Бахшҳо
02 июн 2011 08:23Дидгоҳи хос

Хиёнат

Шояд  ин калима бадтарин вожа дар назди онҳоест, ки худро эҳтиром мегузоранд ва арзишҳои ахлоқиву усули сарбаландиву озодагиро меъёри зиндагӣ мешиносанд. Ба ҳар сурат барои ман сахт риққатовар аст, ки ин вожаро дар баробари омўзгор ба кор гирам ва Худо гувоҳ аст, ки ба тўл кашидани рўи коғаз оварданаш ҳам ҳамин андеша буд.

Шояд беш аз ду моҳ аст, ки  сари он фикр мекунаму як нерўи ниҳоние иҷозаи рўи коғаз овардани андешаҳоям перомуни ин мавзўъро ба ман намедиҳад.

Албатта  сухан танҳо сари хиёнати муаллим ба арзишҳо нест. Пеш аз ҳама бояд таваҷҷўҳ ба он шавад, ки ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҷомеа ба муаллим, ба ҷойгоҳи беназири ў хиёнат кардаанду хиёнат мекунанд. Гуфтани ин ҳарф бароям тарснок набудаву нест, балки бароям даҳшатовар он аст, ки ҳама ин хиёнатро мебинанду сукут ихтиёр кардаанд. Шояд ҳамин хомўшиву сукуташонро низ метавон як навъи хиёнат арзёбӣ намуд? Гузашта аз ин як муаллим ё омўзгор ҳарчанд мисли ҳама аҳли ҷомеа як шаҳрванд ва як шахсият аст, боз як сифате дар ў вуҷуд дорад, ки варо аз ҳама фарқ мекунонад. Ў вазифа дорад соҳибони ояндаи ин марзу бум, вазирону кабирон ва шояд президенти ояндаро таълиму тарбия диҳад. Шояд ҳасодат ва тарс аз оянда аст, ки ин ҳама соҳибмансаб сидқан дар паи фароҳам овардани шароит барои омўзгор дар ростои иҷрои вазифаи аслияш нестанд? Агар чунин нест, чаро муаллимро ба корҳое банд кардаанд, мисли маъракаи интихобот, ҷашну маросимҳо, пешвозу бадрақа ва ғайра, ки аслан ҳеч дахолат ва рабте ба вазифаву ҷойгоҳи омўзгор надоранд.

Борҳо шоҳид будаму шумо низ ҳатман гувоҳ шудаед, ки ҳар касе аз поин рафтани ҷойгоҳи муаллим дар ҷомеа сухан мегўяду мувофиқи фаҳму даркаш иллатҳои онро решаёбӣ мекунад. Ҳатто ниҳоди мубориза бо фасод низ ришвахориро байни муаллимон ҷуставу чанд танеро боздошт ҳам кард. Ин дар  ҳолест, ки музди моҳонаи муаллим дар кишвари мо дар муқоиса ба ҳамаи кишварҳои минтақа дар поинтарин зина қарор дорад. Албатта кам будани моҳона ба ҳеч ваҷҳ набояд далеле барои ришва гирифтан ва ё ба баҳонаҳои мухталиф аз донишомўзу донишҷў пул ҷамъ кардани муаллим шавад. Ин амр хиёнат ба мафҳуми муқаддасе ба номи муаллим аст. (Албатта агар ин матлабро шикамдамидаҳое, ки аз пули ришва мисли гови парворӣ ҷисмашон қабат-қабат рўған баста, бихонанд эҳтимолан шикамсерӣ хоҳанд хандид, ки то чи ҳад муаллиф содаву бехабар аст!) Зеро пеш аз ҳама дар назди шогирдон қадру манзалати муаллим поин меояд ва ҳамин амр худ хиёнат ба муаллим ҳамчун омўзгори соҳибони фардои миллат ва ояндаи ин марзу бум аст.

Ман ҳозирам дар ҳар куҷо бо ҳар нафаре баҳс кунам, ки дастпарвари муаллиме, ки зиндагияшро бо хиёнат ба арзишҳо таъмин мекунад, ба ҳеч ваҷҳ ба ин марзу бум ва муқаддасоти он садоқат нахоҳад дошт. Бовар кунед, онҳо дар аввалин фурсати муносиб хиёнат пеша хоҳанд кард. Аслан шояд барояшон хиёнат дигар мафҳуми бад надошта бошад ва онро як ҷузъи меъёрҳои зиндагӣ ба ҳисоб оранд.

Мани рўзноманигор ба ҳеч ваҷҳ вазифа надорам касеро ҳушдор диҳам. Аммо наметавонам дар баробари ба меъёри зиндагӣ табдил шудани хиёнат ба арзишҳо сукут кунам. Наметавонам дар баробари руҳи озодагӣ ва сарбаландиро дар ниҳоди фарзандони ин марзу бум ба қатл расонданҳо хомўш бошам. Ҳоло агар муаллимон дар баробари хиёнат ба ҷойгоҳи болояшон ва хору залил нигоҳ доштанҳо сукут мекунанд, ҳавола ба худи онҳост. Аммо набояд тақозо дошта бошанд, ки ману афроде мисли ман ҳам дар баробари хиёнат ба фардои миллат бетараф бошем.

Зафари Сӯфӣ
Мӯҳр
Ташакур бародар. Махсусан барои нашри бехтарин матолиб дар хафтаномаи хубу хонданбоби Озодагон. Аз Шумо, омузгорон ва тамоми нонхурдагону шодихурдагони муаллим харгиз хиёнатро интизор нестем.
Факат хаминро иловатан такозо дорем. ки агар хамин "торнамои озодагон" низ ба Шумо рабте дота бошад, мефармудед, ки фикрхои муътадили моро лагв накарда, нашр мекарданд, алонур мешуд.
Ман хам душманам ба харчи гуломию бандагист!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)