Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Хатлон кӯдаки 6-сола ба ҳалокат расидааст.
Тавре Қудратулло Шоев, масъули шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ронандаи накиёти тамғаи «Тойота-Камри» Умедҷон Сайидов, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Файзобод ба рустои Даштигуло пиёдагарди ноболиғ Гулсара Амирова, соли таваллудаш 2006-ро зер мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба касалхона интиқол доданаш ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои манбаъ шабонарӯзи гузашта дар саросари ҷумҳурӣ аз тарафи кормандони БДА 3736 адад қойдавайронкуни ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин дар ҳолати мастӣ 26 адад, бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт 125 адад, итоат накардан ба талаботи кормандони БДА 20 адад, истифода бурдани воситаҳои нақлиёт бе рақами давлатӣ 11 адад, истифода намудани телефонҳои ҳамроҳ ҳангоми ҳаракат 97 адад, вазъияти хавфнок ба вуҷуд овардан 16 адад ва дигар қойидавайронкуниҳо ошкор гардидааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр