Вазири маорифи Тоҷикистон бар он аст, ки барномаҳои дарсии ҷорӣ дар кишвар ба талаботи муосири таҳсил мувофиқ набуда, бояд коркард шаванд.
“Имрӯз нисбат ба кишварҳои пешрафта дар Тоҷикистон миёни барномаю вақти барои таълими ин ё он фан ҷудошуда номувофиқӣ ба назар мерасад, яъне, соат зиёду мавзӯъ кам аст, ки боиси нигаронист”, - гуфт Нуриддин Саидов зимни мулоқоташ бо кормандони соҳаи маориф.
Тавре аз Вазорати маориф ба Озодагон хабар доданд, мулоқоти мазкур рӯзи 31 –уми январ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.
Манбаъ афзуд, ки Вазири маориф зимни мулоқот дар бораи рисолати омӯзгорони муасисса дар мавриди такмили ихисос ва бозомӯзии муаллимони мактаб сухан ронд. Инчунин қайд кард, ки иқтидори донишкада ва сифати таҳсилот аз омӯзгорони он вобаста аст.
Сарчашмаи хабар афзуд, ки дар ҷамъомад аз боби иқтидори илмии кормандони соҳа сухан рафт. Чуноне вазири маориф ироа дошт, агар нируи зеҳнии донишкада баланд набошад, табиист, ки кор пеш намеравад. Ба ҳамин хотир, дар донишкада бояд устодоне дарс гӯянд, ки ҳадди ақал номзадони илм бошанд. Дар ҳамоиш масъалаи ҷойҳои кории ДҶТИБКСМ баррасӣ шуд.
Вазири маорифи кишвар гуфт, омӯзгорони басе ҷавону камтаҷриба ва ё онҳое, ки дар давоми солҳо барои такмили дониши хеш накӯшидаанд, набояд ҷойҳои кориро банд кунанд. Аз ҳамин ҳисоб аз 30 то 40 дарсади ҷойҳои кории холӣ дар донишкадаи мазкур нигоҳ дошта шавад, то аз ҳамин ҳисоб устоди устодон - олимони соҳа: академикҳо, докторҳо ва номзадҳои илмро аз донишгоҳҳои омӯзгорӣ, ДМТ ва АТТ барои гузарондани дарсҳо ба таври соатбайъ ҷалб бояд кард.
Саидов шумораи солонаи таҳсилкунандагони донишгоҳи мазкурро низ муқаррар кард. “Кор тарзе ба роҳ монда шавад, ки ҳар сол 22 ҳазор омӯзгор ихтисоси худро такмил намоянд ва бозомӯзӣ кунанд. Барои ин фаъолияти марказҳои дар минтақаҳо ҷойдоштаро мутамарказонидан лозим аст” – гуфт ӯ.
Мӯҳр