Бахшҳо
28 июл 2011 10:54Сӯҳбати рӯз

Қобилҷон Бойев: Агар мо мусофир нестем ва узр надорему бемор нестем, пас, бояд рӯза бигирем.

Рӯзи якуми август моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон низ баробар ба дигар кишварҳои мусулмонӣ оғоз мегардад ва шоми 31-уми июл намози нахустини таровеҳ дар масоҷиди кишвар сурат мепазирад.

Дар робита ба ин ид ва таърихи пайдоиши Рамазон, фазилатҳои он «Озодагон» сӯҳбати кӯтоҳе дошт бо мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон, мӯҳтарам Қобилҷон Бойев, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони азиз менамоем.

Озодагон:
Қобилҷон Бойев, сараввал мехостем шуморо ҳамчун як фарди мусулмон бо омадани моҳи Рамазон, ки инак пушти дари мост табрик бигӯем ва баъдан хоҳиш доштем, ки дар бораи таърихи ин моҳ чанд ҳарфе барои хонандагон «Озодагон» гуфта бошед

Қобилҷон Бойев:
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон ва дуруд бар паёмбару хонадони ӯ. Ҳамаи мардуми мусалмони ҷумҳурӣ, дар баробари ин шумо кормандони хабаргузории «Озодагон»-ро низ бо фарорасии моҳи шарифу мубораки Рамазон табрик ва таҳният гуфта, аз Худованд хоҳони он ҳастам, ки дар хонадони мардуми мо ва сокинони тамоми олам файзу баракоташро ато бифармояд. Рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон фарз аст. Соли дуввуми ҳиҷрӣ рӯза гирифтан дар ин моҳ фарз гардид. Ва ин моҳ моҳи табаррук низ ҳаст. Ин моҳест, ки дар он Қуръон нозил шудааст. Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими мусулмонӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд.Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд. Кӯмак ва хайру эҳсон ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз рукнҳои муҳими ин моҳ аст.

Озодагон: Домуллои мӯҳтарам, акнун бигӯед, ки моҳи шарифи Рамазон чӣ фазилатҳоро дорост?

Қобилҷон Бойев: Моҳи шарифи рамазон фазилатҳои зиёд дорад, аз ҷумла яке аз фазилатҳои бузургаш дар ҳадиси пайғамбар омаадаст,   ки бо қудуми моҳи мубораки Рамазон Худованд дарҳои ҷаннатро ба рӯи бандагонаш кушода мегардонад ва дарҳои дӯзах баста мешаванд. Шаётин, ки дар ин дунё одамро васваса мекунанд ва ба ҳар роҳи нолоиқ мебаранд, даҳонашон занҷирбанд мегардад. Дигар фазилаташ ин аст, ки ба хотири рӯза доштан, Худованд гуноҳи бандагонашро мебахшад. Рӯза тарбия ва адои рисолат аст, ки сабаби салоҳ ва фалоҳи дунё ва охират мешавад. Он эҳсоси ҳамдардӣ ба фуқаро ва адои рисолат дар баробарӣ ва бародарии мусалмону ҳамватан аст. Моҳи Рамазон миёни моҳҳои дигар дар худ бартарӣ ва бузургиеро доро мебошад, ки танҳо барои мусалмони рӯзадор насиб мегарданд.  

Озодагон: Киҳо бояд рӯза бигиранд ва кадом ашхос аз гирифтани рӯза озоданд?

Қобилҷон Бойев: Худованд дар сураи «Бақара» оятҳои 183, 184 хитоб ба мардум мефармояд, ки «Эй касоне, ки имон овардаед барои шумо навишта шудааст, ки рӯза бигиред. Ҳамон тавре ки бар пешиниён ва гузаштагони шумо навишта шуда буд». Рӯзҳои он маҳдуд аст ва агар касе мариз ё мусофир аст ба ҷои он рӯз рӯзи дигарро бигирад ва агар тавонашро надорад фақиреро сер кунад. «Худованд барои шумо осонӣ мехоҳад ва сахтӣ намехоҳад».Занҳое, ки дар ҳоли ҳомиладорианд, аз гирифтани рӯза озоданд, албатта дар замони мувофиқ бояд рӯзаи қарзашонро бигиранд, маризону бемороне, ки имкони нахӯрдан надоранд, мӯсафедоне, ки аз 90-сола болоянд ва қуввати гирифтани рӯзаро надоранд, низ озод хоҳанд буд. Яъне касе, ки бемор аст ё дар мусофират аст, ба шумори рӯзҳои мусофират ва беморияш рӯза мегирад, онҳое, ки дар моҳи Рамазон бо ин ё он сабаб рӯза мехӯранд, шарт аст, ки баъдан онро бигиранд. Рӯза худ имтиҳон аст. Як ҳадиси паёмбар низ ҳаст, ки мегӯяд: касе, ки аз барои Худо рӯза медорад, тоқат мекунад, аз имтиҳон мегузарад.Барои ҳамин, ба шарте, ки мо мусофир нестем ва узр надорему бемор нестем, пас, бояд рӯза бигирем. Ин моҳ бо ҳама ҳастияш танҳо рӯзҳои ба шумореро дар даст дорад, ки дунёи инсонро рангин ва дар ҳаёти ӯ баракат меафзояд.      Умеди он дорем, ки Худованд тавфиқи рӯзадорӣ ва гузашти гуноҳонро насиби ҳар мусалмон гардонад. Омин!

Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)