Ин ҳам дар ҳоле, ки дар рухдодҳои ахири кишварҳои исломӣ маҳз ҷавононро омилони асосӣ ном мебаранд. Гуфта мешавад бо истифода аз технологияҳои нави фанноварӣ ҷавонон ба таври зуд гирди ҳам омаданд ва ахиран қудратҳои муддати тӯлонӣ дар раъси ҳукумат қарордоштаро сарозер намуданд.
Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои абарқудрат вақтҳои ахир дар бораи эҳтимоли такрор шудани чунин ҳодисаҳо дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. То куҷо ба чунин тахмин бовар кардан мумкин аст ва мавқеи ҷавонон дар ин робита чист?
Коршиносон мегӯянд, дар ҳақиқат аксари мушкилоте, ки дар кишварҳои исломӣ ҷавонон доштанд ва ахиран боис ба инқилобҳо гардиданд, ба ҷавонони тоҷик низ хос аст. Аз ҷумла, бекорӣ, вазъи нохуби иҷтимоӣ, надоштани маълумот ва дигарон. Ҳамчунин мисли он кишварҳо ин қишри ҷомеа бо нерӯҳои сиёсӣ чандон иртиботи қавӣ надоранд. Танҳо ҲНИТ ҷавонони бештареро дар сафҳои худ ҷо карда, барои онҳо созмоне ҳам таъсис дод. Ахиран, ҲХДТ низ чунин як тасмимеро рӯи даст гирифт. Аммо танҳо пешвои наҳзатиҳо Муҳиддин Кабирист, ки бо ҷавонон сӯҳбатҳо анҷом медиҳад ва ба иқрори худаш дар сӯҳбатҳои виртуалӣ тариқи интернет низ аз ҳисоби ҷавонон дӯстон ва ҳатто мушовирон пайдо кардааст. Дигар аз пешвоҳое, ки маҳз бо ҷавонон такя намояд ва бо онҳо мулоқот анҷом бидиҳад, мо надорем. Албатта президент Раҳмон аз ин баҳс берун аст, ки гоҳ – гоҳ дар Тоҷикистон ва хориҷи он низ бо ҷавонон сӯҳбатҳое мекунад.
Бо ин ҳама, оё гуфтан мумкин аст, ки оё ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ аз вазъи воқеиву мушкилоти ҷавонон огоҳ бошанд?
Далер, ном ҷавони тоҷик, ки 5 сол боз дар Русия муқим аст, мегӯяд, ки нияти баргаштан ба ватанро надорад. Далер хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва факултаи иқтисоди байналхалқӣ мебошад. ӯ мегӯяд дар яке аз тарабхонаҳои машҳури шаҳри Маскав, ҳоло на ба ихтисоси худ, балки ҳамчун ошпаз кор мекунад. Дар ин ҷо Далер бо як хонуми рус издивоҷ кардаву акнун мехоҳад шаҳрвандии ин кишварро пайдо кунад.
Бовуҷуди мушкилоти зиёде, ки ҷавонон доранд, Орзуи Карим, рӯзноманигори ҷавони тоҷик мегӯяд, бовар надорад, ки ҷавонон бо нишони эътироз ба хиёбонҳо бирезанд ва эътироз кунанд. «Барои эътироз ҷуръат даркор. Инро ҷавонони мо надоранд» мегӯяд Орзу.
Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан бархе аз таҳлилгарон мегуфтанд дар Тоҷикистон насли калонсол аз сабаби дидани ваҳшониятҳои ҷанги шаҳрвандӣ дигар барои эътироз тарс доранд ва бояд аз насли ҷавон, ки ин ҳамаро надидааст, бояд дар ташвиш буд. Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо «Озодагон» моро итминон дод, ки ҳукумат барои ҷавонон тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст ва замина барои ташвиш вуҷуд надорад. «Мавзӯи муҳоҷират, ки дар бораи мушкилоташ зиёд мегӯянд, танҳо хоси Тоҷикистон нест, балки мушкили тамоми дунё аст. Имрӯз хушбахтона 70 дарсади ҷавонони тоҷик бо кор дар тамоми муассисаҳои давлатӣ таъминанд. Хушбахтона аробаи давлатро имрӯз ҷавонон пеш мебаранд» мегӯяд ӯ ва меафзояд:
- Мушкилоте, ки ҷавонони мо доранд, муваққатист. Ман иллюзия намесозам. Ман аз 17 октябри соли 2004 то имрӯз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистонро ба дӯш дорам. Ва аз тамоми мушкилоташон огоҳам, то ҳадди имкон кӯмак мекунам. Ҷавонони мо хеле ва хеле бағайратанд. Агар хоҳанд эътироз кунанд, роҳи онҳоро касе гирифтан наметавонад. Эътирозашон агар ноогҳона, гумроҳ ва сӯзанда бошад, ба касе даркор нест. Мо бояд шукронаи давлати имрӯзаро кунем, ки чизи гумшударо пайдо кардем. Вақт мушкилоти моро ҳал кард, фақат тоқат лозим. Ман соҳиби 3 фарзанд ҳастам. То ҳол давлат ба ман хона тақдим накардааст. Хонае, ки ман ҳоло дар он иқомат мекунам, хонаи донишҷӯиям ва тӯҳфа аз дасти тағои соҳибкорам аст. Ва сад бор шукронаи истиқлол ки бо маоши 1 ҳазору 850 сомонӣ зиндагӣ мекунам. Аммо имрӯз баъзе ҷавонон бо эътирози надоштани манзили зист ба ман муроҷиат мекунанд, ман наметавонам ба ҳамаи онҳо кӯмак кунам. Албатта шабҳо ранҷи онро мекашам, ки боз ба як шаҳрванди тоҷик кӯмак кардан натавонистам. Вале шукри Истиқлоли ватанро кардан лозим аст ва тамоми мушкилоти мо ҳал мешавад, бовар кунед.
Сарвари ҷавонони кишвар дар ҳоле аз шароити мусоиди ҷавонон ва шукргузорӣ мегӯяду аз ҳалшавии мушкилот ҳарф мезанад, ки ҷавонони бистсолаи оғози истиқлол имрӯз чилсола шуданд. Ҳоло суол ин аст, ки ин чилсолаҳои бехонаву ҷой бекору мардикор чанд даҳсолаи дигар бояд интизор бошанду шукргузорӣ кунанд? Ва оё бистсолаҳои имрӯз ба умеди фардо чилсола нахоҳанд шуд???{jathumbnail off}
Ҷамила Мирбозхонова
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |