Озодагон: Дар аввали моҳи равон шумо ба Марокаш барои иштирок дар ҳамоиши Федератсияи байналхалқии ҳандбол даъватӣ будед ва онҷо намояндагӣ аз федератсияи ҳендболи (гандбол) Тоҷикистон кардед. Хуб мешуд, бардошти хешро аз ин ҳамоиш мегуфтед.
Муҳиддин Кабирӣ: Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон.
Тибқи оинномаи Федератсияи Байналмиллалии ҳандбол ҳар ду сол ҳамоиши (Конгресси) ҷаҳонӣ баргузор мегардад, ки дар он масоили ташкилӣ ва идорӣ баррасӣ мегарданд. Масъулини ин соҳа аз ҳама кишварҳои узв ҷамъ мешаванд ва мо ҳам ба намояндагӣ аз Тоҷикистон даъватӣ будем. Қабл аз сафар дар ин шаҳр таркише рух дод, ки қисме аз меҳмонон баъд аз иттилои ин хабар ба конгресс ташриф наоварданд. Ҳангоми таркиш мо дар Истамбул будем ва ба мо нома расид, ки Шоҳи Марокко амнияти меҳмононро зери назорати хеш гирифтааст ва мизбонон ҳам пофишорӣ намуданд, ки сафари худро идома диҳем. Мо бо бисёре аз намояндагони кишварҳои дигар машварат кардем ва ба хулоса омадем, ки ширкат намоем, то ин як навъ кӯмак ва дастгирии масъулини Марокко ва мардуми ин кишвар бошад. Чунки дар сурати баргузор нашудани ин ҳамоиш зарбаи сахте ба обрӯ ва ҳайсияти кишвари мизбон мешуд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва амниятӣ гузашт ва аз ширкат пушаймон ҳам нестем. Натиҷаҳояш барои ин навъи варзиш дар кишвари мо ҳам хуб буд.
Озодагон: Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ масъалаи тағйироти сохторӣ дар ин ҳамоиш матраҳ буд. Агар чунин буд, пас аз ин тағйирот чиро интизор шудан мумкин?
Муҳиддин Кабирӣ: Бале. Мансаби Дабири Кулл дар Федератсияи ҷаҳонӣ барҳам дода шуд ва Президент бо Мудири иҷроия боқӣ монд. Инчунин, тасмим дар бораи вақт ва ҷойи баргузории панҷ мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ гирифта шуд. Бояд гуфт, ки рақобат байни кишварҳо барои мизбони ин мусобиқаҳо шудан хеле калон аст. Аз як тараф ин обруй ва аз тарафи дигар даромади зиёде аз худи мусобиқаҳост.
Озодагон: Гуфта мешавад, ки ин навъи варзиш дар ҷаҳон рушди назаррас надорад. Оё бардошт аз ибораи «ҳандбол алмосест, ки мебояд коркард шуда, арзиши бриллиантро пайдо кунад»-и Ҳасан Мустафо ин нест, ки фаъолияти ҳама федератсияҳо ғайри қаноатбахш аст…?
Муҳиддин Кабирӣ: Президенти Федератсияи ҷаҳонӣ ин ҳарфҳоро дар бораи ҳандбол гуфтанд ва бояд эътироф кард, ки танҳо дар Урупо ва кишварҳои арабӣ ин навъи варзиш ҳаводорони зиёд дорад. Дар Урупо ҳандбол имсол 25 миллион доллар даромад додааст, дар сурате, ки федератсияҳои мо танҳо хароҷот доранд. Сухан дар бораи фаъолияти ғайриқаноатбахши федератсияҳо намеравад, худи варзиш чандон маъруф нест. Агарчӣ навъи олимпии варзиш аст ва солҳои шӯравӣ ба он дар сатҳи давлатӣ аҳамият дода мешуд. Баъзе варзишҳое мисли футбол, муштзанӣ (бокс), гуштӣ ва ғайра ҳам байни мардум ҳаводорон доранд ва ҳам кӯмаки байналмиллалӣ мегиранд.
Тасаввур кунед, ки федератсияи мо аз рӯзи ташкил шуданаш танҳо такя ба маблағгузории хусусӣ мекунад. Мо ба қарибӣ тими миллии Тоҷикистонро ба Покистон бурдем ва тим бо натиҷаҳои хуб баргашт. Ёдовар мешавам, ки мо маҷбур будем, ки аз ҳандболбозони Афғонистони ҷангзада хоҳиш намоем, то қисмати сафарро аз марзҳои худ ба дӯш бигиранд. Бояд гуфт, ки ҳатто дар ин кишвар ҳам ин навъи варзиш аз тарафи буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад, агарчи дар аксари вохӯриҳо бо мо бозиҳоро бохтаанд. Ҳамаи навъҳои варзиш, ба хусус варзиши командавӣ ниёз ба дастгирии давлатӣ дорад. Вагарна як нафар наметавонад ба танҳои масъулиятро ба душ бигирад. Ин бокс ё шоҳмот нест, ки як нафарро омода намуда чемпион намоӣ. Дар ин навъи варзиш бояд даста омода шавад ва ин хароҷоти зиёд дорад.
Озодагон: Дар ин ҳамоиш ба Федератсияи байналмилалии ҳандбол боз чанд федератсияи дигар низ ҳамроҳ гардид. Узвияти федератсияи ҳендболи Тоҷикистон ба ин федератсияи байналмилалиро чанд муддат мешавад?
Муҳиддин Кабирӣ: Ин дафъа 9 кившар ба узвият пазируфта шуданд. Федератсияи Тоҷикистон ду сол пеш дар ҳамоиши Қоҳира ба узвияти Федератсияи Ҷаҳонӣ пазируфта шуда буд, ки ин албатта барои мо фахр аст.
Озодагон: Барои як сиёсатмадор мисли шумо гузашти як ҳафта ё бештар аз ин дар чунин як чорабинии ғайри сиёсӣ метавонад талафи вақт бошад ё ин гуна чорабиниҳоро орӣ аз сиёсат намешуморед?
Муҳиддин Кабирӣ: Варзиш ҳеҷ гоҳ аз сиёсат ҷудо набуд ва намешавад. Барои ин чанд мисол меорам. Олимпиадаи соли 80-умро (Олимпиадаи Маскав-1980 дар назар аст) ғарбиҳо бо сабабҳои сиёсӣ таҳрим карданд. Барои мизбонии мусобиқаҳои бузурги варзишӣ рақобат ба сиёсат табдил мегардад ва шумо мебинед, ки Путин чанд соат пеш аз қуръакашӣ барои гузаронидани чемпионати футбол суханронии сиёсӣ мекунад ва ба қавле, мавқеъи кишварашро мушаххас менамояд, ки агар Русия ғолиб наояд… Ё амири Қатар худаш дар маросими қуръакашӣ ширкат менамояд.
Қобили зикр аст, ки ҳамоиши навбатии ҳандбол ҳам дар Қатар мегузарад ва амирзодаи ин кишвар дар рақобат кишварашро дастгирӣ менамояд. Дар кишвари мо ҳам акнун фаҳмиданд, ки варзиш танҳо сиёсат нест, балки сиёсати бузург аст. Оне ки таваҷҷуҳ ба варзиш солҳои ахир бештар гашт, гувоҳӣ аз ҳамин медиҳад. Ду сол қабл дар Қоҳира сафири мо занг зад ва хоҳиш кард, ки ҳангоми овоздиҳӣ ба яке аз мақомоти байналмиллалии ҳандбол ба номзади эронӣ раъйи худро диҳам. Эҳсос кардам ки ин хоҳишро тариқи вазорати хориҷиамон дигар дӯстон кардаанд. Тамоми сафирон ба намояндагони кишварҳои худ занг мезаданд ё шахсан меомаданд, то ба номзади кишвари дӯсташон раъйи бештар зам шавад. Ба сафир гуфтам, ки мо аллакай чанд намояндаи кишварҳои осиёиву африқоиро ҳам ташвиқ кардем, ки ба номзади эронӣ раъй диҳанд ва зарурат ба хоҳиши шумо намондааст. Ин як мисоли рабти варзиш бо сиёсати хориҷӣ мебошад.
Аз тарафи дигар, барои як сиёсатмадор ҳам хуб аст, ки ба машғулиятҳои дигари ғайри сиёсӣ машғул бошад. Вагарна сиёсат доим инсонро хушк мегардонад. Сафари як ҳафта барои варзиш на танҳо сарфи вақт нест, балки аз чанд ҷиҳат муфид аст. Аввалан, барои обрӯйи кишвар ва ин навъи варзиш фоида дорад. Сониян, инсон як ҳафта ҳам бошад, аз сиёсат ва масоили марбут ба он канор меравад. Агар шумо сиёсатбозӣ мекунед, тамоми умр ва шабу рӯз ба он машғул шавед, зарар надорад, чун бозӣ аст. Вале, агар шумо ба сиёсат ҷиддӣ ва ҳирфаӣ машғулед ва он ҳам боз дар шароите , ки ману шумо дорем, пас ниёзи доимӣ ба танаффусҳои кӯтоҳ доред. Чӣ аз тариқи варзиш ё ягон фаъолияти ғайри сиёсӣ. Ахиран, ҳатто дар чунин сафарҳои варзишӣ ҳам гоҳо вохӯриҳои сиёсӣ анҷом мешаванд. Барои мисол, дар Марроко бо роҳбарияти ҳизби исломгарои «Адолат ва тараққиёт»-и ин кишвар дидор доштем, ки барои ҳар ду тараф муфид буд. Ин ҳизб тақрибан платформаи сиёсии ба мо наздик дошта, 20% парлумони кишварро дар даст дорад. Ба хулоса омадем, ки дар яке аз чорабиниҳои калони мо ба ҳайси меҳмон ширкат намоянд ва табодули таҷриба байни мо сурат бигирад.
Озодагон: Баъзе аз доираҳои дохилӣ сафарҳои Шуморо нодуруст шарҳ медиҳанд ва бардошти дигар доранд, масалан дар мавриди ин сафаратон низ чунин ҳолат буд. Намешавад, ки қабл аз сафари хориҷа ҳадафи онро тавзеҳ бидиҳед?
Муҳиддин Кабирӣ: Набояд мо худро зиёд саргардони чунин шарҳҳо кунем. Билохира, вақте як сиёсатмадор ё ҳизб амал менамояд, дар борааш мегӯянд, менависанд ва ҳар қадамашро шарҳу тафсир мекунанд. Агар шумо доим гирифтори чунин шарҳу тафсирҳо бошед, бояд аслан амал накунед. Агар касе бихоҳад дар бораи шумо ҳарфи ғаразноке бизанад, дигар фарқ надорад, ки ба куҷо сафар мекунед ва барои чӣ. Ӯ ҳарфашро мезанад ва дилашро холӣ мекунад. Вазифаи мо амал кардан аст, вазифаи онҳо шарҳу тафсир.
Вале, нуктаи ишора намудаи шумо дар бораи паҳн намудани хабари қабл аз сафар хеле муҳим аст ва шояд дар оянда аз ин тавсия кор гирифта шавад. Агар мо камҳавсалагӣ кардем, бояд масъулини мо таваҷҷӯҳи бештар ба ин масъала бидиҳанд.
Озодагон: Фаъолияти федератсияи ҳандболи Тоҷикистон аз нигоҳи хориҷиён чӣ гуна баҳогузорӣ мешавад?
Муҳиддин Кабирӣ: Мо дар минтақа ягона федератсияи ҳандбол ҳастем, ки маблағгузории буҷавӣ надорем ва худи фаъолият ва рушди бемайлони мо барои бисёриҳо натиҷаи хуб аст. Федератсия ҷаҳонӣ ва осиёӣ ваъда намуданд, ки тимҳои моро бо лавозимот ва тӯб таъмин менамоянд. Моро лозим аст, яке аз мусобиқаҳои хурди байналмиллалиро мизбон шавем ва танҳо дар ин сурат таваҷҷӯҳ ба кишвари мо зиёд мешавад. Вале, барои мизбон шудан шароити зарурӣ ва мусоидати мақомоти давлатӣ зарур аст. Масалан, тими миллии мо меҳмони ҳандболбозони афғон буд ва онҳо тамоми хароҷоти дохилиро ба души худ гирифтанд. Табиист, ки аз ҳисоби мақомоти масъули кишварашон ва Кумитаи миллии олимпики Афғонистон. Вақте онҳо меҳмони мо буданд, ҳатто толорро барои мусобиқаи дӯстии ду тими миллиро аз масъулин иҷора гирифтем. Албатта, хомӯш, то дӯстони афғон нафаҳманд. Ин пештар буд, умедворем ки ҳоло муносибат пас аз омадани масъулини нав ва вохӯрии Президент бо варзишгарон тағйир кардааст ва метавонем ягон мусобиқаи минтақавиро мизбон бошем.
Озодагон: Шумо ҳамчун президенти Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон дар наздиктарин вақт чӣ нақша дорад?
Муҳиддин Кабирӣ: Афсус, ки дар чорабиниҳои варзишии бахшида ба 20-солагии истиқлолият навъи ҳандбол ворид нагашт, вале мо ният дорем, ки як мусобиқаи ҷумҳуриявиро то ҷашнвора баргузор намоем. Инчунин, тими бонувонро барои мусобиқаҳои осиёӣ дар Алмаато омода карда истодаем ва агар ба мо кӯмак намоянд, дар он ширкат хоҳем намуд. Дар умум, барои оммавӣ намудани ин навъи варзиш барномаҳое дорем, ки дар фурсати дигар шояд атрофи он суҳбат намоем.
-Ташакур барои сӯҳбат
-Саломат бошед!
Сафари Халил
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |