Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ ду нафар ба ҳалокат расида, як тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
Тавре дар ин бора аз РБДА ба Озодагон иттилоъ доданд, дирӯз 1-уми феврал Ҷамшед Раҳмоновичи 31-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи «Митсубиси Пажеро», рақами давлатиаш В 20-65 РТ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ ба самти ноҳияи Ванҷ дар километри 245-уми роҳ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба чуқурии 70 метр чаппа шудааст.
-Дар натиҷа мусофирони автомашина Додов Ҳинояти 76-сола ва Латифова Азизмоҳи 51-сола, ки сокинони н.Ванҷ мебошанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи Ризмонов бошад ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст, афзуд манбаъ.
Аз аввали соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ зиёда 70 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 20 нафар ба ҳалокат расида, 83 тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд ва дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мӯҳр