Амрико иштибоҳи соли 1989-и Иттиҳоди Шуравиро, ки он баъд аз тарки хоки Афғонистон, ин кишвару минтақаро танҳо гузошт, дубора такрор нахоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории “Рajhwok”, ин нуктаҳоро Ричард Олсен, сафири Амрико дар Покистон дирӯз 30-уми январ аснои суҳбат дар бораи интиқоли амният пас аз соли 2014 ва равобит миёни Афғонистону Покистон дар Маркази мутолеоти таҳқиқотӣ дар Исломобод иброз намудааст.
Дипломати амрикоӣ бо ишора бар ин, ки кишвараш баъд аз соли 2014 худро аз ин минтақа ҷудо нахоҳад кард, илова намуд: “Тамаркузи мо танҳо ба соли 2014 нест. Мо дар мавриди солҳои баъдӣ низ фикр кардаем”.
Маврид ба тазаккур аст, ки интизор меравад, тамоми неруҳои низомии амрикоӣ ва НАТО баъд аз соли 2014 аз сарзамини Афғонистон берун хоҳанд рафт.
Мӯҳр