Озодагон: Бо ворид гардидани тағйирот ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ» таҳсил дар хориҷ аз кишвар барои ҷавонон маҳдуд гардид. Аз нигоҳи қонунгузории Тоҷикистон оё ин нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон нест?
Шокирҷон Ҳакимов: Аслан, гузариш ба ҳамин масъала нодуруст аст. Қонунгузории Тоҷикистон динро аз давлат ҷудо кардааст, яъне масҷид низ аз мактаб ҷудо аст ва ин меъёри қонун низ риоя нашудааст. Мутобиқи сарқонуни Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ҳудуди кишвар озодона ҳаракат намуда, берун аз Тоҷикистон сафар намояд. Ҳамзамон, дастрасӣ ба маълумот низ озод буда, ворид намудани низоми иҷозатномагирӣ аллакай хилофи қонун аст ва он ҳуқуқҳои шаҳрвандро поймол мекунад. Ворид намудани чунин тағйирот ба қонун ва ба расмият даровардани он низ бемантиқ аст. Зеро, агар шаҳрванд назди худ мақсади гирифтани маълумоти олии диниро дар хориҷ аз кишвар гузошта бошад, пас на давлат ва на қонун ба ӯ монеаъ эҷод карда наметавонанд. Шаҳрванд метавонад, асноди лозимаро на ҳамчун довталаб, балки ҳамчун корҷӯ ва ё сайёҳ пешниҳод намояд. Баъдан, аксари донишгоҳу донишкадаҳои байналмилалӣ дар шакли маблағгузории шартномавӣ фаъолият доранд. Аз ин хотир, беҳтар мебуд агар ҳукумати Тоҷикистон таҳсили шаҳрвандонро дар муассисаҳои таълимии динӣ дар дигар шакл ба танзим дарорад.
Илова бар ин чанде пеш дар заминаи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди ҷомеаи байналмилалӣ, ба хусус САҲА низоми раводид бекор шуд. Ҳамакнун агар шаҳрванд даъватнома дошта ӯро барои кор, таҳсил ва ё иқомат даъват намоянд, пас шаҳрванд ҳуқуқ дорад, бидуни иҷозатномаи масъулин, ҳатто мақомоти амниятии кишвар ба хориҷ сафар намояд.
Бо вуҷуди он, ки масъулини ҳукумати Тоҷикистон дар баъзе масоили динӣ худро таҳаммулпазир вонамуд мекунанд, аммо дар амал мо акси ҳолро мебинем. Дар оддитарин масъала имкониятҳои мардуми ихлосмандро маҳдуд мекунанд, ки ин боиси нигаронист.
Озодагон: Ба андешаи шумо ин ҳама маҳдудкуниҳо, ки зикр намудед, чӣ пайомад оварда метавонад?
Шокирҷон Ҳакимов: Боз ҳам мегӯям, агар ҷавони тоҷик хоҳиши дар хориҷ аз кишвар таҳсил карданро дошта бошад мову шумо ба ӯ монеа эҷод карда наметавонем. Беҳтар мо бояд роҳеро пайдо намоем, ки ҷавонон аз ҳар гуна таълими диниву тундгароӣ, ки ҳукумат аз он сару садо баланд мекунад, худ даст кашанд. Мо, бояд сатҳи олимон ва заминаҳои техникии омӯзиширо бо донишгоҳҳои динии давлатҳои байналмилалӣ мутобиқ намоем. Чунин тарзи ба низом дарорие, ки масъулини ҳукумати Тоҷикистон пеш гирифтанд, ҳеч вақт ба коҳиш ёфтани теъдоди довталабони ихлосманд мусоидат нахоҳад кард. Баръакс, ин як навъ навмедиро дар миёни ҷавонон нисбат ба миллат ва давлати худ ба вуҷуд меорад. Ин гуна маҳдудкуниҳо бойиси бетаваҷҷӯҳии ҷавонон ба марзу буми худ мешавад, ки хеле бад аст.
Озодагон: Солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон пайваста аз хатари исломгароиву ифротӣ шудани ҷомеаи тоҷик ҳушдор медиҳад. Метавон гуфт, ки ба бесарусомониҳои ҷомеаи мо таълимоти исломӣ гунаҳкор аст ва он то куҷо ба мо хатар эҷод мекунад?
Шокирҷон Ҳакимов: Ман бо ин андеша комилан розӣ шуда наметавонам. Фикр намекунам, ки созмону макотиби хусусияти динӣ дошта ба амнияти давлату миллат хатар эҷод кунанд. Як таҷриба миёни кишварҳои тотолитарӣ ва идеологиву ғайра роиҷ шудааст. Онҳо бо ҳар роҳу восита талош меварзанд, то бо ҳар баҳона афкори ҷамъиятӣ ба вуҷуд оранд ва пайваста аз таҳдидҳои беруна ҳарф мезананд. Ин хуб нест, ҳам аз нуктаи назари ҳуқуқӣ ва ҳам аз нуктаи назари сиёсатшиносӣ. Баръакс, агар ҳар қадар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муташаккилона амал намоянду фазои иттилоотӣ озод бошад, ҳамон қадар давлат метавонад суд бинад. Интиқоди пай дар пайи асоснок бойиси фаъолияти шаффофи додгоҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мегардад, ки ин худ мехонизми пешгирии дингароии ифротӣ мешавад.
Дар коғаз-асноди байналмилалӣ ӯҳдадориҳои давлатҳо муаяйн шудааст, раҳбарони сиёсӣ ҳам оид ба демократия, интиқод ва озодии виҷдон сару садо баланд мекунанд. Аммо, дар охир худ монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд, ки ин бойиси нигаронии ҷомеа мешавад. Ман гумон надорам, ки дин ба Тоҷикистон ҳамчун хатар таҳдид дошта бошад.
Озодагон: Аксари қонунҳое, ки парлумони Тоҷикистон ба баррасӣ мегирад ва онро қабул мекунад, маъмулан аз ҷониби ҷомеаъи шаҳрвандӣ зери интиқоди шадид қарор мегирад. Ҳамчун ҳуқуқшинос баҳои шумо ба заминаҳои ҳуқуқии қонунҳо чӣ аст?
Шокирҷон Ҳакимов: Нахуст бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон усули тартиботи ҳокимияти давлатӣ риоя намешавад. Ҳокимияти давлатӣ самарабахш нест. Таъсири мардум дар идора кардани давлат ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсати давлат фаъол нест. Дар маҷмӯъ ҳокимият аз таҳти назорати мардум дур мондааст. Аз ҳамин хотир, фаъолияти парлумон низ муассир нест. Қонунҳои қабул кардаи парлумон низ манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя накарда, ҳуқуқҳои онҳоро дар аксар маворид поймол мекунад. Парлумони Тоҷикистон, ки яккаҳизб ҳаст, барои ба расмият даровардани ҳамагуна хоҳиши ҳукумат фаъолият дорад, ки ин бойиси паст гардидани сифати қонун мешавад. Аз ҷониби дигар ин қонунҳо умри зиёд надоранд, тағйиру иловаталаб шуда, дар натиҷа баҳри рушди устувори давлатдорӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ мушкил эҷод мекунанд.
Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |