Ҷабрдида дар ҷои ҳодиса бар асари ҷароҳат ва хунравии зиёд фавтидааст.
Гуфтанист, хатсайри Сухаревская яке аз хатсайрҳои серодамтарин метрои Маскав маҳсуб гашта, ҳамчунин қатора ба самти Хиёбони Сулҳ (Проспект Мира) ҳаракат мекардааст, ки ин ҳам қитъаи серодамтарини метро мебошад. Гузашта аз ин вобаста ба ҷашнгирии Иди Ғалаба тамоми пулиси Маскав дар ҳолати омордабоши 100 %-а қарор дошта, ҳайати кормандони пулис дар ҷойҳои издиҳомӣ ба чанд карат аз ҳисоби асокири нерӯҳои мусаллаҳ афзун карда шудаанд.
Аммо намояндагони созмонҳои миллӣ мегӯянд, чандест ҳолатҳои бор кардани ҷиноятҳо ба мардуми миллати ғайрирус бе доштани далел аз суи макомоти зирабти Русия хеле авҷ кардаанд. Сироҷиддин Нурализода, роҳбари як гурӯҳи ҷавонони рӯшанфикри муҳоҷири тоҷик дар Маскав мегӯяд, ин маротибаи аввал нест, ки бе таҳқиқу таҳлил ва бе доштани далел дар сурати сар задании бетартибиҳо мақомот оҷилан дар он пайи мардуми миллати дигарро пайдо мекунанд ва изҳоротҳое пахш мекунанд, ки хашми миллати таҳҷоиро нисбат ба мардуми омад ангезиш медиҳад.
Ин ҳодиса чи гуна дар миёни ин қадар теъдоди зиёди кормандони мақомоти интизомӣ сурат гирифтааст, суоли матраҳ аст. Ҳамчунин роҳбарияти пулис ваъда кардааст, дар ин росто дар мавриди каммасъулиятии кормандонаш чораҳо хоҳад андешид.
Ёдрас менамоем, чунин амалиёти вижаи кормандони пулис пас аз хоб дидани як кампири рус шурӯъ гардида, тамоми хатсайрҳои метрои Маскав таҳти назорат қарор доранд. Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |