Анатолий Сердюков, вазири мудофиаи Русия ба Душанбе меояд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати дифоъи Тоҷикистон, боздиди Сердюков дар назар аст, ки рӯзи 24-уми июн сурат бигирад. Гуфта мешавад, дар Душанбе мулоқоти ӯ бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев баргузор хоҳад шуд. Бино ба қавли манбаъ, зимни нишасти вазирон масоили ҳамкории муштараки низомӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин, масъалаи омода сохтани афсарон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар донишкадаҳои низомии Русия низ мавриди муҳокимаи Хайруллоев ва Сердюков қарор мегирад. {jathumbnail off}
Мӯҳр