Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе ҳайати меъморони шаҳри Маскавро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои Шафкат Саидов, сухангӯи мири пойтахт меҳмонон аз Русия таҳти сарварии муовини якуми сарвари кулл оид ба иқтисодиёти КВД «Моспроект-3»-и Кумитаи меъмории шаҳри Маскав Олег Плетнев ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Ин боздид дар асоси тафоҳумоти зимни сафари қарибулвуқӯи Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шаҳри Маскав бо Сергей Собянин бадастомада сурат пазируфт.
Саидов афзуд, аснои мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев сипосмандии хешро ба ҳамтои худ - мири шаҳри Маскав Сергей Собянин бобати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди мавҷуда ба Душанбе сафарбар намудани ҳайати мазкур иброз дошта, зикр сохт, ки ин ҷониб барои ҷалби потенсиали меъморони шаҳри Маскав оид ба тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва тарҳрезии лоиҳаҳои муосири меъморӣ, ки таҷассумкунандаи арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ бошанд бо назардошти феълан татбиқи Нақшаи генералӣ дар хиёбони Рӯдакӣ оғоз гардидааст, аҳамияти хоса медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин равобит бо инобати ташрифи мутахассисон ба масъулини марбутаи соҳаи шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки зимни пажӯҳиши якҷоя нисбати таҳияи консепсияи рушди меъморӣ-ландшафтӣ, ороишу мукаммалсозии муосири намои берунаи биноҳо дар шаҳр, дар навбати аввал дар қисмати марказии пойтахт унвонии раиси шаҳр таклифҳои асоснок ирсол намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати мазкур то оғози ҳафтаи оянда бо ҳамтоёни душанбегии худ фаъолияти якҷоя анҷом медиҳанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр