Бахшҳо
12 авг 2011 05:58Иқтисодӣ

300 миллион сомонӣ

Бо иқтисодиёти заиф ва таварруми зиёд пули афзоиши маошҳоро аз куҷо меёбанд?


Қарор аст аз 1-уми сентябри соли равон музди меҳнати кормандони давлатӣ аз 40 то ба 100 фисад зиёд шавад. Дар ин замина раисҷумҳур мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнат ва моддаи 16 -и қонуни асосии Тоҷикистон фармоне содир намудааст. Фармони мазкур 2-юми августи соли равон содир шуда, мутобиқи он нахуст моҳонаи раҳбарони институтҳо, пажўҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишварзӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тиббии назди вазорати тандурустии кишвар ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳову Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов ба андозаи 100 фисад зиёд карда мешавад.
Маоши кормандони раёсати академияҳои дар боло зикр шуда дар ҳаҷми 30 фоиз зиёд хоҳад шуд. Ҳамзамон музди меҳнати кормандони бахши тандурустӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар ҳаҷми 40 фоиз ва интизор меравад, маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои бахши маориф, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд то ба 30 фисад  зиёд карда шавад.
Мутобиқи фармони мазкур моҳонаи раҳбарон, муовинони онҳо ва додрасҳои додгоҳҳои Тоҷикистон 100 фисад ва маоши вазифавии раҳбарон, муовинон ва додрасҳои Додгоҳи Олӣ, Додгоҳи конситутсионӣ ва Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ва музди меҳнатии вакилони МНМО дар ҳаҷми 50 дарсад зиёд карда мешавад. Ҳамин тавр интизор меравад аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ нафақапулӣ дар ҳаҷми 25 фисад ва идрорпулии донишҷўён ба андозаи 40 дарсад боло бардошта шавад.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё беадолатӣ?


Ҳадаф аз баланд бардоштани музди меҳнат дар беҳтар гардидани вазъи моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ гардидааст. Аммо Диловаршо Ҷўраев, узви ҲСДТ мегўяд, дар чунин иқдоми ҳукумат ҳолати пуштибонӣ аз қишри дастнигари ҷомеаро камтар мебинад. «Агар ҳукмат воқеан ҳадафи дастгирии вазъи иқтисодии аҳолиро медошт, нахуст бояд кўмакпулии занони бешавҳар, идрорпулии донишҷўён ва нафақаи пиронсолону маъюбонро афзоиш медод. Ба ҷойи ин ҳукумат маоши академикҳоро 3 маротиба зиёд кардааст, ки бе ин ҳам зиндагии онҳо бад нест. Дар ин маврид низ ҳукумати Тоҷикистон чун ҳамешагӣ аз қишри поёнии ҷомеа сарфи назар карда, бештар ба синфи болоӣ таваҷҷўҳ зоҳир кардааст, ки ин беадолатӣ буда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистонро зери суол мебарад» илова намуд Диловаршо Ҷўраев.

Имконияти 100 % зиёд кардани маош вуҷуд надорад


Диловаршо Ҷўраев суолеро ба миён мегузорад, ки бо иқтисодиёти заиф ва таварруми зиёд маблағи пардохти иқдоми навбатии ҳукумат аз куҷо пайдо хоҳад шуд?
Дар ҳамин замина Воҳидхони Қосиддин, муовини раҳбари ҲНИТ гуфт, ки дар баробари афзоиш наёфтани иқтисодиёти давлат дар соли ҷорӣ корхонаҳои истеҳсолӣ низ фаъол набуданд. Аз ин рў эҳтимол меравад маблағи лозима барои зиёд кардани маоши бахшҳои гуногуни ҷомеа аз ҳисоби баланд бардоштани андоз ва ё пардохти молиёт таъмин карда шавад. Дар сурати ғайр ҳукумати Тоҷикистон имкони пардохти маоши аз ин беши шаҳрвандонро надорад.
Фирўз Саидов, масъули маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегўяд, ки маоши кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои пасошўравӣ хеле паст буда, иқдоми мазкур қобили дастгирист. Дар ин ҳол набояд аз имконияти буҷаи давлатӣ фаромўш кард. Агар маоши кормандон аз имконияти буҷаи давлатӣ зиёдтар бошад, пас Тоҷикистон ба мисли кишварҳои Аврупо ва ё Амрико метавонад ба бўҳрони иқтисодӣ гирифтор шавад. «Албатта зиёд кардани маоши шаҳрвандон иқдоми хуб ва қобили дастгирӣ мебошад. Аз ин рў вақте, ки буҷаи давлатӣ ба нақша гирифта мешавад, ҳатман дар мавриди болоравии маоши шаҳрвандон бояд таъкид карда шавад», илова намуд Фирўз Саидов.

Дар зимн Исмоил Талбаков муовини раҳбари ҲКТ ва узви ин ҳизб дар парлумон мегўяд, ки давоми чанд соли охир буҷаи давлатӣ аз нақшаи пешбинӣ шуда барзиёд иҷро гардида, яке аз сабаби боло бурдани ҳақмузди шаҳрвандон мебошад. «Зиёдшавии маоши шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Вақте буҷаи давлатӣ барзиёд иҷро мешавад, пас пардохти моҳонаи бештари коргарону нафақагирон набояд зери суол бурда шавад. Ба ҳисоби миёна барои иҷро гардидани фармони навбатии раисҷумҳур 250 ва ё 300 млн сомонӣ лозим аст, ки иқтисодиёти Тоҷикистон чунин имкониятро фароҳам овардааст» мегўяд Исмоил Талбаков.

Иқдоми иқтисодӣ бо ҳадафҳои сиёсӣ?


Маврид ба зикр аст, бо судури фармони мазкур сару садое атрофи «страховка»-и ҳукумат барои чорабиниҳои сиёсии соли 2013 зиёд шуд. Диловаршо Ҷўраев, узви ҲСДТ бар ин назар аст, ки иқдомҳои иқтисодӣ ҳамеша бо ҳадафҳои сиёсӣ роҳандозӣ мешаванд. Бо ин ҳукуматдорони Тоҷикистон мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки дар кишвар зиндагӣ хеле хуб аст. Дар тақвияти ин суханҳо Воҳидхони Қосиддин мегўяд, ки дар пайи иқдоми навбатии ҳукумати Тоҷикистон бештар худамоиро мебинад. Зеро иқдоми мазкур дар арафаи ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, баҳонаи хубе барои таърифи фаъолияти ҳукумат хоҳад шуд. «Дар остонаи ҷашни истиқлол ва ҳамчунин барои як қишри ҷомеа баланд кардани моҳона маънои онро дорад, ки ҳукумат ба таблиғоти интихоботи соли 2013 шурўъ намудааст. Зиёд кардани маоши олимону раҳбарони воломақоми ин ё он ниҳоди давлатӣ низ гувоҳӣ он аст, ки ин гурўҳ дастгоҳи таблиғотии ҳукуматӣ хоҳанд шуд. Маош зиёд ва дар баробари ин таърифу тавсифи «одамони ҳукумат» аз он бештар хоҳад шуд, албатта вақт довар аст». Агар иқдоми мазкур бештар ҳадафи иҷтимоӣ медошт, пас маоши фаррошон, омўзгорон ва табибон бояд сад дарсад боло бардошта мешуд, илова намуд Воҳидхони Қосиддин.

Фарзияе ҳам вуҷуд дорад, ки гўиё бо баланд бардоштани музди меҳнати кормандони давлатӣ ҳукумат ба ҷилавгирӣ аз ришваситонӣ дар ҷомеа шурўъ намудааст. Исмоил Талбаков мегўяд, ки имрўзҳо маоши додрас, омўзгорон ва табибон ночиз буда, яке аз сабаби ришваситонии онҳо дар сатҳи пасти зиндагӣ мебошад. «Эҳтимолан ин иқдом барои таъмини зиндагии беҳтари шаҳрвандон гирифта шудааст. Зеро дар сурати таъмини ниёзҳои хонавода бо маоши давлатӣ ҳоҷат ба гирифтани ришва боқӣ намемонад». Аммо Диловаршо Ҷўраев, узви ҲСДТ ин иддаоро беасос арзёбӣ намуда, мегўяд, ки қабл аз ҳама зиёд шудани маоши кормандони давлатӣ ба болоравии нарх дар бозорҳо рабт дорад. Дар сурати иқдоми ҷилавгирӣ аз ришваситонӣ будан, масъулини ҳукумати маоши омўзгорону табибонро на ба андозаи 40-30 фисад, балки дар ҳаҷми 100 % бояд зиёд мекарданд. Илова бар ин фасоди молӣ дар Тоҷикистон он қадар реша давондааст, ки барои аз байн бурдани он барномаҳои ҳирфаӣ лозим буда, ришваситониро бо баланд бардоштани маош аз байн бурда намешавад». Фасоди молиро дар кишвар метавон бо роҳи устувор намудани иқтисодиёти давлатӣ аз байн бурд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд тамоми чораҳоро барои фаъол намудани корхонаҳои истеҳсолӣ андешида, рақобатро миёни маҳсулоти дохилӣ ба вуҷуд орад. Аз ин хотир ин иқдоми ҳукумат, зиёд кардани маоши кормандони бахшҳои мухталифи давлати Тоҷикистон танҳо ҷанбаи сиёсӣ дошта, онро наметавон ба таъмини зиндагии хуби шаҳрвандон ва ё ҷилавгирӣ аз фасоди молӣ рабт дод.

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)