Воқеан ҳам сарҳади 1300 километрӣ ба амнияти кишвар таҳдиди зиёд дорад. Қисмати ғарбӣ то дарёи Панҷ тӯл мекашад, ки онро тавассути қаиқ тай кардан осон аст, қисмати шарқиаш бошад, тавассути марзи дастнораси кӯҳӣ мегузарад. Дар ҳисоботи IWPR дар оғози соли ҷорӣ Муродҳусейн Алиёров, сардори шӯъбаи Агентии назорати маводи нашъаовар аз қисмати ҷанубу шарқии вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон изҳор намуд, ки азбаски маҳалли душворгузарро назорат кардан мушкил аст, ҳоло ҳам дар ноҳияи Ишкошим қочоқи маводи мухаддир дида мешавад. Як нафар афсари нерӯи сарҳадбонони Тоҷикистон, ки худро муаррифӣ накард, ба IWPR гуфт, сарҳади давлатӣ ҳеҷ гоҳ мустаҳкам набуд, ҳатто дар даврони ҳузури сарҳадбонони Русия то соли 2005. Коршиноси масоили амниятӣ Абдулло Қурбонов аз Душанбе мегӯяд, ки ҳангоми нигаҳбонии сарҳад аз тарафи русҳо он ҷо ҳамеша даргирӣ буд: «Сарҳадбонон пеш аз ҳама худ, дидбонгоҳ ва блокпостҳояшонро ҳифз мекарданд. Онҳо шабона ба ҳар чизе, ки ҳаракат мекард, тир холӣ мекарданд»,- мегӯяд ӯ. Қурбонов қайд кард, ки дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон солҳои 1992-97 ва пас аз он пешгирӣ намудани қочоқи нашъа номумкин буд. «Танҳо авохири соли 2001 вақте дар Тоҷикистон қочоқчиёни асосӣ нобуд карда шуданд, он гоҳ барои қатъи роҳҳои асосии қочоқ талоши зиёд ба харҷ доданд. Вале ин муваффақият наовард. Бо вуҷуди ҳодисаҳои гуногун дар ҷумҳурӣ тавассути сарҳад маводи мухаддир интиқол меёфт ва даромади он ба ҳама, аз ҷумла ба сарҳадбонони рус, ки сарҳадро идора мекарданд, ҳамчунин ба сарҳадбонони тоҷик мерасид. Аксари онҳо худашон ба қочоқи маводи мухаддир даст доштанд»,- мегӯяд ӯ.
Таҳлилгарони тоҷик дар сӯҳбат бозгашти нерӯҳои Русияро якдилона рад карданд. Сиёсатшиноси машҳури тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, Тоҷикистон дорои қувваҳои худ аст. Русия пофишорӣ карда истодааст, то назорати сарҳадро комилан ба даст дарорад. Аммо ин ба ҷониби Тоҷикистон хушоянд нест, ҳам аз ҷиҳати нигаҳдошти мустақилияти кишвар ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ . Ба кадрҳои беруна чӣ ҳоҷат аст, вақте кадрҳои худӣ ҳастанд? Ба он нафароне, ки эҳтиёҷ ҳаст, чунин мутахассисон тарбия карда мешаванд,-мегӯяд ӯ. « Имрӯз сарҳад на ба афсрони хориҷӣ, балки ба маблағ ва таҷҳизоти замонавӣ ниёз дорад». Таҳлилгари дигар Абдуғанӣ Маҳмадазимов бар он аст, ки аксари таҳлилгарон ва сиёсатшиносони хориҷӣ Тоҷикистон ва Қирғизистонро «давлатҳои барпонашуда» меҳисобанд. Бозгашти сарҳадбонони рус ин натиҷагириро тасдиқ мекунад. Давлате, ки иқтидори ҳифзи сарҳадашро дорад, ниёз ба дигарон надорад.
Афсари қушуни сарҳадбонӣ дар мусоҳиба бо IWPR қайд кард, ки вазъ аз соли 2005 тағйир ёфт. «Дар масъалаи додани сарҳадот ҷониби Тоҷикистонро ИМА, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мекард, онҳо кӯмаки моддиву молиявӣ барои таҷҳизонидани сарҳад ваъда доданд. Имрӯз ба ваъдаашон вафо мекунанд. Аллакай қисмати назарраси посбонгоҳҳо ва биноҳои маъмурии ду дастаи сарҳадбонон аз таъмир баромад, дар Душанбе коллеҷи сарҳадӣ фаъолият дорад, бо пофишории Амрико Стратегияи ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул шуд, ки дар он барои давлатҳои дигар ҷой нест». Ӯ қайд намуд, вақте Чин масъалаи демаркатсияи сарҳадашро дар шарқи Тоҷикистон муҳокима мекард, гуфт, ки масъаларо танҳо бо Душанбе баррасӣ менамояд. Низомиёни ғарбӣ ва сиёсатмадороне, ки ба масъалаи Афғонистон пас аз соли 2001 ҳамроҳ шудаанд, мехоҳанд бо Тоҷикистон гуфтушунид кунанд, на бо Русия.
Муллоҷонов ба ҷойи комилан аз Маскав вобаста будан, ба роҳ мондани муносибатҳоро дар самти бехатарӣ муҳим медонад. Ба гуфти ӯ, ин маънои онро надорад, ки риштаи ҳамкориҳои тӯлонӣ бо Русия канда мешаванд.Муллоҷонов ҳамчунин ишора кард, ки «Русия дар ин ҳолат шарики асосӣ оид ба расонидани кӯмаки техникӣ ва коршиносӣ боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки дигар ҷонибҳо, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА имкон доранд сарҳадро бо таҷҳизоти лозима, аслиҳа ва аз ҷиҳати молиявӣ таъмин намоянд».
Наргис Ҳамробоева, рӯзноманигор аз Тоҷикистон, ки семинарҳои омӯзишии IWPR-ро гузаштааст.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |