Масоили рушди иқтисоди миллӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар робита ба ин дирӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар 5-моҳи соли равон сурат пазируфт.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин вазоратхона иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, намояндагони масъул аз дастгоҳи иҷроияи президент ва мақомоти мухталифи ҳукумат ширкат доштанд.
Зимни ин ҳамоиш натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ, сатҳи таваррум дар бозори истеъмолӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ гардид. Раҳмон Баҳронов, сардори сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ гуфт, суръати рушди ММД дар ин давра 6,4% ва сатҳи таваррум дар бозори истеъмолӣ 6,9%-ро ташкил медиҳад.
Анвар Ёқубов, роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд гуфт, ки дар ин давра 9 субъекти хоҷагидорӣ дар минтақа ба қайд гирифта шудааст ва айни замон миқдори умумии онҳо ба 14 адад расидааст. Ҳоло лоиҳаҳои инвеститсонии 6 ширкати дигар ҷиҳати бақайдгирӣ пешниҳод шуда, мавриди омӯзиш қарор доранд, афзудааст Ёқубов. {jathumbnail off}
Мӯҳр