Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон бо Айна Гурбанова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Туркманистон мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, соҳаҳои саноати сабук, маводи сохтмон, саноати хӯрокворӣ, ҳолати кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манбаъ афзуд, вазири саноати кишвар дар рафти суханронии худ аз 20-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ёдоварӣ намуда, изҳори итминон намуд, ки муносибатҳои бародаронаи ҳарду кишвар, аз ҷумла дар доираи фаъолияти комиссияи мазкур минбаъд низ дар самтҳои гуногун густариш хоҳад ёфт.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин мулоқот Чинор Рустамова , сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон низ иштирок намудааст.
Мӯҳр