Теҳрон ҳеҷгоҳ хостори қатъи музокирот бо гуруҳи 5+1 набуда, таъкид менамояд, ки музокирот бояд то расидан ба як натиҷаи дилхоҳи тарафайн идома ёбад.
Бино ба гузориши расонаҳои хориҷӣ, ин нуктаҳоро Алиакбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дирӯз 31-уми январ зимни нишасти хабарие аснои суҳбаташ дар мавриди макони баргузории давраи баъдии музокироти кишвараш бо гуруҳи 5+1 иброз намуд.
Номбурда бо ишора бар ин ки музокироти оянда дар ҳафтаи ахири моҳи феврал баргузор хоҳад шуд, афзуда: “Одатан, макон ва замони баргузории музокиротро намояндагони ду ҷониб – Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон муайян месозанд”.
Вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд, аз баски ҷониби дигари музокиракунанда хостори ба таъхир афтодани ин гуфтушунид мебошад, бо истифода аз қудрати иттилоотӣ онро ба гунае шарҳ медиҳад, ки гӯё Теҳрон аз музокирот саркашӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки қарор буд музокироти гуруҳи 5+1 бо Эрон моҳи январ баргузор шавад ва мақомоти эронӣ ҳам чандин бор аз омодагии худ дар ин бора хабар дода буданд. Вале Ҳелга Шмид, муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо зимни гуфтугӯи телефонии худ аз ҳамтои эронияш Боқирӣ хостори ба таъхир андохтани гуфтугӯи 5+1 бо Эрон шуд.
Мӯҳр