Агар арзиши истифодаи барқ барои ширкати «Талко» боло бурда шавад, пас дар мавриди истеҳсоли алюминий метавонем дигар ҳарфе нагӯем.
Дар ин бора Игор Сатторов, сардори департаменти таҳлил ва иттилооти КВД «Талко» зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар ҳузури хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ иброз дошт. Номбурда гуфт: «Олимони шуравӣ ҳисоб кардаанд, ки қувваи барқ барои тавлиди алюминий чӣ қадар арзиш бояд дошта бошад. Дар замони шӯравӣ як киловат соат қувваи барқ 2 тин нарх дошт, арзиши он барои корхонаи ТадАз хеле поин буд. Аммо аҳолӣ 4 тин ва корхонаҳои дигар то 12 тин месупориданд. Ҳоло ман ҳайронам, ки чаро саволҳое ба монанди он, ки чаро аҳолӣ ва корхонаҳои дигар бояд бештар пул диҳанд, дода мешаванд. Посух чунин аст, ки дар сурати дигар будани нархҳо, зарурат доштани истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон аз мантиқ дур аст».
Ба гуфтаи оқои Сатторов корхонаи алюминийи тоҷик бехтарин истеъмолгар ба шумор меравад. Зеро тамоми неруи барқе, ки ба он дода мешавад, 100% барои истеҳсолот истифода мешавад.
Ҳамзамон, ҷаноби Сатторов гуфт, ин ки ширкати «Талко»-ро ба норасоӣ ва камбуди барқи Тоҷикистон гунаҳкор медонанд, иддаои бепоя аст, зеро мо ҳам мисли дигарон «истеъмолгарем, на истеҳсолкунанда».
Мӯҳр