Андозсупорӣ ҳарчанд дар ҳамаи дунё як рисолати фарзии инсон ба шумор мерафта бошад, аммо дар Тоҷикистон ин амалро ҳаргиз риоя намекунанд ва гузашта аз ин, ба андешаи андознасупорандагон, танҳо буққаҳову зӯроварон ва нописандон метавонанд бемалол андоз насупоранд ва ё супоранд ҳам, андаке. Гуфта мешавад, ин гуна нописандон дар ҳамаи кишвар, дар аксари маврид ашхосе будаанд, ки соҳибвазифаву пулдоронанд ва низ, ба гумони ѓолиб, соҳиби иззату эҳтиром ҳам миёни аҳолӣ ва низ дар байни кормандони ҳукуматҳо доранд. Ана ҳамин соҳибкорону хоҷагидорони соҳибикром, ҳаргиз намехоҳанд ки андози давлатиро сари вақт ва ба миқдори муайян пардохт намоянд. Вале кормандони Раёсату нозироти андози шаҳру навоҳӣ пайваста гӯшмол мегиранд дар мавриди иҷро нагаштани нақшаи андозҷамъоварӣ. Пештоз гуфтанием, ки барои ҷамъоварии андози давлатӣ нақшабандӣ намудани кадом корхонаву ташкилоту умуман, шахсони алоҳида, хандаовар аст. Гумони инҷониб, набояд инчунин бошад, бояд ҳар шаҳрванди ин ҷумҳурӣ андоз, умуман боҷу хироҷи давлатиро сари вақт ва бе ягон даъвату таъкиду тарсондану ҳақорат додан, супорад. Бояд гуфт, ин амал дар як қисмати хурди аҳолии Тоҷикистон, он ҳам бошад, раияти бечораву камбизоат риоя карда мешавад. Бечора камбаѓал, охирин дорогиашро ҷамъ карда, барои андози ҳавлӣ ва замини наздиҳавлигиаш месупорад, аммо на аз рӯи ватандӯстӣ, балки аз тарс. Аммо ашхоси дорову бой ва соҳиби корхонаву хоҷагиҳои даккаданг ҳаргиз дар фикри супоридани андоз нестанд, балки дар аксари маврид кормандони нозироти андоз ҳурбати ба наздашон барои рӯёндани андозу боҷи давлатӣ рафтан намекунанд. Оё не? Ҳамин тавр нест? Гумон мекунам, хонанда аллакай дар пасманзари ин хоҷаҳо шахсони шиноси худро дарёфту дид.
Аммо аз чӣ бошад, ки ягон масъул, бо шумули шахсони аввали шаҳру навоҳӣ қудрати овардани номи ягонтои онҳоро надоранд. Дар ин ҳолат, баъзеҳо мегӯянд, ки раисони навоҳӣ наздики ин фард мӯҳтоҷу муттаҳам гаштаанд ва дигар барояшон ҳарфе гуфтан наметавонанд. Бархи дигар бар онанд, ки ин тоифа парвои раису саис надоранд, пул доранд, ҳамаро мехаранду мефурӯшанд. Воқеан, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Ба унвони мисол, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баъзе аз ташкилоту корхона ва хоҷагиҳои хусусӣ садҳо ҳазор сомонӣ аз андози давлатӣ қарздор мондаанду вале бепарвоанд ва аҷибтар аз он ҳам, бо сарварони шаҳру навоҳӣ нишаставу кайфу сафо мекунанд. Тибқи иттилое, ки ба мо расид, дар ноҳияи Восеъ корхонаҳои бузурги саноативу кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқоние фаъолу нофаъол, ки аз буҷаи давлат ҳазорон сомонӣ қарздор мондаву ба истилоҳи худашон, бақияпулии андозро нагардондаанд. Тамоми корхонаҳои коркарди пахта, истеҳсоли равѓану дигар маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди орду гандум, хоҷагиҳои деҳқоние, ки садҳо ҳектор замини кишти обӣ доранду ҳамасола садҳо ҳазор даромади софи пулӣ ба даст меоранд, барои пардохти ҳақи ҳалоли давлат коҳилӣ мекунанд. Як масъули баландпояи ҳукумати ноҳия, ки нахост номашро ифшо кунем, гуфт, "барои ҷамъ овардани ҳамагӣ 1-милён сомонӣ андози давлатӣ барои ноҳияи Восеъ тамоман кам аст. Бубинед, ноҳияе, ки 10-ҳо ҳазор ҳектор замини кишоварзӣ доштаву аз он тақрибан 80-фисадаш заминҳои обианд, 10-ҳо адад корхонаҳои коркарди пахта, ки ҳар кадоме на камтар аз 10-ҳазор тона пахтаро коркард мекунанд, ва ташкилоту корхонаҳои сохтмониву саноатии зиёд ва гузашта аз ин, тақрибан нисф зиёди аҳолӣ соҳибкориро касб кардаанд, ҷамъоварии ним милён сомонӣ ҳеҷ аст. Дар ҳоле ки бо истифода аз ин, метавон 10-ҳо милён сомонӣ маблаѓи андози давлатиро ба буҷаи маҳаллӣ ворид намуд. Ба ҳамин монанд, агар дар ин самт таҳлили ҷиддӣ ба роҳ монда шавад, ҳоҷат ба баланд бардоштану кашфи намудҳои ҳаррӯзаи андоз намемонад. Гумон меравад, ки ба хотири зиёд намудани маблағба буҷаи давлат, мунтазам "коршиносони" соҳа намудҳои гуногуни андозситониро барои соҳибкорону тоҷирон фикр карда, мебароранд. Аммо тавре маълум, барои ѓанӣ гардондани буҷа танҳо мутахассисони соҳаро сар аз Кумитаи марказӣ ва то охирин коргари соҳа дар навоҳӣ мебояд сидқан кору фаолият кард. Гузашта аз ин, шахрвандонро тарѓибу ташвиқоти ватандориву ватанпарастӣ мебояд намуд. Чӣ гуна патриот буда метавонӣ, ки андозро барои ин ватан пӯшида мекуниву пардохт кардан намехоҳӣ? Аммо зиёд аз боби ватанпарастиву меҳандӯстдорӣ мегӯему менависем. Ватанпарастии мо тоҷикон, ба монанди ҳамон мусалмониамон аст. Нафаре, ки умуман ягон рукни исломро адо кардан намехоҳад, мунтазам ба дуздиву ҳақимардумхӯрӣ, майнӯшиву нашъамандӣ машѓул асту намозу рӯзадориро ор медонад, боз ҳам худро мусалмон медонад ва агар касе гӯядаш, ки номусулмонӣ, тамом, мурд. Ватандориву мусалмонии тоҷикона.
Аммо боз ҳам сари ватандорӣ ва андозситонӣ пасгардем. "Буққа" -ҳои андознасупорандаи маҳаллӣ дар марказ, дар вазорату кумитаҳои давлатӣ пуштибон доранд, ки дар ҳама маврид нигаҳбони эшонанд. Бубинед, ҳар 3 ё 5-сол ба баъд раисони шаҳру навоҳӣ иваз мегарданд. Вале кору фаъолият дар навоҳӣ ва хазинаи маҳал ба қадри як дирам таѓйир намеёбад. Дар дилхоҳ навоҳӣ ташкилотҳои замоне давлатӣ харидорӣ гаштаву хусусӣ шудаанд ва дар ҳоли ҳозир қисмати зиёдашон аз фаолият бозмондаанд. Бо ҳамин иллат, яъне бефаъолиятӣ дигар барои буҷа дираме андоз намедиҳанд ва кормандони нозирот низ аз онҳо пурсон намешаванд. Ҳол он, ки 10-ҳо ҳектор замину 10-ҳои дигар иншооту бинову анбору дигару дигар дар ихтиёр доранд, ки барои он андоз мебояд супурд ба кисаи давлат. Аҷиб аст, ки аз чанд садяк (сотих)-и замини наздиҳавлигии аҳолӣ андоз ситонида мешаваду аммо барои чанд ҳектор замину иншооти корхонаҳои шахсишудаи кадом зӯре (танҳо зӯрҳо тавонистаанд соҳиби ташкилотҳои хусусӣ шаванд) зӯри нозироти андоз намерасад ва бо баҳонаи бефаъолиятӣ онро мадди назар мекунанд.
Ё бигирем хоҷагиҳои кишоварзии деҳқониро. Баъзе аз ин хоҷагиҳо дар маҳалҳо бо такя ба кадом сарватмарди пойтахтӣ ҳатто саркашӣ аз андозсупорӣ мекунанд ва дар зиёд маврид, амру фармони нозироти андозу ҳатто ҳукуматҳои маҳалиро писанд намекунанд. Ба унвони мисол, хоҷагии ба номи "Шарифҷон" дар ноҳияи Восеъ, ки нозироти андоз бо айби насупурдани ҳаққи андоз ҳабси амвол, 24477-килограм нахи пахтаашро карда буд, дар 1-шаб тавонист ҳамин амволро озодона ва бехабар, ба тоҷирони давлати Туркиё ба савдо задаву аз ҷумҳурӣ интиқол диҳад. Тибқи хабари аз нозироти андози ноҳия расида, ҳатто ҳамин пахтаро бе ҳуҷчатҳои расмӣ ва сертификати амвол, аз сарҳади Тоҷикистон ба берун, ба хориҷа ирсол додаанд. Аммо вақте аз иҷрокунандаи вазифаи сардори нозироти андози ноҳия Эмомалӣ Саидов, сертификати пахтаро пурсон шудем, гуфт, ки ин ҳуҷҷат дар парванда қарор дорад. Вале ҳангоми ҷустуҷӯ маълум гардид, ки ҳамин сертификат дар парванда нест. Яъне, ин ҳуҷҷатро ҳам ҳамроҳ бо амвол, шояд бо дастгирии кадом корманди нозирот, берун карда буданд. Воқеан, Лашкарӣ Мирзоев, сардори хоҷагии қарздори ба номи "Шарифҷон", дар шаҳри Кӯлоб ҳам соҳиби як мулки бузурги корхонаи саноатии "Пахтаи Кӯлоб" будаву ин корхона ҳам аз андози давлатӣ зиёда аз ним милён сомонӣ қарздор мебошад. Аммо, дар нисбат ба масъулини ноҳияи Восеъ, шаҳрдорони Кӯлоб "пишаки ӯро пишт намегӯянд". Ҷаноби Мирзоев бошад, савори мошинҳои даккаданги хориҷӣ аз назди масъулини шаҳру ноҳия ва кормандони нозироти андоз бо карру фар мегузарад.
Ба ҳамин монанд, дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб ташкилотҳои ҳамноми "Зарҳам", "Хишти Кулоб", корхонаи фаръии обу ташноби шаҳр, хоҷагии об, Раёсати истифодабарии оби нӯшокӣ, хоҷагии ба номи Ҳамадонӣ ва 10-ҳо ташкилоту корхона ва хоҷагиҳое ҳастанд, ки садҳо ва ҳатто беш аз 1-милён сомонӣ андози давлатиро насупоридаанду вале бемалол "хобашон мебарад". Сардорони ин ташкилотҳо ба истилоҳ, зӯранд ва ё таҳти кадом зӯровари марказӣ кору фаъолият мекунанд ва тахмин меравад, ки ҳаргиз дар пардохти ҳақи давлат набуданду нестанд.
Вале кормандони нозироти андоз ва масъулини шаҳру навоҳӣ бар онанд, ки агар таѓйирот дар Кодекси андозсупорӣ ҳарчӣ зудтар роҳандозӣ нагардад ва андозгурезон муҷозот нашаванд, боз ҳам солҳои зиёд хазинаи давлат тиҳӣ мемонаду кисаҳои соҳибмулкон ѓафстар гаштан мегардад. Аммо ҳоли раъияти бечора, ки бо касб кардани савдогарӣ, ки бо забони имрӯза соҳибкораш медонанд, боз ҳам бадтар мешавад.
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |