Леон Панета вазири дифоъи ИМА интихоб гардид.
Сенати Иёлоти Муттаҳида рӯзи гузашта номзадии ӯро ба ин мақом пазируфт ва ҳамакнун Панета ҷойгузини Роберт Гейтс мешавад. Бино ба навиштаи «Ню-Йорк таймс» Леон Панетта то ин муддат сарварии Хадамоти Истихборотии Амрикоро ба зимма дошт.
Ин нашрия менависад, Роберт Гейтс тӯли бештар аз чор соли ахир вазири мудофиаи ИМА буд ва 30-юми июни соли равон маъмурияташ ба поён мерасад. Ҳамзамон, курсии холимондаи Леон Панеттаро, Дэвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва байналмилалӣ дар Афғонистон ишғол хоҳад кард. Раъйдиҳӣ дар сенати Амрико дар остонаи як суханронии муҳими Барак Обама сурат гирифт, ки барномаи оғози ихроҷи сарбозони Амрико аз Афғонистонро эълом мекунад. Леон Панеттаи 73-сола ва сиёсатмадори собиқадори амрикоӣ гуфтааст, ки тарафдори ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон аст, ки аз моҳи оянда шурӯъ мешавад.
Мӯҳр