Вазири корҳои дохилӣ дар РКД-и вилояти Суғд бо сардорони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии вилояти Суғд, ҳамчунин сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, аснои нишаст, Раҳимов дар мавриди тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм сӯҳбат кардааст.
Ҳамчунин, намояндагони сохторҳои мазкур аз номи Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо медал «Барои ҳамкорӣ» ва дигар тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.
-Дар мулоқот, раисони маҳаллаҳои «Зафар»-и шаҳри Истаравшан ва «Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд, аз фаъолияти кормандони милитсия изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳли ҷомеа ва шаҳрвандонро барои ҳамкорӣ бо милитсия даъват намуданд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр