худро иҷро намекунанд, балки дар солҳои мактабиву донишгоҳии худ, ки давраи ташаккули донишомӯзиву ихтисосмандии ҳар шахс аст, "баҳо" мехаранд ва "аттестату диплом" мегиранд, ва баъд аксаран барои мардикорӣ ба Русияву дигар кишварҳо мераванд ва зиндагии серташвишу пурмашаққат ва камарзиши худро давом медиҳанд.
-Дар иҷрои корҳои ҷисмонӣ, новобаста аз намуди кор, ҷопониҳо либосҳои тозаи корӣ мепӯшанд, даст ба пӯшакҳои сафед меандозанд ва баъд меҳнат мекунанд, яъне корро ба тани тозаву либоси тоза оғозу анҷом медиҳанд, ки аломати рӯҳи тоза бахшидан ба меҳнати худ мебошад. Дар иҷрои корҳои ҷисмонӣ, мо тоҷикон аксаран либосҳои чиркину қӯҳнаву ҷандаро аз рӯи принсипи "барои кор кӯҳна ҳам мешавад" ба бар мекунем. Агар ҷопонӣ ба тозапӯшии худ ба меҳнати худ рӯҳи тоза бахшад ва ин рӯҳ ба ӯ барои анҷоми кори босифат ёрӣ расонад, мо аз оғози кори худ ба ӯ рӯҳи чиркиниву ҷандагиро мебахшем, ки натиҷааш сифати паст ва каммаҳсулии меҳнати мо мебошад.
-Донишомӯзии ҷопониҳо на танҳо тавассути мактабу донишгоҳ сурат мегирад, балки дар замони ҳозира яке аз васоили донишомӯзӣ телевизион мебошад. Дар телевизион барномаҳои гуногуни дарсдиҳӣ аз омӯзиши фанҳои алоҳида то омӯзиши тарзи истеҳсоли маҳсулоти гуногун чун барномаҳои ҳамагонӣ ва барномаҳои тахассусӣ амал мекунанд. Масалан, парвариши ягон намуди зироатро аз давраи корӣ то давраи ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳосили он силсила ба силсила меомӯзонанд. Бо чунин барномаҳои телевизионӣ шахсони ҳавасманд метавонанд мустақилона дониши амиқеро аз худ намоянд, ки барои равнақи пешаи касбиашон ёрирасон гардад. Барномаҳои телевизионии Тоҷикистон асосан аз консертҳои сарояндаҳои кӯчабоғӣ, намоишҳои ҷашнҳои якрангаи идҳои гуногун дар ноҳияҳои гуногун ва филмҳои афсонавии ҳиндию ҷангии амрикоӣ иборат аст, ки дидани онҳо мухлиси телевизиони тоҷик буданро барои аксарияти тамошобинон ба нестӣ мебарад.
- Аъзои корхона дар Ҷопон аъзои як оила ҳисоб мешаванд ва дар ҳурматдорӣ ҳама, аз сарвари корхона то корманди оддии он, баробаранд. Инчунин, дар корхонаҳои ҷопонӣ асосан принсипи ба кор қабулкунии якумраи кормандон амал мекунад ва ҳар як корманд дар фаъолияти кории худ дар корхона чун фаъолияти кории худ дар оилааш рафтор мекунад. Новобаста аз мартабаи касбии худ кормандон манфиати баробарвазнро доро мебошанд ва ин баробарвазнӣ аъзои корхонаро муттаҳид менамояд, ки натиҷааш меҳнати самараноки ҳамагон ба манфиати ҳамагон аст. Дар корхонаҳои мо фарқияти мартабаи роҳбарон аз мартабаи кормандони дигар чун мақоли "аз Замин то Осмон" аст. Дар ҳурмату эҳтиром низ фарқият калон аст ва эҳтироми мансаб, на эҳтироми шахсият, дар ҷамъияти мо анъанаи бобоӣ мебошад, ки чун гаҳвараки чашм эҳтиёткорона риоя мекунем. Манфиати молию маишии роҳбарон низ аз манфиати кормандони дигар ба маротибҳо зиёд аст, мафҳумҳои "раис", "калон", "хӯҷаин", "шеф" ва амсоли онҳо дар муомилоти байниякдигарии кормандони корхона хеле маъмулӣ мебошанд. Нобаробарии иқтисодию иҷтимоии аъзои ҷамъият аз нобаробарии аъзои корхонаҳо иборат аст, ки одамонро ба тоифаи дорою тоифаҳои камбағал ҷудо мекунад.
Мақсади мо таърифи Ҷопону боигарии иқтисодиёти ин мамлакат нест, гарчанде, ки лоиқи таърифу ҳасад ҳастанд. Мақсади мо аз гуфтаҳои боло ва чанд муқоисаи оварда он аст, ки бо ибрат гирифтан аз зиндагонии ҷопониҳо ба тарзи зиндагонии худ, ташкили иқтисодиёти мамлакат, менталитети мардуми тоҷик ва дигар омилҳои ташкилдиҳандаи ҷамъиятамон бо назари танқидӣ нигоҳ кунем, камбудиҳои онро дарк намоем, аз паси ислоҳи ин камбудиҳо шавем, то тавонем бо истифодаи он неъматҳои ба мо додаи Худованд истеҳсолоту иқтисодиётро равнақ дода мамлакатро ғанӣ гардонем, маънавияти мардум ва сатҳи зиндагонии онро боло барем. Барои ин мо тамоми имкониятҳоро доро ҳастем, фақат баҳри иҷрои ин мақсадҳо кӯшиш намудан лозим аст. Чӣ тавре,ки шоир фармудааст:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Худованд барои мардуми мо симои зебо ва қаду қомати баландро ато кардааст, майнаи сари мо дар муқоисаи майнаи сари дигар мардуми мутамаддин кам нест. Табиати кишвари мо инъикоскунандаи тамоми вазъи табиии мавзеъҳои гуногуни Замин аст, обҳои равон, захираҳои маъдану сангҳои қиматбаҳо, зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ дар як сол ва дигар неъматҳои табиӣ насиби мардуми мо мебошанд. Пас, вақте мардуми Тоҷикистон дорои хислатҳои неки инсонӣ ҳасту Худованд неъматҳои бузурги табииро насибаш гардонидааст, зиндагонияш низ бояд инъикоскунандаи ин неъматҳои мавҷудаи сарзаминаш бошаду сатҳи он ба сатҳи зиндагонии ҷопониён баробар. Барои барпо намудани чунин зиндагонии хубу лоиқи неъматҳои додаи Худованд гардидан омӯзиши илму дониш, ташкили дурусти истеҳсолоту иқтисодиёт, меҳнати самараноку пурмаҳсул баҳри ободии Ватанамон Тоҷикистон заруранд ва дар ин ҷода фақат ақлу илму дониш мададгори мо буда метавонанд.
Абдумуъмин Шарифов,
профессори ДТТ ба номи академик М.Осимӣ
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |