Билахира бузургтарин мубориз алайҳи султаи аҷнабиён дар олами араб, бузургтарин диктатори Либӣ пас аз ҳукмронии 42 сола дар ин кишвар кушта шуд. Сардамдорони олами сармоя, ки ҳазорҳо километр аз Либӣ дур буданду мехостанд нафти ин кишварро соҳибӣ кунанд, пас аз даҳҳо барномаи чандмиллиондолларӣ барои аз байн бардоштани Муаммар Қаззофӣ ба мақсади худ расиданд. Сарҳанг Қаззофиро шӯришиёни Либӣ, ки аз қабилаи мухолифи ӯ буданд, ба таври бераҳмона ба қатл расонданд. Шояд ҳеч як раҳбари дигар дар олами араб мисли Қаззофӣ роҳе пур аз шебу фарозро напаймуда бошад. Қаззофӣ барои бархе қаҳрамон буду барои гурӯҳи дигар диктатор. Ҷои шак нест, ки поёни ҳама гуна диктатура нобудисту заволи диктатор. Аммо таърих кам ёд дорад, ки диктаторе то ин ҳад аз назари таъмини иҷтимоӣ барои мардумаш рифоҳу маишат фароҳам карда бошад. Гузашта аз ин ҳатман рӯзе асрори пушти пардаи фаъолияти хориҷиҳо дар Либӣ барои аз байн бурдани сарҳанг Қаззофӣ ошкор хоҳад шуд ва баъид нест, ки он ҳангом ӯро ба сифати қурбонии дасисаҳои бегонагон як қаҳрамон бишносанд.
Ба ҳар сурат куштани инсоне, новобаста аз ҷиноятҳои содиркардааш, ба ин таври фаҷеҳ пушти по задан ба ҳама меъёрҳои ахлоқист. Шӯриш дар Либӣ ба ҳеч ваҷҳ талош барои демократия нест, балки даргирии байниқабилавист. Маълум нест, ки ин ихтилофҳои қабилавӣ то кай идома хоҳад дошт ва бар изофаи он, агар манфиатҳои яке аз он хориҷиёне, ки ҷанг дар Либиро сармоягузорӣ карданд, таъмин нашавад, ба оташи даргириҳо доман хоҳанд зад. Албатта, ин ҳама метавонад бардошти яксӯя ва ё тахмине арзёбӣ гардад. Аммо ҳаводиси Либӣ чӣ сабақе барои мо метавонад дошта бошад? Ин пурсишест, ки бояд ба он посух ҷуста шавад.
Ҳамон кишварҳои ғарбӣ, ки шӯриш дар Либӣ ва чанд кишвари дигарро сармоягузорӣ ва пуштибонӣ карданд, ҳамеша ва бо баҳонаҳои мухталиф аз тариқи ниҳодҳои расмиву ғайридавлатӣ эълон мекунанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низомҳои худкома, душмани озодӣ, қабилагаро ва … ҳукмронӣ доранд. Аз сӯи дигар сатҳи рифоҳ ва маишати мардуми ин минтақаро бо зиндагӣ дар Либӣ муқоиса кардан воқеан кори хандаовар аст. Вале дар ҳамон вазъ ҳам гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки ба вазъи мавҷуд эътироз доштанд ва бегонагон ин эътирозро ба мавҷе табдил доданду мавҷсаворӣ карданд. Оё тазмине ҳаст, ки чунин мавҷи эътирозро падид овардан дар минтақаи мо ғайриимкон аст? Охир вақте алайҳи шахсияте, ки дар раҳоӣ ёфтани кишвар аз султаи бегонагон нақши раҳбарӣ дошт, як сарзамини парешон ва иборат аз қабилаҳои бо ҳам даргирро ба ҳам оварду Либии мустақил сохт, чунин шӯрише ташкил карда тавонистанд, дар минтақаи мо намешавад? Сатҳи рифоҳ дар Либиро огоҳон болотар аз ҳар кишвари ғарбӣ медонанд. Гузашта аз ин ҳама, имконоти молии Қаззофӣ ва ҳукумати ӯ ба ҳеч ваҷх бо имкони раҳбарону ҳукуматҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қобили муқоиса набуду нест. Агар ин ҷо аксари тарҳу барномаҳоро бар пояи гранту қарзу бахшишҳои давлату ниҳодҳои хориҷӣ анҷом медиҳанд, Қаззофӣ он ҳамаро аз ҳисоби дороиҳои кишвараш мекард ва беш аз ин барои дигарон низ ёрӣ мерасонд. Ба ҳар сурат хатар мисли шабаҳе дар фазои кишварҳои Осиёи Марказӣ мечархад. Шояд ин суол матраҳ шавад, ки роҳи бурунрафт аз ин вазъ чист? Албатта ҷавобро дигарон бояд бигӯянд. Инҷониб як рӯзноманигор асту бас ва рисолати ману афроде аз қабили ман мисли оина инъикос додани падидаҳову ҳаводиси ҷомеа мебошад. Ва дар охир: Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст, аммо муҳим он аст, ки ин бозгашт чӣ гуна ва бо кадом "шева" сурат мегирад.
Зафари Сӯфӣ
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |