Бар асари садами нақлиётӣ дар километри 42-юми ҳудуди деҳаи Чимбулоқи ноҳияи Хуросон 4 нафар аз як хонавода ба ҳалокат расид.
Дар ин бора ба Озодагон аз Раёсати БДА-и Тоҷикистон иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, Қутбиддин Холови 32-сола, ки мошини «Тайота-Раф-4»-ро меронд, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар километри 42-юми ҳудуди деҳаи Чимбулоқи ноҳияи Хуросон, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиелло», таҳти идораи ронанда Юсупов Муҳибулло бархӯрдааст.
Манбаъ афзуд, дар натиҷа ронандаи автомашинаи «ДЭУ-Сиелло» Юсупов М. ва мусофирони он: Юсупов Мирзовалӣ 56-сола, Юсупова Хосият 55-сола, Юсупова Идигули 25-сола, ки сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар вақти ба беморхона интиқол ёфтан ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр