Бахшҳо
25 июн 2011 09:05Дидгоҳи хос

Ваҳдат

Шояд  арзишмандтарин вожа дар хазинаи луғат бошад.

Албатта агар ба он рангу бўи сиёсӣ дода нашавад.

Ин ҳафта мардуми кишвар ба таври расмӣ рўзи ваҳдатро таҷлил хоҳад кард. Ҳарчанд солҳо гузашта, аммо дарки ваҳдат ҳамчунон мардумӣ нашуд. Ин дар ҳолест, ки фақат ҷашне умри тўлонӣ ва гоҳо ҷовидонӣ дорад, ки дар амал мардумӣ шавад. Равшантарин мисоли ин назар дар баробари турктозиҳои бегонагон ҳамчунон зиндаву побарҷо мондани Наврўз аст. Бовар дорам агар як дар сади он зарбаҳое, ки Наврўз хўрда, ҳар ҷашни дигаре мехўрд, беному нишон мешуд. Иллати аслии бақои Наврўз мардумӣ будани он аст.
Ҳоло дар остонаи ҷашн қарор дорем. Одатан дар рўзҳои ҷашн фақат суханҳои гарм мегўянд. Вале чи кунам, ки рисолати рўзноманигорӣ монанди оина дар баробари ҷомеа будан аст. Ба истилоҳи содатар ҳар чӣ дар ҷомеа вуҷуд дорад дар ин оина инъикос меёбад.
Ба ҳар ҳол мардумӣ нашудани ин ҷашнро шояд иллати аслӣ он аст, ки хостаю нохоста ба он ранг бўи сиёсӣ доданд. Беш аз ин агар воқеияти он солҳоро, ки ногуфтаҳои зиёде дорад, мардум лаҳза ба лаҳза ба ёд меорад ва хотираи мардумро намешавад фирефт. Бо ин вуҷуд асли ваҳдат арзишесту истиқболаш коре хуб.
Аз сўи дигар ба назар мерасад ҷомеаи мо ниёзи зиёде барои фарогир шудани ваҳдат дорад. Албатта дар сухан не, балки дар амал. Дар ин миён ваҳдатро омил меъёре барои ба ҳам омадан бишносем, бузургтарин ниёз дар ин росто барои ҳамеша зарурати ваҳдат байни  мардум ва масъулин  хоҳад монд.
Агар фосила дар дидгоҳҳои усулӣ нест, пас метавон умедвор буд, ки ваҳдат мардумӣ ва фарогир хоҳад шуд. Вале боястӣ омилҳоеро, ки садди мустаҳкам дар ин раванди ваҳдат буданду ҳастанд, бояд шинохту аз сари роҳ бардошт. Вақте мардум мебинад, ки раҳбари як идора аз як маҳали кишвар шавад, ҳатман бештари кормандони он идора, ба вижа афроди калидӣ ё масъул аз ҳамон маҳал мешаванд, сухан аз мардумӣ шудани ваҳдат ба миён овардан беҳудакориву газофгўие беш нест.
Имрўз бархе ниҳоду вазоратхонаҳо ба қавли мардум ба як маҳал тааллуқ дорад. Дар бархе ҳолат назорат ва истифодаи сармояи аслӣ низ мутааллиқ ба як маҳал мешавад. Маҳаллӣ шудани (саҳеҳтараш маҳалӣ кардани) ҳамаи кору интизори мардумӣ шудани ваҳдат доштан мазҳакаро мемонад. Албатта омили маҳалӣ шудани ниҳодҳо пеш аз ҳама асосан нишони заъфу нотавонии шахси раҳбар мебошад. Тарси аз даст додани мансаб онҳоро водор ба он мекунад, ки ашхоси ба худ содиқро дар атрофашон ҷамъ оранд. Аз як назар мантиқист, вале таҷриба ба исбот расонда, аввалин афроде, ки хиёнат мекунанд, ҳаминҳое хоҳанд буд, ки имрўз худро содиқ нишон медиҳанд. Равшантарин мисоли хиёнати онҳо сўистифода аз эътимоди шахси раҳбар ва нодида гирифтани ҳаққи мардуму арзише қоил нашуданашон ба адолат аст.
Дар ин миён фосила байни қишри доро (саҳеҳтараш навдавлатон) ва мардум рўз аз рўз дар ҳоли зиёд шудан аст. Ҳатто ба назар мерасад як қишри андаке доранд соҳиби ҳама чиз мешаванду ҳазорон тани дигар зиндагии зери хати фақр ба сар мебаранд. Дар сурати аз ҳам дур шудани қишрҳои гуногуни ҷомеа дар он ҷомеа иддаои ваҳдат кардан худфиребие беш нест.  
Таъкид шуд, ки ҳамеша зарурати ваҳдат дар лаҳзаи аз ҳам дур буданҳо бештар мешавад. Агар тарроҳони сиёсатҳои роҳбурдии кишвар ба омилҳое, ки мардумро аз ҳам дур мегардонад, таваҷҷўҳи бештар надиҳанд, ҳеч ваҳдате мардумӣ нахоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки новобаста аз таблиѓоту талошҳои гурўҳе ҳар падидае мардумӣ нашавад, бақо надорад.
Агар дар як сухан бигўем, барои расидан ба ваҳдати воқеӣ ва мардумӣ шудани ваҳдат, бояд аз болотарин сатҳ то поён ҳама андешаи миллӣ дошта бошанду ин марзу бумро ба ҳамаи мардуми он, новобаста аз маҳалли таваллудаш, мутааллиқ бидонад. Мансабро дар амал василаи хизмат ба мардум донистани ҳамаи мансабдорон ва ба ҳар як шаҳрванди ин кишвар эҳтиром қоил шудану ҳуқуқҳояшро риоя ва ҳимоя кардан аст, ки метавонад омили ваҳдати воқеӣ гардад.

Зафари Суфӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)