Агибай Смагулов, сафири тозатаъини Қазоқистон дар Тоҷикистон ба вазири умури хориҷа нусхаи эътимодномаашро супорид.
Зимнан, рӯзи гузашта ба ин муносибат Ҳамрохон Зарифӣ дипломатии қазоқро ба ҳузур пазируфт. Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти ҷонибҳо доир гардид, ки зимни он вазири корҳои хориҷӣ сафири Қазоқистонро ба ин муносибат табрик намуда, дар фаъолияти ӯ ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон муваффақиятҳо таманно кард.
Агибай Смагулов дар навбати худ гуфт, барои фароҳам овардани имкони мулоқот ва муҳокима намудани масъалаҳо изҳори ташаккур мекунам, итминонам комил аст,ки муносиботи ҳасанаи ду кишвар аз ин баъд низ рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, ҳамчунин дар ин нишаст мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр