Имомудин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон бо муовини президенти Намоишгоҳи байналмилалии китоби Франкфурт Тобиас Фосс ва Роҳбари бахши ташкилии ин идора хонум Купска мулоқот кард.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз департаменти иттилоотии ВКХ иттилоъ доданд, дар нишаст масоили марбут ба вазъи табъу нашри китобҳо, дастовардҳои илмиву фарҳангӣ баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, ҷаноби Фосс қайд кард, ки Намоишгоҳи китоби Франкфурт (Frankfurter Buchmesse) яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои китоби байналмилалӣ маҳсуб ёфта, ҳар сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 7.400 нашриёту чопхонаҳо аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Иштирок дар ин намоишгоҳ ба ширкаткунандагон ҷиҳати муаррифии китобҳо, ба роҳ мондани робитаҳои корӣ бо ширкатҳои нашр ва паҳнкунандаи китобу маҷаллаҳо, корхонаҳои истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои муосири чопкунӣ, табодули малака бо мутахассисони соҳа, инчунин муаррифии дастовардҳои илмиву фарҳангии кишварҳо имкониятҳои беҳтаринро фароҳам меоварад.
Мӯҳр