Бахшҳо
15 сен 2011 11:32Дидгоҳи хос

Жакон

Агар сиёсат чунин аст, ман аз ҳафтод пушташ безорам.

 

Боз сари як навҷавони тоҷикро буриданд. Албатта аз ҳукумате, ки дар лобалои сари ҳамдигарро буриданҳои гурӯҳҳои даргири тоҷик ба сари қудрат омада, интизори вокуниши ҷасурона доштан корест хандаовар. Аммо бо ин вуҷуд…

Шояд яке аз бузургтарин ҳикмат дар низоми офаринишу ташаккули фарҳанг ва суннат ин ривояти ҳазрати Иброҳиму Исмоил бошад. Ҷанбаҳои гуногун дорад, амсоли раҳму шафқати Худованд, садоқат ба Офаридгор, фирефтаи зарқу барқӣ дунёи моддӣ нашудан ва беш аз ин ҳам ба суннат ё одат табдил нашудани буридани сари инсон ва қурбонии фарзанди одам. Намедонам чаро ҳоло ин фикр ва ин ривоят ба хотирам омад. Шояд ба он хотир, ки ҳайвонсириштоне дар пойтахти кишвари Русия боз сари як ҳамватани моро буридаанд. Шояд Ҷонибеки 24-сола қурбониест ба хотири бетарафиҳо, тарсуиҳо, ғуломгуна буданҳо, ҳаққи худро талаб накардану наситонданҳо, ба дӯстии дурӯғини онҳо бовар карданҳо, ба хотири манфиати ночизе аз арзишу усул гузаштанҳо… хуллас қурбонии оҷизии ману мо.

Як ошное, ки мансабаке дар ҳукумат дорад, вақте эътирозу нороҳатии маро аз ин ҳодиса мешунид, ба оҳанги таскину сард гуфт, ки «сиёсат эҳсосотро намеписандад ва вокуниш ба ин гуна ҳодисаҳо бояд бо назардошти манфиати кишвар сурат бигирад».  Агар сиёсат чунин аст, ман аз ҳафтод пушташ безорам. Гӯри падари ин сиёсату сиёсатбозиҳо оташ бигирад, ки як навҷавонро мисли гӯсфанд сар буридаанду мо бишинем манфиат ҳисобу китоб бикунем. Агар воқеан ҳукумат пеш аз вокуниш ба ин ҳодисаи мудҳиш дар паи арзёбии манфиат бошад, дигар ба ҳеч ваҷҳ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки дар ҳеч куҷо иддаои ҳукумати мардумӣ будан дошта бошад. Ҳарчанд банда шахсан ба ин амр хеле хушбин нестам. Гузашта аз ин ҷасорати озодавор тасмим гирифтан ва дар баробари ноадолатӣ ва таҳқир қад алам карданро дар ин болонишинҳо то ҳол мушоҳида накардаем.  Агар инҳо ҳамон миқдор, ки барои тамаллуқу чоплусӣ ба шахси аввал фикр мекунанду талош доранд, дар ростои дифоъ аз ҳуқуқу сарбаландии миллат ва ҳар як шаҳрванди ин кишвар фикр мекарданд ҳеч оқипадари модарбахатое ҷуръат надошт, ки нисбати тоҷик ин гуна таҳкиромез муносибат кунад.

Боз сари як навҷавони тоҷикро буриданд.  Ин амал дар пасманзари гузаштҳои ҳукумати кишвар ба хоҳишҳои бузургманишонаи ҳукумати рус мабнӣ бар 49 соли дигар дар хоки Тоҷикистон боқӣ мондани пойгоҳи низомии  Русия боз як муште бар сари ифтихори тоҷик аст. Шояд он фарзандони озода ва боғурури миллат, ки аз ин созиш нороҳат шудаву аз тариқи шабакаи иҷтимоӣ дар интернет онро таҳқир арзёбӣ карда буданд, имрӯз бештар хуни дил мехӯранд. Охир барои ҳама рушан аст, ки тоссарҳо сохтаву парвардаи мансабдорони рус ҳастанд ва ин ки ҳар вокуниш дар баробари андешаҳои бузургманишонаи ҳукумати Русия дар Тоҷикистонро ҷосусакони ниҳодҳои ҷосусии ин кишвар ба Маскав хабар мерасонанд. Аммо ин ҳақиқат мусаллам аст, ки то замоне ҳукумат манфиати як гурӯҳ ва ҳатто гоҳе як шахси соҳибмансабро манфиати ҳамаи мардуми кишвар медонад ва бар ин меъёр тасмим мегирад, тоҷикро чун мардуми бепушту паноҳ таҳқир мекунанд. Онҳо, ки имрӯз мансабаке доранду соҳиби қасру кушку мошинҳои гаронарзишанд, пеш аз ҳама масъули бурида шудани сари Ҷонибек ва Салоҳидинҳои тоҷик буданду ҳастанд. Ҳатман рӯзи посух гуфтан хоҳад расид, агар тасмиме арзанда нагиранд.

Мӯҳр
Хабарҳои монанд:
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)