Ватикан барои бори нахуст аз ибораи «кишвари Фаластин» ба ҷойи «Ташкилоти худгардони Фаластин» истифода намуд.
Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, дар баёнияи расмие, ки рӯзи 31-уми январ аз ҷониби Ватикан дар мавриди музокироташ бо созмонҳои озодибахши Фаластин интишор гашт, чандин маротиба ибораи кишвари Фаластин истифода шудааст.
Сухангӯи Ватикан дар ин бора изҳор намуда, ки пас аз ба расмият шинохта шудани узвияти Фаластин дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун кишвари нозири ғайри узв, номи расмии он кишвари Фаластин мебошад. Азбаски Ватикан инро қабул дорад, минбаъд аз он истифода хоҳад кард.
Ёдрас менамоем, ки чанде қабл Маҳмуд Аббос, раиси собиқ Ташкилоти худгардони Фаластин аз тамоми ниҳодҳои ҳукуматии ин кишвар хоста буд, то аз ин ба баъд ба ҷойи Ташкилоти худгардони Фаластин кишвари Фаластин ном бибаранд.
Мӯҳр