Қарзи ширкати «Барқи Тоҷик» дар назди буҷаи давлатӣ 251 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тавре аз ин ниҳод ба Озодагон иттилоъ доданд, қарзи мазкур аз ҳисоби андозҳо буда, он то 1-уми январи соли равон ҳисоб шудааст: “Дар маҷмӯъ, қарзи асосӣ 193,4 миллион сомонӣ ва маблағи ҷаримаю фоизҳо 57,6 миллион сомонӣ мебошад”.
Ба гуфти манбаъ, қарзи кредитории ШСХК «Барқи Тоҷик» аз баъзе корхонаҳо ба ҳолати аввали моҳи январи соли равон ба тарзи зайл аст: қарздории андозҳо- 251 миллион сомонӣ, ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1»- 320,7 миллион сомонӣ ва НБО-и “Сангтӯда-2”- 50 миллион сомонӣ ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, иттилоъ дода мешавад, ки “Барқи тоҷик” дар соли 2012 пардохти маблағи барқи ҶСК “НБО Сангтӯда-1”-ро дар ҳаҷми 83,1 миллион сомонӣ ва маблағи барқи НБО-и “Сангтӯда-2”-ро дар ҳаҷми 19,4 миллион сомонӣ таъмин намдуааст.
Мӯҳр