Бахшҳо
23 май 2011 12:06Минбари Шумо

Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон МУРОҶИАТНОМАИ Иштирокчиёни мизи мудаввари «Вижагиҳои фаъолияти журналистӣ дар шароити муосири мушкилоти ВАО- и Тоҷикистон»

Мо, иштирокчиёни Мизи мудаввар эҳтиромона хоҳиш  менамоем, ки мавқеъи мо – журналистон ва коршиносони ВАО –и кишварро нисбати матну мӯҳтавои лоиҳаи қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» мавриди  баррасӣ  қарор  диҳед.

Омӯзиши  лоиҳаи   қонуни  мазкур нишон  дод,  ки он дорои як қатор бартариҳо буда, аммо аз камбудиҳо низ холӣ нест. Дар иртибот бо ин, мо як қатор  таклифу  пешниҳодҳои  худро ба самъи вакилон расонида, бовар дорем, ки ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи қонун, онҳо ба эътибор гирифта мешаванд:

Ҳамин тариқ:

  1. Моддаи 2 лоиҳа ба иловае эҳтиёҷ дорад, ки  бартарии меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшударо таъкид кунад;
  2. Матни моддаи 3 лоиҳа нисбати он, ки редаксия метавонад масъулияти ахбору маводи нашркардаашро ба дӯш нагирад, нодуруст ва хилофи қонунгузорист;
  3. Бақайдгирии давлатии ВАО бо тартиби барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муқарраршуда (моддаи 6 лоиҳа) иштибоҳи дағали ҳуқуқист, зеро ВАО усулан наметавонанд субъекти ҳуқуқ бошанд – онҳо ҳамагӣ ва фақат шакли паҳн намудани ахбори оммаанд. Нигаред ба матни моддаи 1 лоиҳаи қонун: ВАО ин рӯзнома, маҷалла…, хабарҳои агентиҳо, барномаҳои телевизиону радио ва ғайра мебошад. Яъне ВАО ташкилот ё шахс нестанд Дар ин сурат, баҳисобгирии давлатии ВАО (моддаи 7 лоиҳа), ки бо чунин тарзи бақайдгирии давлатӣ асос ёфтааст, низ эътибори ҳуқуқӣ нахоҳад дошт, ногуфта аз он, ки такрори бақайдгирии як шахси ҳуқуқӣ мамнўъ аст;
  4. Бақайдгирии ВАО ва оинномаи редаксияи он (агар редаксия чун шахси ҳуқуқӣ ташкил шавад) бояд ба зиммаи Вазорати адлия ва ё беҳтар ба мақомоти махсуси (масалан агентӣ, хадамот ва ғ.) ваколатдори давлатӣ доир ба ин соҳа гузошта шавад;
  5. Бо назардошти он ки мафҳумҳои «раддия» ва «ҷавоб» комилан мухолифанд, зарур аст, ки дар моддаи 19 лоиҳа ҳар яке аз ин ҳолатҳоро алоҳида шарҳ дода, асос ва тартиби амали ҳуқуқи раддия ва ҷавоб (чун дар моддаи 174 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҷудогона ва мукаммал дарҷ гардад;
  6. Вобаста ба матни ҳамин моддаи 19 лоиҳа қайд кардани он ҳолатро зарур мешуморем, ки шахси ҳуқуқӣ наметавонад соҳиби «шаъну шараф» бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 5 ва 42),  Кодекси гражданӣ (моддаи 174) чунин ҳолатро фақат ба шаҳрванд ва инсон мутааллиқ медонанд.
  7. Пешниҳод менамоем, ки қисми охирини моддаи 25 лоиҳа чун матни моддаи 7 Қонуни Конститутсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  муқаррар гардад: «дар иттилооти худ натиҷаи баррасии парвандаи мушаххасро пешакӣ ҳал намоянд». Ҳамин моддаи лоиҳа, ба андешаи мо, метавонист бо матни қисми 2 моддаи 144 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  маҳфуз доштани манбаи иттилоотро муайян мекунад, пурра карда шавад;
  8. Лозим мешуморем, ки дар лоиҳа меъёрҳои моддаи 38 Қонуни амалкунанда «товони зарари маънавӣ» бо номи нави «ҷуброни зарари маънавӣ» (чун дар Кодекси гражданӣ) барқарор шаванд ва ба он сархати дуюме бо мазмуни зайл илова гардад: «андозаи ҷуброни зарари маънавиро суд аз рӯи  талаботи оқилона ва одилона, бо назардошти вазъи молумулкии редаксияи воситаи ахбори омма муайян менамояд. Андозаи  ҷуброни  зарари маънавӣ набояд ба маҳдуд гардонидани фаъолияти воситаи ахбори омма ва ё ба бастани  фаъолияти он оварда расонад»;
  9. Ба моддаи 32 лоиҳа меъёри зерин  аз моддаи 36 Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» илова карда шавад: «агар ин маълумот тавассути васоити  дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад»;

10.  Дар лоиҳаи конун бояд моддаи махсус ба асосҳо, шарту шароит, тартиби қатъи табъу нашр ва боздоштани фаъолияти ВАО бо бақайдгирии чунин амалҳо бахшида шавад. Инчунин дар матни лоиҳа мебоист мафҳум ва мӯҳтавои амалҳои таҳқиқоти журналистӣ  ва тартиби паҳн намудани ахбору маводи бо истифодаи сабти ниҳонӣ (скрытая запись) гирифташуда ҷой дода мешуд.

Вакилони мӯҳтарам,

Ҳоло ки лоиҳаи қонуни мазкур барои омӯзиш ва таҳқиқи иловагӣ дар кумитаҳо ва шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қарор дорад, ба ақидаи мо, ба назар гирифтани ҳолатҳои дар боло зикргашта, бешубҳа, ба манфиати кор хоҳад буд. Дар айни замон лоиҳа аз дигар лаҳзаҳои заифии ҳуқуқӣ, мантиқӣ ва таҳрирӣ низ  холӣ нест. Масалан ҷой доштани ибораи «хусумати иҷтимоӣ» дар моддаи 9 лоиҳа дар сурати набудани тавзеҳи чунин мафҳум ба фаъолияти харрӯзаи журналиcтоне, ки проблемаҳои танқидӣ-  иҷтимоиро мебардоранд,  хатари ҷиддие хоҳад буд.

Бо назардошти нақшу мақоми ВАО дар ҷамъияту давлат, ки, аз ҷумла, аз пайёми имсолаи Президенти кишвар ба парламенти мамлакат бармеоянд, пешниҳод мекардем:

  • Дар асоси меъёрҳои дахлдори Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро дар ду қироат баррасӣ намояд ва баъди қироати аввал онро ба муҳокимаи умумихалқӣ барорад;
  • Гузаронидани муҳокимаи парламентии лоиҳаи қонун «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» бо иштироки намояндагони ВАО низ зарурати воқеӣ дорад ва мувофиқи максад хоҳад буд.
3.05.2011                                                                                   ш. Душанбе
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)