Сиёсатмадори саршинос, бародари фармондеҳи фақид Аҳмадшоҳ Масъуд – Аҳмад Валӣ Масъуд ҷиҳати ширкат дар як ҳамойиши вобаста ба вазъи Афғонистон феълан дар Душанбе қарор дорад.
Аз ин фурсати мусоид истифода карда, хабарнигори «Озодагон» бо Аҳмад Валӣ Масъуд мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод.Озодагон: Ҷаноби Масъуд лутфан бигӯед, ки баъди марги Аҳмадшоҳ Масъуд вазъият дар Афғонистон, хусусан дар Панҷшер -ватани шумо ва генерали шаҳид чӣ гуна аст, яъне Афғонистони бе Аҳмадшоҳ Масъуд?
Аҳмад Валӣ Масъуд: Суоли хеле мушкиле кардед. Аҳмадшоҳ Масъуд муборизаи худро ба хотири ҷанг намекард, балки аҳдофе дошт, ки он сулҳ ва барои субот буд. Яъне ӯ ба хотири таъмини сулҳ , ба хотири хизмат ба мардум мубориза мебурд. Аслан, дар сиришти ӯ ҷанг вуҷуд надошт. Ва ин буд, ки ӯ 23 сол барои сулҳ ҷанг кард, мубориза бурд ва 3 даҳа муборизот кард. Дар таърихи фарҳанги башарият шумо бубинед, ягона шахсе, ки 23 сол барои расидан ба сулҳ ҷангидааст, Шайх Масъуд буд. Ҳамин буд, ки шодравон дар ин роҳ ҷони худро аз даст дод. Чизе ки баъди Масъуд монд, танҳо андешаи ӯ, ақидаи ӯст. Худаш, ки нест… аммо андешааш вуҷуд дорад. Мутаасифона, баъди сари Масъуд он чизе ба миён омад, ки ҳоло мебинед. Рақобат байни нухбагон, масъалаи фасод, масъалаи ҳиссаталабӣ ва даҳҳо масоили манфии дигар. Афсӯс, он чизе, ки Масъуд мехост дар Афғонистон амалӣ нашуд, сулҳу субот нест. Ва ҳоло идомаи муборизаи Масъуд ба хотири расидан ба сулҳ идома дорад.
Озодагон: Бигӯед, ки феълан хонаводаи Аҳмадшоҳ Масъуд дар куҷо аст ва ҳоли эшон чӣ тур аст?
Аҳмад Валӣ Масъуд: Айни ҳол хонаводаи марҳум дар шаҳри Машҳади Эрон қарор дорад ва он ҷо масруфи таълиму тадрисанд.
Озодагон: Ҳоло раҳбарии ҷабҳаи Шимолро дар Афғонистон кӣ ба ӯҳда дорад?
Аҳмад Валӣ Масъуд: Феълан дар дохили Афғонистон нерӯҳои мухталифе ҳастанд, ки ҳамеша ба фикру андешаи Масъуд ҳастанд, аммо як воҳиди мушаххас вуҷуд надорад ва ҳамаашон дар як чиз воҳид ҳастанд: Масъуд ва фикру андешаи ӯ.
Озодагон: Ҳоло қазияи марги Аҳмадшоҳи Масъуд ва сабабҳои он то куҷо равшан шудааст? Чизе рӯшан шуд, ё хайр?
Аҳмад Валӣ Масъуд: Ин як мавзӯъи калон аст ва бояд бигӯям, ки аввалтар аз ҳама таҳқиқи қазия ба масъулияти давлати Афғонистон аст, чаро ки Аҳмадшоҳ Масъуд қаҳрамони миллии Афғонистон аст, бояд ки ҳукуматдорони вақт ҷустуҷӯ кунанд . Аммо ҳукумати Карзай тавре мебинем, дар ин росто чизе намекунад. Чизе ки ман мехоҳам, дар ин ҷо тазаккур диҳам ин аст, ки дар қатли Аҳмадшоҳ, гурӯҳи Ал- қойда, сафорати низомии Покистон алоқамандӣ доштанд. Аммо чизе ки бароямон мушаххас гуфтаанд ва маълумоти дақиқ ҳам дорем, дар ин тавтеъа мустақиман Парвиз Мушарраф, собиқ райиси ҷумҳури Покистон даст дорад.
Озодагон: Ҷангиёни толиб, манзурам «Толибон» то куҷо ба амнияти Тоҷикистон хатар доранд?
Аҳмад Валӣ Масъуд: Ин хеле хатари ҷиддӣ дорад. Чун аз Афғонистон хато хӯрданд ба Тоҷикистон меоянд. Нодида гирифтани ин хатар худаш хатар ҳаст.
Озодагон:Ҷаноби Аҳмад Валӣ Масъуд, феълан дар чӣ вазифа ҳастед, яъне масруфи кадом коред?
Аҳмад Валӣ Масъуд: Ҳоло раиси бунёди Масъуд ҳастам дар Афғонистон. Гузашта аз ин фаъолиятҳои фарҳангӣ дорам, фаъолиятҳои омӯзишӣ дар гӯшаву канори дунё дорам.
Озодагон: Шумо ҳукумати феълии Афғонистонро шадидан интиқод кардед, аслан сиёсатеро танқид кардед, ки бародаратон Аҳмад Зиё Масъуд дар он фаъолият дорад…
Аҳмад Валӣ Масъуд: Бароятон бояд бигӯям, ки Аҳмад Зиё дар ҳукумати Карзай ҳеч фаъолият надорад ва ҳамкорӣ ҳам намекунад.
Озодагон: Он замоне, ки кор мекард, танқид намекардед?
Аҳмад Валӣ Масъуд: Не аз ибтидо, аз ҳамон замоне, ки сафир будам интиқод мекардам, танқид ба хотири ободии кишвар.
Озодагон: Дар Афғонистон як ниҳоде бо номи Шӯрои олии сулҳ аст, он то куҷо муваффақ ба коре шудааст?
Аҳмад Валӣ Масъуд: Ин ниҳод то ҳол ҳеч муваффақияте надорад. Дар ба даст овардани сулҳ ҳам нақшаш назаррас нест.
Озодагон: Раҳмат барои сӯҳбат.
Мусоҳиб:Алишер Зарифӣ
Мӯҳр