Ба гузориши радиои байналмилалии Чин «CRI», Аҳмад Ваҳидӣ, вазири дифои Эрон бо ишора ба партоб ва бозойии муваффақиятомези мушаки «Ковишгар» гуфтааст: “Ин гоми нахуст барои фиристодани инсон ба фазо аст”.
Ҷаноби Ваҳидӣ бо таъкид бар он, ки мушаки “Ковишгари Пешгом” дар баландии 360 ҳазор метр вазифаи худро ба хубӣ анҷом дода тавонистааст, илова намуд: “Ин капсул, ки бо суръати пешбинишуда бо ҳамроҳи мавҷуди зинда, маймуне буд, солим ба замин боз гашт”.
Ёдрас менамоем, ки чанде қабл расонаҳои эронӣ аз қавли Ҳамид Фозилӣ, раиси идораи фазоии ин кишвар хабар дода буданд, ки ин ниҳод тасмим дорад, як мушаки ҳомили маймун ё бузинаро дар авохири моҳи ҷорӣ ва дар 34-умин солгарди Инқилоби Исломии Эрон, ба фазо фиристад.
Мӯҳр