Нашрияи маъруфи “NEW EUROPE” 19 июни соли 2011 дар шумораи № 940 матолиберо дар бораи Тоҷикистон ба нашр расонидааст.
Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷа, ин матлабҳо таҳти унвонҳои “Tajikistan President visits Europe” ва “Taming the waters of Tajikistan” руйи чоп омадаанд. Дар мақолаи аввал ахбори муфассал доир ба сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин мақолаи вакили парлумони Аврупо, Струан Стивенсон оид ба имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон инъикос гардиданд.
Маврид ба ёдоварист, шумораи мазкур 160 ҳазор нусхаро дар бар гирифта, дар зиёда аз 140 давлати дунё паҳн карда мешавад. Хоҳишмандон бо нишонии www.neurope.eu, аз ҳафтаномаи «NEW EUROPE» матолиби мазкурро барои мутолиа пайдо карда метавонанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр