Сарбанди сангу хокии НОБ-и Роғун ҷиҳати бастани маҷрои оби дарёи Вахш дар тангнои дара бунёд гашта, баландии он 335 метрро ташкил медиҳад.
Струан Стивенсон, вакили Парлумони Аврупо дар мақолааш, ки дар маҷаллаи “The European Times”-и Брюссел ба нашр расид, менависад: «Роғун ба иншооти муваффақи даврони шӯравӣ, ки дар Норак татбиқ шуда буд, монанд аст».
Дар идомаи матлаби вакили парлумони Аврупо омадааст, хатҳои лозимаи интиқоли барқ барои фурӯши он ба кишварҳои ҳамсоя, чун Афғонистон ва Покистон аллакай сохта шуда истодаанд. Сохтмони обанбори тарҳрезишудаи Роғун то пурра ба истифода додани он даҳ солро талаб мекунад, аммо тоҷикон кафолат медиҳанд, ки ба кишварҳои ҳамсояи поёноби худ интиқоли ҳаҷми кунунии обро тавассути Амударё ва Сирдарё коҳиш нахоҳанд дод. Онҳо иброз медоранд, ки низоми нави сарбандҳояшон идораи муносиби захираҳои обиро таъмин карда, ҳамзамон барои ҳама манфиатовар хоҳад буд. Тоҷикон инчунин изҳор медоранд, ки ҳеч гоҳ маҷрои обро барои ҳамсоягони поёноби худ маҳдуд накардаанд ва дар оянда низ нахоҳанд кард.
Мӯҳр