Дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид шудани хабарнигорони хабаргузории Озодагон ва рӯзномаи ИмрӯзNews ҷилавгирӣ карданд.
Тибқи нақшаи қаблан омодашуда аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президент, имрӯз, 31-уми январи соли 2013 дар бинои ин ниҳод бояд нишасти матбуотӣ баргузор мешуд. Бо мақсади инъикоси фаъолияти нимсолаи Хадамот ва анҷоми рисолати ҳирфаӣ, хабарнигори Озодагон соати 8-49 дақиқа ба назди корхонаи мазкур ҳозир шуд. Аммо дар толори пешвозгирӣ ва сабти номи журналистон ба қазияе рӯ ба рӯ шуд, ки дар чорчӯби ҳеч қонун ва қоида намеғунҷад. Оё, ин нақзи ҳуқуқи хабарнигор ва монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналист нест? Суоли боз аст, албатта...
Зимнан, ба хабарнигори Озодагон ва корманди рӯзномаи ИмрӯзNews эълом доштанд, ки шумо иҷозаи ширкат дар нишастро надоред, аммо сабабаш шарҳ дода нашуд.
Тафсилоти бештарро аз ин нишонӣ мутолиа намоед: https://www.ozodagon.com/g/item/16919
Мӯҳр