«Муваззаф кардани расонаҳо барои сабти ҳатмии ном дар ниҳодҳои давлатӣ муғойири қонунҳои байналмилалӣ аст».
Созмони маъруфи ҳомии матбуот мавсум ба «Артикл 19» ахиран унвонии мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва ташкилотҳои журналистии кишвар баёнияе ирсол доштааст. Дар номаи «Артикл 19» ҳамчунин омадааст, лоиҳаи ислоҳшудаи Қонун «Дар бораи васоити ахбори умум дар Тоҷикистон» ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ нест ва бояд бозбинӣ шавад. Ин ташкилот гуфтааст, аз талоши давлати Тоҷикистон барои ислоҳи ин қонун истиқбол мекунад, вале айни замон хостори он аст, то бандҳои мухолиф ба меъёрҳои байналмилалии озодии баён дар ин тарҳро ислоҳ кунад. Аз ҷумла муваззаф кардани расонаҳо барои сабти ном дар ниҳодҳои маъмурӣ, маҳдудиятҳо дар озодии матбуот, бандҳои заифи ҳимоят аз манобеъи хабарнигорон, ҳаққи маҳдуд барои дастрасӣ ба иттилоъот ва ҳам банди “масъулиятҳои хабарнигорон”-ро Артикл 19 аз бандҳои ноқиси тарҳи Қонуни нав дар бораи васоити ахбори умум дар Тоҷикистон хондааст.
Ёдрас менамоем, қонун «Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма» дар ҷумҳурии мо ҳанӯз ибтидои соли 1990 қабул гардида то имрӯз амал мекунад. Пешнависи лоиҳаи қонуни ҷадид дар ин самт чанде қабл таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумони Тоҷикистон ироа гардидааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр