Бахшҳо
07 май 2011 08:04Минбари Шумо

Номаи кушоди Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣмӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нусха: Ба Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ!

Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон зимни ибрози эҳтиром ҷихати баррасии "дастури" навбатии ғайриқонунӣ ва беасоси Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуров Б.С., ки тибқи мактуби расмӣаз  27.04.2011с таҳти № 1-203 ба ширкатҳо-аъзоёни Ассотсиатсияҳо ирсол карда шуд, муроҷиат намуда истодааст (нусхаи мактуб замима карда мешавад).

Дар мактуби мазкур Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "бо сабаби таъмини бехатарии давлат ва ба танзим даровардани истифодабарии радиобасомадҳо ва воситаҳои радиоэлектронӣ" аз санаи 1 майи соли ҷорӣ иҷозатҳои додашударо барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ баҳри тамоми пайвастшавӣ, ба истиснои пайвастшавӣ тавассути оператори давлатӣ, дар ноҳияҳои сарҳадӣ қатъ намуд.

Қарори мазкури мӯҳтарам Зуҳуров Б.С. бо вайрон намудани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Точикистон, аз ҷумла  Низомномаи комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо қабул шудааст, ки тибқи он чунин қарорҳо бояд дар мувофиқа бо мақомоти амнияти  кишвар қабул карда шавад.

Инчунин, "дастурҳои" мазкури  Зуҳуров Б.С. мухолифи дастуру супоришҳои Шумо, ки дар Паёми худ оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 20 апрели соли 2011с., ҷиҳати беҳдошти фаъолияти алоқаи телефонӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ва пайвастшавии онҳо ба Интернет шахсони масъулро вазифадор намудед, мебошад.

Иқдомҳои мазкури Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо сарварии Зуҳуров Б.С. садди роҳи инкишоф ва фаъолияти технологияи муосири амалкунанда шуда сабаби коҳиш ёфтани буҷаи давлатӣ ва паст шудани обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣмегардад. Инчунин, "пешниҳоди" Зуҳуров Б.С. оид ба амалӣ намудани пайвастшавӣ бо воситаи оператори давлатӣ, ба он оварда мерасонад, ки дар натиҷаи зиёд шудани талаботи операторони дигар имкониятҳои техникии оператори давлатӣ кифоягӣ накарда дар натиҷа тамоми алоқа метавонад аз кор монад ва боиси ба вуҷуд омадани зарари назаррас ба давлат ва тамоми сохторҳои он гардад.

Чунин сиёсати Зуҳуров Б.С. ба он оварда расонд, ки имрӯз кишвари мо дар минтақа мавқеи пешсафро ҷиҳати ба маркази транзитии телекоммуникатсионӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз даст додааст. Дар натиҷа, ширкатҳои телекоммуникатсионии Афғонистон бо воситаи нахи нурӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст шуда, кишвари мо аз фоидаи зиёди ин трафик маҳрум гардид.

Аз ин лиҳоз, мо ба Шумо муроҷиат намуда эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба чунин "иқдомҳо" ва "дастурҳо"-и Хадамоти алоқаи кишвар бо сарварии Зуҳуров Б.С., ки бар хилофи сиёсати Шумо равона карда шуда барои дастгирии вазъи кунунии соҳаи алоқа ва инкишофи минбаъдаи он зарари ҷиддӣ мерасонад, хотима гузошта шавад.

 

Замима: мактуби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар 1 саҳифа.

 

Бо камоли эҳтиром,

Иркаев Г.Н.,

раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони

алоқаи мобилии Тоҷикистон

Ибодова П.Ч.,

раиси Ассотсиатсияи

Интернет-провайдерони Тоҷикистон

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)