Даромади умумии операторони мобилӣ ва интернет-провайдерони Тоҷикистон дар соли гузашта 2 миллиарду 281 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, ё баробар ба 470,5 миллион $-ро ташкил дод.
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, агар ин нишондодро бо соли 2011 муқоиса намоем, ҳаҷми даромади ширкатҳои алоқа ба андозаи 14,6% афзудааст:
«Маблағи даромад бо назардошти даромади оператори миллии алоқаи ҶСК «Тоҷиктелеком» зикр шуда, маблағи хизматгузориҳои танҳо ба аҳолӣ пешниҳодшуда бидуни назардошти корхонаву ширкатҳо ба 1 млрд. 87,5 млн. сомонӣ баробар шуд, аммо мо дар бораи даромадҳои ҷудогонаи ширкатҳои бахши алоқа маълумот надорем».
Ба иттилои манбаъ, соли 2012 шумори муштариёни бахши алоқа ба 8,3 млн. нафар, шумори муштариёни алоқаи собит ба 400 ҳазор нафар, корбарони шабакаи интернет, аз ҷумла интернети мобилӣ ба 3,7 млн. нафар расидааст.
Маврид ба ёдоварист, айни замон дар Тоҷикистон 6 ширкати оператори мобилӣ ва 10 ширкати фароҳамсози интернет (провайдерон) фаъолият дорад.
Мӯҳр