Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби зулол»-и шаҳри Истаравшан, боз як корхонаи соҳаи саноати хӯрокворӣ оид ба коркарди меваю сабзавотро мавриди истифода қарор дод.
Ба иттиллои вазорати энергетика ва саноат, дар корхона таҷҳизоти нави технологии коркарди меваю сабзавот васл карда шудааст, ки арзиши он 2-миллион евро мебошад. Ин гуна таҷҳизот дар Тоҷикистон ягона буда, иқтидори коркарди истеҳсолии он дар як соат 7-8 тонна меваю сабзавотро ташкил медиҳад, афзуд манбаъ. Қобили қайд аст, ки солҳои ахир дар ин соҳа 8-то хати нави истеҳсоли консерваҳо бо технологияи замонавӣ, дар зарфҳои «Театра-Пак» ва борҷомаҳои асептикӣ дар ҳаҷми 220 кг ба истифода дода шудааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр