Гаронтарин мошини ҷаҳон, ки 3,5 миллион долар арзиш дорад,аз тарафи писари амири Қатар Ҷавъон ибни Ҳамд харидорӣ шуд.
Тавре дар ин бора расонаи хабарии “ал-Арабия” навиштааст, модели ин мошин “Hyper Sport” буда, рангаш сиёҳ ва чароғҳои он аз алмос сохта шуда, рӯйкаши ҷойи нишастҳояш бошад бо нахи тилло зардӯзӣ шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, мошини мазкур нахустин истеҳсоли ширкати “General Motors” ба шумор рафта, ки дар Лубнон бо ҳамдастии чанд кишвари дигар фаъолият дорад.
Гуфтанист, то ин дам гаронтарин мошини ҷаҳон “Bugatti Veyron” маҳсуб меёфт, ки тақрибан 2 миллион доллар қиммат дошт.
Ёдрас менамоем, ки рӯзи 29-уми январ сеюмин давраи намоишгоҳи мошин дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар баргузор гардида, мошини “Hyper Sport”, ки акнун моли оқои Ҳамд аст, ба намоиш гузошта шуда буд.
Мӯҳр