АР баъзе ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили пахта пеш аз мӯҳлат оғоз гаштааст. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ дурнамои кишти пахта дар ҷумҳурӣ барои соли ҷорӣ 210 ҳазор гектар буда, аз аввали мавсим то 13-уми июн 203 ҳазору 641 га замини пахта кишт гаштааст.
Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ майдони кишти пахта нисбат ба соли гузашта 40 ҳазор гектар зиёд шудааст. Сабаби зиёд кардани майдони кишти пахтаро масъулини Вазорати кишоварзӣ дар боло рафтани нархи он дар бозори ҷаҳонӣ шарҳ доданд, ки ба бовари онҳо аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли пахта пахтакорон метавонанд фоидаи зиёд ба даст оранд. Сабаби ба таври рекордӣ боло рафтани нархи пахтаро соли гузашта коршиносон ба тасмимҳои Ҳиндустон ва Покистон дар мавриди ҷорӣ кардани маҳдудият дар содироти он ва сардшавии ҳаво дар Чин маънидод мекарданд. Ҳиндустон 12% ва Покистон 8 фисади пахта дар ҷаҳонро истеҳсол мекунанд, аммо соли 2010 нисбати содироти он кишварҳои номбурда маҳдудиятҳое ҷорӣ карда буданд. Инчунин соли гузашта номусоидии боду ҳаво ба тавлиди пахта дар Чин, ки 25 дар сади маҷмӯи пахтаи ҷаҳонро истеҳсол мекунад, зарбаи сахт задааст. Боронҳои пай дар пайи тобистони соли 2010 дар Чин ҳам сифати пахтаи чиниро паст кард ва ҳам боиси иҷро нагаштани нақшаи дурнамо шудааст.
Ду соли пеш бо сабаби таъсири бӯҳрони молӣ ва коҳиши нархи пахта хоҷагиҳои пахтакор хисороти зиёд дида буданд ва аз ин хотир соли 2010 майдони кишти онро кам карданд. Вале дар охири соли сипаришуда нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ якбора баланд шуд ва масъулини Вазорати кишоварзӣ бо назардошти он майдони кишти пахтаро дар соли 2011 зиёд кардаанд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ нархи миёнаи пахта барои 1 тон то ба 5 ҳазору 200 доллар баробар шуд. Лекин ин нархи рекордӣ дар бозори ҷаҳонӣ дер напоид ва дар охири моҳи май нархи пахта яку якбора ба 3 ҳазору 900 доллар коҳиш ёфт. Дар таърихи 15-уми августи соли ҷорӣ нархи як тон пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 3 ҳазору 115 доллар баробар буд ва рӯзи дигар ба 3110 доллар пойин омад. Ҳар рӯз пастшавии нархи он ба мушоҳида мерасад.
Дар ҳамин ҳол оё бо боварӣ метавон гуфт, ки дар сурати истеҳсоли зиёди пахта дар кишварҳои ҷаҳон нархи пахта коҳиш намеёбад? Дар сурате, ки таҳлилгарон аз мавҷи нави бӯҳрони иқтисодӣ ҳушдор медиҳанд ва гуфта мешавад, ки ин пеш аз ҳама дар шароити Тоҷикистон ба нархи пахтаву алюминий таъсири манфии худро хоҳад расонд. Проффесор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки агар вазъи доллар тағйир ёбад, он гоҳ иқтисоди Тоҷикистон ба замин мезанад. Барои он, ки пояи иқтисоди Тоҷикистон ҳамон долларҳоест, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ворид мекунанд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ нахи пахта ва алюминий содир мекунад. Агар қурби доллар паст гардад, қимати ашёи хом низ дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин хоҳад омад, ки ба бовари ин коршинос бар зарари пахтакорони тоҷик ва дар маҷмӯъ иқтисоди кишвар анҷом меёбад. Зеро нахи пахта 15 дарсади бозори содиротии Тоҷикистонро ташкил дода, солона дар ҳудуди 1,5 миллиард доллар алюминий ба бозорҳои ҷаҳонӣ бароварда мешавад, ки ба гуфтаи масъулин 70 дарсади бозори содиротии Тоҷикистон унвон мешавад.
Гуфта мешавад, ки агар нархи пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ паст гардад, Тоҷикистон ба бӯҳрони амиқи иқтисодӣ дучор мегардад. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ, Нозим Эшонқулов чунин мешуморад, ки бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон ба таври ғайримустақим ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир хоҳад гузошт. Сармоягузорон дар бозорҳои бурс эҳсос мекунанд, ки вазъи иқтисодӣ бадтар мешавад ва бояд дороиҳои худро берун кашид ва ба ҷойҳои боэътимоде гузошт. Аз ин рӯ фаъолияти соҳибкорон дар кишварҳои ҷаҳон суст шуда, тақозои онҳо ба молҳои содиротии Тоҷикистон, ки асосан пахта ва алюминий аст, кам мешавад. Дар ин сурат, даромади кишвар аз содирот коҳиш ёфта, асъори хориҷии камтаре ба даст меояд. Талко аз фурӯши алюминий ва муассисаҳои кишоварзӣ аз ҳисоби паст шудани нархи маҳсулот зиёни молӣ мебинанд ва наметавонанд қарзи бонкҳоро баргардонанд. Коҳиши талабот ба алюминий ва пахта эҳтимоли бекор мондани коргарони корхонаи алюминий, коргарони бонкҳо ва кишоварзони машғул ба пахтапарвариро ба вуҷуд меорад. Дар маҷмӯъ фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар заъиф мегардад, бекорӣ меафзояд, ки афзоиши бекорӣ маънии афзоиши камбизоатиро дорад, мегӯяд ӯ.
Аммо дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки бо баланд шудани нархи пахта деҳқонони тоҷик чандон фоидаи зиёд намебинанд. Зеро пахтаи мо асосан дар шакли ашёи хом ба берун бароварда мешавад ва арзиши пахтаи бидуни коркард хеле арзон аст. Масалан, дар соли гузашта ширкатҳои сармоягузор аз кишоварзони тоҷик бо нархи 330 доллар барои як тон пахтаи хом шартнома бастаанд, ки ба гуфтаи мутахассисон тақрибан аз 1,5 тон пахтаи хом 1 тон пахтаи тоза гирифтан мумкин аст. Дар ин сурат аз 3 тон пахтаи хом агар 2 тон пахтаи тоза гирифта шавад, ширкатҳои сармоягузор барои харидани 3 тон пахтаи хом ҳудуди 1000 доллар хароҷот доранд, вале бо нархи имрӯзаи 3000 доллар онҳо 2 тон нахи пахтаро ба 6 ҳазор доллар мефурӯшанд. Дар ин сурат фоидаи "тиллои сафед" ба кисаи деҳқон намедарояд. Коршиноси масоили иқтисодӣ ва сардори хоҷагии деҳқонӣ, Сангалӣ Раҳимов чунин мешуморад, ки нархи имсолаи пахта нисбат ба соли гузашта пасттар аст. Вале аз сӯи дигар ба андешаи ӯ Вазорати кишоварзӣ як коршиносе надорад, ки махсус ба ҳисобу китоби пахта машғул шавад ва муайян кунад, ки имсол бояд чӣ қадар пахта истеҳсол шавад, чанд дар сади он дар дохил коркард гардад ва чӣ қадараш ба хориҷ бароварда шавад.
Вале аз сӯи дигар мувофиқи қонуни бозор вақте истеҳсоли маҳсулот аз талабот зиёд мегардад, нархи он низ паст мешавад. Имсол ба далели боло рафтани нархи пахта тамоми кишварҳои пахтакор, ба ғайр аз Покистон ва Хитой майдони кишти пахтаро зиёд кардаанд. Аммо Хитой барои таъмини талаботи худ кишти кофии пахтаро доштааст. Австралия майдони кишти пахтаро имсол ҳудуди 125 дар сад нисбат ба соли қаблӣ афзоиш додааст. Бразилия 49 фоиз зиёд кишти пахта гузаронидааст. Ҳиндустон 12 дар сад, ӯзбакистон 23 дар сад ва Амрико 50 дар сад нисбати соли гузашта кишти пахтаро зиёд кардаанд. Хулоса дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон имсол кишти пахта афзоиш ёфтааст. Аз ин рӯ саволе пайдо мешавад, ки оё эҳтимоли пойин рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ вуҷуд дорад? Таҳлилгари масоили иқтисодӣ, Сангалӣ Раҳимов мегӯяд, ки гарчанде хушксолӣ ҳам бошад, пахта дар заминҳои обӣ кишт мегардад ва ҳоло аз сабаби он ки соли гузашта нархи пахта боло рафта буд, тамоми кишварҳои пахтакор майдони кишти пахтаро зиёд кардаанд. Дар Ҳиндустон, ӯзбакистон ва Қазоқистон низ зиёд пахта кишт карда шудааст, ки ин метавонад боиси коҳиши нархи он гардад, мегӯяд ӯ.
Бархе аз коршиносон чунин мешуморанд, ки агар пахтаи Тоҷикистон ба сифати ашёи хом ба берун бароварда нашавад ва дар дохил пурра коркард гардад, ба суди иқтисоди кишвар хоҳад буд. Дар Тоҷикистон корхонаҳои коркарди ниҳоии пахта вуҷуд дорад, аммо ба андешаи таҳлилгарон ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Сангалӣ Раҳимов дар ин бора гуфт, ки "дар масъалаи коркарди ниҳоии пахта дар Тоҷикистон шароит фароҳам кардан мумкин аст. Агар ҳукумати ҷумҳурӣ бо тамоми қувваву қудраташ кор кунад. Дар ҷаҳон муайян карда шудааст, ки кадом давлате, ки маҳсулоти ниҳоӣ коркард намекунад ва хом мефурӯшад, ҳеч гоҳ пешрафт намекунад. "Текстилкомбинат" маҳсулоти ниҳоӣ коркард мекунад ва аз пахта либосҳо тайёр менамояд, вале ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Чунки технологияаш кӯҳна аст".
Ин дар ҳолест, ки ахиран президенти кишвар ба милликунонии корхонаҳои хусусие, ки аз фаъолият бозмондаанд, супориш дод. Раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи коркарди пунбаи шаҳри Кӯлоб ном бурда, ба Муродалӣ Алимардонов, муовини нахуствазир хитоб карда гуфт, ки агар дар тӯли як сол фаъолияти ин корхона муассир нашавад ва дар канораш як корхонаи нави ресандагӣ роҳандозӣ нагардад, ин корхонаи пахтаро давлатӣ карда, боз аз тариқи музояда ба фурӯш хоҳанд гузошт.
Аммо бо аз нав фурӯхтани корхонаҳо ва зиёд кардани майдони кишт ба андешаи коршиносон проблема ҳалли худро намеёбад. Дар ин робита бояд масъалаи бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ таъмин кардани корхонаву хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта сабақ гирифтан нақши муҳимро хоҳад дошт.
Аз сӯи дигар бо назардошти зиёд гаштани майдони кишти пахта ва нашъу намои он масъулини Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон гуфтаанд, ки имкони 500 ҳазор тон ҷамъоварии ҳосили пахта вуҷуд дорад. Ба бовари Саидҷамол Саидов, раиси Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон деҳқонон аз ҳар гектар метавонанд 27 сентнерӣ ҳосил гиранд. Аммо коршиносони соҳаи кишоварзӣ ин иддаоро беасос мехонанд. Сангалӣ Раҳимов чунин мешуморад, ки соли гузашта аз 1 га майдони пахта ҳамон 25 сентнерӣ ҳосилро ҳам нагирифтаанд. Лекин аз тухмиҳову чигитҳои туркие, ки оварда шудааст, бо истифодаи технологияи нав самаранокии бештареро метавон ба даст овард. Вале мутаассифона, технология нест. Он олотҳое, ки мавриди истифода қарор доранд, ин ҳамон асбобҳои аз солҳои 50-и асри гузашта боқӣ монда мебошад. Дигар ин ки тракторҳои нармкунанда тамоман вуҷуд надоранд. Инчунин тракторҳои тасмачархе, ки дар чуқурии 35-40 см ҷуфт мекунанд, тақрибан аз байн рафтаанд, мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол баъзе коршиносон чунин мешуморанд, ки соли ҷорӣ ҳосили 500 ҳазор тон пахта дар Тоҷикистон ҷуз орзӯ ва ҳисоботи беасос чизе беш нест. Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳосили пахта имсол ҳудуди 400 ҳазор тон мешавад. Касе, ки даъвои ҷамъоварии 500 ҳазор тон мекунад, дар охири сол агар ҳисоботаш нодуруст барояд, бо чунин пешгӯии беасос бояд аз мақомаш барканор шавад. Вай аз ҷумла изҳор дошт, ки "ман ба қотеъият мегӯям, ки чунин захира надорем ва агар ҳудуди 40 ҳазор гектар майдони киштро зиёд карда бошем, аз он имкон дорем, ки 90 ҳазор тоннаи иловагӣ ба даст орем, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 400 ҳазор тонро ташкил хоҳад дод".
Ин коршинос аз пешниҳоди омори беасос дар баъзе маврид аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ изҳори таассуф карда, мегӯяд, ки ҳосили 310 ҳазор тон пахтаи ҷамъоваришуда дар соли 2010 низ барзиёдгӯӣ аст. Аввал 310 ҳазор тон пахта ҳисобот доданд, баъд ҳисобу китоби дақиқро ба роҳ мондем ва маълум шуд, ки бархе аз ниҳодҳо дар пешниҳоди рақамҳо иштибоҳ карданд ва ҳосили воқеии пахтаи соли гузашта 287 ҳазор тонро ташкил додаст, изҳор дошт ӯ.
Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки то он замоне коркарди пахта дар дохил сурат нагирад, Тоҷикистонро давлати фурӯшанда ё содиркунандаи пахта гуфтан амри маҳол аст ва инро ба таври дигар метавон шарҳ дод, ки фурӯшандаи пахта не, балки "фиристонанда"-и пахта аст.
Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |