Ҳамасола рӯзи 2-юми июл дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мешавад. Ин тасмим бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) аз соли 1924 роҳандозӣ мешавад. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, (АЖРВТ) 25-уми январи соли 2001-ум дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфта,ба узвияти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст. «Озодагон» дар робита ба ин сана ва бурду бохти варзиш, журналистони соҳа, проблемаҳои марбут ба ин сӯҳбате дошт бо райиси АЖРВТ-Нарзуллоҳи Латиф: Озодагон: Журналистони соҳаи варзиши Тоҷикистон то кадом андоза аз мавзӯи имрӯзаи варзиш бохабаранд? Нарзуллоҳи Латиф: Дар кадом сатҳ ва то чӣ дараҷа аз соҳаи варзиш огаҳӣ доштани журналистон ба худи роҳбарони онҳо вобастагӣ дорад, ки дар куҷо фаъолият доранду чӣ тавр мавзӯъро пайгирӣ мекунанд. Агар ба рӯзномаҳое, ки бо забони русӣ чоп мешаванд як назар андозем, маълум мегардад, ки онҳо кӯшиш мекунанд хабару иттилои варзиширо ба таври ҳирфаӣ ба нашр расонанд. Вале мутаасифона журналистони варзишие, ки бо забони тоҷикӣ менависанду дар телевизиону радио фаъолият доранд, дараҷаи касбии онҳо паст аст. Мутасифона, инро мо бештар дар телевизион мушоҳида мекунем, онҳо нозукиҳои соҳаро намедонанд ва сатҳи касбиашон хеле паст аст. Шореҳи варзиш ҳадди аққал бояд аз мавзӯи пайгирӣ мекардагиаш огаҳӣ дошта бошад. Бубинед, баъзеҳо факултети журналистикаро хатм карданду аз жанрҳо бохабаранд, вале аз соҳаи варзиш ҳамчун журналист иттилоъ надоранд. Журналистони мо бояд сатҳи касбии худро баланд бардоранд, вале дар Точикистон барои баландбардории савияи касбии журналистони соҳаи варзиш кӯшиш ба харҷ намедиҳанд. Дар донишгоҳҳо факултети журналистика бояд ба ҳамин соҳа диқат диҳанду шореҳони варзишӣ тайёр кунанд, чунки то ҳол коре ба таври бояду шояд анҷом дода нашудааст. Ҳаминро қайд карданиям, ки Ассотсиятсияи байналмилалии матбуоти варзишии Тоҷикистон, ки тӯли 10- сол боз фаъолият дорад, мақсадаш танҳо рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Инҷунин, барои баланд бардоштани касбияти хабарнигорони варзишӣ мусоидат мекунад. Ассотсиатсияи мо беш аз 70 –нафар аъзо дорад, ки онҳо дар расонаҳои гуногуни хабарӣ фаъолият мекунанд ва ба соҳаи варзиш сарукор доранд, онҳоро мо муттаҳид сохтем. Онҳое, ки мехоҳанд, сатҳи касбии худро баланд бардоранд, тавассути курсҳои бозомӯзие, ки мо ташкил мекунем, муштаракан бо Кумитаи миллии олимпии кишвар мо то дараҷае имкон медиҳем, ки аз риштаи журналистикаи варзишӣ огоҳ бошанд. Дар ҷараёни курсҳои бозомӯзӣ мо бо онҳо дар бораи чӣ гуна инъикос кардани мавзӯи варзишӣ дар расонаи худ мо маълумот медиҳем. Ба ҷуз ин, дар Тоҷикистон боз як ҳафтаномаи шахсии варзишӣ бо номи «Спорт» ҳаст, ки тӯли 10 сол фаъолият мекунад. Ҳоло дар донишгоҳи Маскав бо номи Ломоносов ва донишгоҳи Санкт- Петербурги Русия дар факултети журналистика фанни навро ҷорӣ намуданд, ки журналистони варзишӣ тайёр мекунад. Онҳоро бо қисматҳои шореҳони телевизион, радио, матбуот, ва журналистони варзишие, ки дар расонаҳо кор мекунанд, тақсим намуда, дар он ҷо таҳсил мекунанд. Мутаасифона дар донишгоҳи мо ин фанҳо ҷорӣ нашудаанд. Ҳоло акнун иттилоъ пайдо кардам, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзиши соҳаи журналистикаи варзишӣ донишҷӯёнро ба таҷрибаомӯзӣ мефиристанд. Озодагон: Чаро дар Тоҷикистон бештар навъи гӯштину футбол тарғиб карда мешавад? Оё дигар намуди варзиш дар мо рушд накардааст?Нарзуллоҳи Латиф: Дар Тоҷикистон аслан риштаҳои варзише, ки шӯҳрат доранд футболу гӯштини дзю-до аст, тавре ки дар тамоми олам ҳаст. Имрӯз гӯштини дзюдо, ки мо дар ин навъи варзиш барандаи медали биринҷии олимпӣ дорем, таваҷҷӯҳи мардум ба ин бисёр аст. Аслан дар ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои мо мусобиқоте баргузор мешаванд, ки мардуми мо бо ин майлу рағбати зиёд доранд. Ба навъи карате, таэквандо, ушу ва ғайра низ ҷавонон майлу рағбати зиёд доранд. Тарғиби навъҳои алоҳидаи варзиш ин вобастагӣ дорад аз журналистони варзишие, ки дар расонҳои хабарӣ кор мекунанд. Мутасифона, мо дар Тоҷикистон тавассути радиою телевизион ва матбуот пахшҳои зинда ва гузоришҳои вижаро намебинем. Дар давраи Шӯравӣ аз варзишгоҳи марказӣ тавассути телевизиону радиои Тоҷикистон дар як вақт гузориши зинда пахш мегардид. Афсӯс имрӯз телевизиони Тоҷикистон базеъ аз бозиҳоро пахш мекунаду халос. Дигар мусобиқоти футболу гӯштин бо камера сабт гардида, баъди се-чор рӯз намойиш дода мешаванд, ки аллакай кӯҳна шудаанд Кори фаврӣ (оҷил) дар телевизиону ВАО-и мо қариб ки ба назар намерасад, албатта ба ғайр аз расонаҳои хабарӣ.Озодагон: Тими миллии футболи Тоҷикистон кай дар ҷаҳон ё ҳадди аққал дар қораи Осиё ҷои аввалро мегирад?Нарзуллоҳи Латиф: Орзу дорем, ки тими милли футболи Тоҷикистон ҳадди ақал дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ширкат кунад. Дастаи мунтахаби мо беш аз 8 сол боз дар ин мусобиқот иштирок намеварзад ва 2- сол аст, ки кӯшиши ба даст овардани роҳхати чемпионати Осиёро дорад, аммо то ҳанӯз бе натиҷа. Мо ҳам умед мебандем, ки соли оянда шояд тими милли Тоҷикистон ба сабқати ниҳоии Осиё роҳ ёбад. Қаҳрамон шудан дар қораи Осиё барои мо ҳоло «хобу хаёл» аст.
Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева
Мӯҳр