Дар фурудгоҳи Ню-Делҳӣ ман аз тайёра бо ду тарси ботинӣ поин шудам. Яке шунидаҳоям дар бораи як кишвари аз ҳад гарм будани Ҳиндустон буду дигараш овозаҳо дар бораи бадбуй ва ифлос будани ин мамлакат. Тасаввури ман ин буд, ки Ҳиндустон бо сабаби ҳарорати зиёди ҳаво, аҳолии бисёр… мардуми хеле афсурдаву танбал дорад. Аммо таассуроти аввалини дар фурудгоҳ пайдошуда, ин гумонҳоро ботил кард. Ҳайати гурӯҳи мо аз паҳнову бузургии фурудгоҳи Ню-Делҳӣ дар ҳайрат афтодем. Зеро то ин замон шахсан банда, тассаввуроте доштам, ки Ҳиндустон мисли ҳар кишвари дигари осиёӣ хеле қафомонда, аммо мардуми сахт романтик дорад. Шояд барои чунин бардошт, таассуроти филмҳои ишқии ҳиндӣ, ки дар тамоми ҷаҳон маҳбубияти хос доранд, асаргузор буд.
Чизе, ки моро ба ҳайрат овард, ин буд, ки бо вуҷуди аз ҳад калон будани фурудгоҳ ва вуруди одамони зиёд ба он расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ дар фурсати бисёр кӯтоҳ анҷом мегирифт. Чунин ҳолат дар қиёс бо фурудгоҳи Душанбе, ки масоҳати хурд, меҳмони кам, аммо мушкилоти зиёд дорад, зуд эҳсосшаванда буд.
Вақте аз бинои фурудгоҳ берун мешудем, воҳимаи гармӣ ва танбал будани мардум низ бепоя баромад. Зеро ҳарорати ҳаво на ба он дараҷае гарм буд, ки ман қаблан дар борааш шунида будам.Чизи дигаре, ки зуд ба назар мерасид, муносибати одамон ба якдигар буд. Эҳсос мешуд, ки мардум аз ҳад зиёд бошитоб, серкор, вале хеле ороманд. Баъдтар ба мо маълум шуд, ки ин оромии ботинии онҳо дар натиҷаи фазои кушодаву мусоиди Ҳиндустон барои аҳолии ин кишвар ба миён омадааст. Оре, дар ин кишвар одамон ҳар лаҳзаи зиндагии худро кӯшиш мекунанд, на беҳуда, балки барои анҷоми коре масраф кунанд. Бо ҳамин шумо дар Ҳиндустон тақрибан одами бекор ё ба кори беҳуда гирифторро мушоҳида намекунед. Дуруст аст, ки дар ин кишвар гоҳҳо одамони камбағалу гадотабъро вомехӯред, аммо ба мо гуфтанд, ки ин қишри одамон худ барои муваффақ нашудан дар зиндагӣ ва ҷомеа мусоидат кардаанд. Яъне аз фазои бозу мусоид, ки дар ин кишвар фароҳам аст, натавонистаанд ба нафъи худ истифода кунанд. Албатта, ин қонуни бисёр дағали ҷомеаи сармоядорист, ки танҳо одамони қавиро дар паноҳи худ гирифтан метавонад. Бо вуҷуд, давлат наметавонад ҳамаи мардумро дар зери қаноти навозиш бигирад, ҳарчанд бихохад ҳам. Зеро Ҳиндустон дуввумин кишвари сернуфузи олам аст. Ин таҷамӯъи зиёди одамон ва мушкилоти беҳудуд дар замони худ тавонист мардуми ҳиндро барои раҳоӣ аз вазъи мавҷуда таккон бидиҳад. Яке аз сабабҳои ба зудӣ ба як кишвари пешрафта бадал шудани Ҳиндустон низ маҳз ба он иртибот дода мешавад, ки мушкилоти зиёд онҳоро барои ҳалҷӯӣ водор намуд. Аммо ин танҳо ҳолате нест, ки Тоҷикистон аз як кишвари осиёии дигар метавонад барои худ паҳлӯҳои омӯзанда дошта бошад. Ҳатто низоми таҳсилоти дар Ҳиндустон барои Тоҷикистон метавонад сабақгир бошад. Зеро усули таълимоти дар ин кишвар хос буда, намунаи онро дар кишварҳои дигари олам шояд вонахӯрд. Ин аст, ки ҳатто баъзе аз намояндаҳои англисзабон барои омӯзиши забони англисӣ ба Ҳиндустон сафар мекунанд. Муддати 2,5 моҳе, ки мо дар шаҳри Ню-Делҳӣ таҳсил кардем, интихоби мавзӯъ барои масъулини ин барнома фарқ надошт, балки забономӯзии он махсусияти хос дошт. Масалан, онҳо мавзӯи мушаххасро ба як нафар забономӯз вобаста мекарданд ва ӯро маҷбур месохтанд, то ки соатҳо дар бораи ин мавзӯъ ҳарф занад. Чунин усул дар назари аввал хеле оддӣ менамуд, аммо роҳи омӯзишро хеле кӯтаҳ мекард. Ба ин восита мударрис ба муҳассил ҳам махсусиятҳои ин ё он мавзӯъро ошкор мекард, ҳам барои сари як мавзуъ мутамарказ кардани ӯ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани тафаккури ҷиддӣ, мусоидат менамуд. Фикр мекунам, барои низоми маорифи Тоҷикистон низ ин тарзи тадрис бояд омӯзанда бошад. Зеро аксарияти таҳлилгарон низ ба ин назаранд, ки дар сохтори маорифи Тоҷикистон бештар паҳлӯҳои зоҳирӣ ба назар гирифта мешаваду паҳлӯҳои ботинӣ ва дарки муҳтавои масъала сарфи назар мегардад. Аз ҳамин хотир то ҳанӯз барои бисёрии устодони тоҷик тарзи баёни шогирд авлавият дорад, ба ҷои он дар зеҳни шогирдон асли муҳтаворо ҷо карда бошанд.
Усули дарсгузории ҷадиду хос, танҳо мояи таааҷуббарангез дар Ҳиндустон нест. Ин кишвар ҳамчунин аз нигоҳи техника ва технологияи муосир хеле пешрафтҳои тасхиркунанда дорад. Мардумаш аз ҳад зиёд серкору меҳнаткаш ва хеле меҳрубон ҳам ҳастанд . Чӣ ҷавонон ва чӣ мардҳои солхӯрда дар Ню-Делҳӣ бо нетбук,I-phon ва дигар технологияи ҳозиразамон бо истифода аз Интернет дар кӯчаву хиёбонҳо корашонро анҷом медиҳанд. Заминаҳои пешрафти технология дар ин кишвар ба ду омил вобаста аст: аввал байни мардуми оддӣ ва мансабдор фарқият камтар ба назар мерасад, яъне ба он маъно, ки мансабдорони онҳо мисли мансабдорони мо аз худ авлиё наметарошанд, хеле хоксоранд. Дуввум нафароне, ки хоҳиши хондану аз худ кардани илми муосирро доранд,барояшон фазои хеле мусоид фароҳам аст. Раванди дигаре, ки ман эҳсос кардам, дар ин кишвар намояндагии мазҳабҳои зиёд онҳоро таҳамулпазир намудааст. Мардумаш воқеан ҳам демократӣ зиндагӣ мекунанд. Матбуоти ин кишвари низ хеле озод менавиисад. Ҳиндуҳо байни мазҳабу дину оин тафриқа намегузоранд ва ба тамоми адён эҳтироми хосса зоҳир менамоянд.
Масъалаи дигаре, ки аз кишвари мо фарқ мекард, ин гардиши пул дар дохили кишвар буд. Намояндагони Тоҷикистон, ки он ҷо таҳсил мекарданд, мехостанд, ба ватани худ тариқи бонк ба пайвандонашон пул ирсол кунанд, аммо кӯшишашон бенатиҷа анҷом ёфт. Зеро тӯли 3 рӯз ягон бонк барои ирсол намудани пул ба онҳо иҷозат намедод. Масъулини бонк мегуфтанд, ки агар аз Тоҷикистон ба шумо маблағ ирсол кунанд, шумо бе ягон мушкилӣ ва сари вақт метавонед, маблағро гиред. Аммо мо барои ирсол кардани пул ба кишвари шумо иҷозат надорем.Ин шеваи муносибат дар пояи он ҳосил шудааст, ки ба асъор дар ин кишвар арзиши хос қоиланд. Яъне азбаски дар Ҳиндустон тақрибан ҳамаи маҳсулот истеҳсол мешавад, ниёз барои овардани моли хориҷӣ тақрибан боқӣ намондааст. Ин тарзи бархӯрд низ барои Тоҷикистон метавонад, хеле омӯзанда бошад. Зеро аксари маблағҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, бо сабаби он ки дар кишвари мо маҳсулоти ватанӣ хеле кам аст, боз ҳам барои овардани маҳсулоти зарурӣ ба хориҷ аз кишвар интиқол медиҳанд. Дар натиҷа ба ғайр аз фоизҳои бонкӣ Тоҷикистон тақрибан манфиати дигаре ҳосил намекунад. Аммо дар Ҳиндустон баровардани асъор аз хоки кишвар хеле душвор, балки баъзан вақт номумкин ҳисоб мешавад.
Хулоса, ба назари мо дар Тоҷикистон на танҳо бояд филмҳои ҳиндӣ маъруф бошанд. Мардум аз ин давлати ҳамкори худ, ки ҳамчунин бо мо пайвандҳои дигари таърихӣ ҳам дорад (ба ҳар сурат форсҳо дар ин кишвар 800 сол ҳукмравоӣ доштанд) бояд муносибат, давлатсозӣ, тафаккур ва фазосозиро омӯзад ва ба назар бигирад, ки ҳиндуҳоро маҳз мушкилоти барзиёдашон ба як давлати тавонманд табдил кардааст. Оё дар асри ҷадид мушкилот боиси фаношавии миллатҳо мегардад ё онҳоро қавӣ месозад, аз он вобаста хоҳад буд, ки ҷомеаи тоҷик ба ояндаи худ чӣ назаре дорад? Ё аслан дар ин бора андеша мекунад ё на?
Ҷамила Мирбозхонова
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |