Бахшҳо
29 июн 2011 13:07Сӯҳбати рӯз

Шуҳрат Қудратов: Даъвои Мирзоев дар чорчӯбаи ягон қонун намеғунҷад

Икром Мирзоев, директори телевизиони мустақили «Сомониён» ахиран бо як номаи шикоятӣ ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят кардааст. Дар аризаи мавсуф   Консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Раҳматилло Зойиров, ҳамзамон райиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ӯҳда дорад, бо он муттаҳам мешавад, ки ин ташкилот маблағҳои барои ҳимояи ҳуқуқии телевизион ҷудошударо ба манфиати ҳизб сарф кардааст. Бино ба қавли Мирзоев, Хазинаи АвруОсиё дар Осиёи Марказӣ ва  консулгарии Шоҳигарии Нидерландия дар ҷумҳурии Қазоқистон тариқи шартномаи «Фонди Евразия» ба Шӯҳрат Қудратов,  адвокати Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон шартнома баста буд, ки дар додгоҳ «ТВ Сомониён» -ро ҳимоя кунад. Аммо адвокат онҳоро гӯё дар «нимароҳ» монда, вазифаи дар шартнома доштаашро ба анҷом нарасонидааст. Дар иртибот ба ин қазия «Озодагон» бо Шӯҳрат Қудратов сӯҳбате дошт, ки инак фишурдаи он манзури хонандагон мегардад:


Озодагон: Икром Мирзоев директори  ТВ «Сомониён» нисбати Консорсиюми ҳуқуқи Тоҷикистон  бо аризаи даъвогӣ  ба суди иқтисодии  Душанбе  шикоят бурдааст, ки шумо  ҳуқуқшиноси ин ҷамъиятед. Бигӯед, ки даъвои Икром Мирзоев то куҷо асос дорад?
Шуҳрат Қудратов: Икром Мирзоев он пуле, ки  86106,14 сомонӣ аз  Консорсиюми ҳуқуқи Тоҷикистон талаб карда истодааст, ин зарарро ба ӯ  Консорсиюми ҳуқуқи Тоҷикистон  нарасонидааст.  Барои ҳамин аризаи даъвогии ӯ дар доираи ягон ҷорчӯбаи қонун намеғунҷад. Даъвои Икром Мирзоев ҳамчун директори ТВ «Сомониён», нодуруст аст, чаро ки ТВ «Сомониён», аз соли 2005 бо қарори кумитаи литсензиядиҳӣ аз муҷҷавиз маҳрум гардида, фаъолияташ қатъ гардидааст.  
Озодагон: Икром Мирзоев, директори ТВ «Сомониён» даъвои онро дорад, ки  маблағе, ки Консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон аз тарафи Хазинаи Аврупо-Осиё гирифтааст, бо пешниҳоди аризаи даъвогӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати қонунии ТВ «Сомониён» оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ҳуқуқшинос Шуҳрат Қудратов, ки дар назди худ ӯҳдадорӣ гирифта буд, ки то ба итмом расидани ҳама гуна марҳилаҳои судӣ ҳамчун намоянда иштирок карда, амалиётҳои лозимиро анҷом диҳад. Вале Шуҳрат Қудратов корро дар нимароҳ монд. Ба ин чӣ мегӯед?
Шуҳрат Қудратов: Ин гуфтаҳо комилан нодуруст мебошанд, чунки ман дар назди  Икром Мирзоев ягон хел ӯҳдадорӣ нагирифтаам. Дар ин парванда ҳамчун  намояндаи Икром Мирзоев  бо ваколатномае, ки ӯ аз номи худаш бо ман додааст, иштирок намуда аз номи ӯ дар мурофиаҳои судӣ иштирок мекардам. Аз ҷиҳати мантиқ гирем, Икром Мирзоев худашро ба суд дода, аз худаш 86106,14 сомонӣ талаб дорад. Чунки ваколатнома аз номи директори ҶСШК ТВ «Сомониён», Икром Мирзоев ба ман дода шудааст. Ман аз номи Консорсиюми ҳуқуқи Тоҷикистон ваколатнома нагирифтам, ки ҳуқуқҳои Икром Мирзоевро ҳимоя кунам. Ман ҳамчун ҳуқуқшиноси Консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон ба Икром Мирзоев пеш аз гирифтани ваколатнома ёрдами ҳуқуқии ройгон медодам. Пас аз гирифтани ваколатнома ман намояндаи худи Икром Мирзоев шудам. Дар мавриде, ки гуё ман ӯҳдадорӣ гирифта дар нимароҳ партофтаам, ин нодуруст аст. Чунки мо дар назди онҳо ягон шартнома надорем аз ҳамин сабаб ин гуфтаҳо асос надоранд.
Озодагон: Оё шумо воқеан ҳам ба зангҳои телефонии Икром Мирзоев ҷавоб надодаед, ё сабаби дигар дошт?
Шуҳрат Қудратов: Сину соли Икром Мирзоев ба як ҷо расидаву ҳар чӣ навиштан мегирад. Вақте ки Икром Мирзоев ба ман занг мезад, ман ба занги ӯ ҷавоб медодам, замоне ки дар мурофиаи дигари додгоҳӣ ширкат мекардам, табиист, ки ба зангҳояш ҷавоб дода наметавонистам. Гуё ки ман аз ӯ гурехта гаштам, ё бо телефонҳояш умуман ҷавоб надодам, ин далел нодуруст мебошад. Соли 2005 баъди баста шудани ТВ «Сомониён», ба Икром Мирзоев чанд ташкилотҳои хориҷӣ пул медод, ки судбозии худро бо Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ давом диҳад. Барои пулҳои гирифтагияш ӯ бояд дар назди ташкилотҳои хориҷӣ ҷавоб гардонад. Ҳоло барои ӯ фарқаш нест, ки кӣ гуноҳ дорад.  Муҳим барои ӯ одами мушаххас ё ташкилоте  даркор аст, ки гуноҳро ба сари он бор карда тавонад. Икром Мирзоев парвандаи судиро бо Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ бохтааст. Чунки Икром Мирзоев дар аризаи худ менависад, ки аризаи  шикоятии назоратиро ба суд насупоред, гуё ман аз ғолиб баромадан маҳрум гаштам. Дар ин маврид аризаи даъвогии ӯро Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар зинаи аввал дид, зинаи апелятсионӣ дид, ҳалнома қувваи ҳуқуқӣ гирифтааст ва даъвои ӯ комилан нодуруст мебошад.
Озодагон: Икром Мирзоев Консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикистонро бо он муттаҳам мекунад, ки маблағи грантро Раҳматуллло Зоийров гирифта ба манфиати Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон сарф кардааст. Ин нуктаро чӣ тавр шарҳ медиҳед?  
Шуҳрат Қудратов: Вақте ки Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ грант элон кард, Консорсиюми юридикии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ дар озмун ширкат варзида, баранда гашт. Маблағе, ки барои кори ҳуқуқшиносон дода шуда буд, ҳисоботаш дар ҳамон «Фонди Евразия» мавҷуд аст. Ин маблағҳо барои фаъолияти ҳуқуқшиносон ҷудо гардида буданд, на барои ҳимояи ҳуқуқии телевизиони «Сомониён». Аввалан, Икром Мирзоевро мебояд барои сарфи маблағҳои гирифтааш дар назди ташкилотҳои мухталифи байналмилалӣ ҷавоб гӯяд, баъдан ба пули Фонди Евразия таваҷҷӯҳ кунад.  Соли 2009-ум  Консорсиюми юридикии Тоҷикистон дар назди Фонди Евразия ҳисоботи пулиро пешниҳод сохт, ки он куҷо шуд ва барои чӣ масраф гашт. Мо дар назди дигар мақомот ҳисоботдиҳанда нестем.

Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)